Пас аз 14 соли роҳбарӣ Бег Сабур аз вазифаи раиси Хадамоти алоқа барканор шуд ва ба ҷойи ӯ Исфандиёри Саъдулло таъин гардид. Ӯ дар аввалин нишасти матбуотии худ фаъолияти блогнависонро яке аз сабабҳои сустии кори интернет дар кишвар номид, ки ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдро ба миён овард.
Воқеан, суръат ва нархи интернет дар кишвар чанд сол аст, ки дар ҷомеа баҳс мешавад. Ҳар бор кундии суръат ва сифати интернет дар кишвар аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти алоқа ба таври гуногун шарҳ дода мешавад. Масалан, солҳои қаблӣ роҳбарияти пеши Хадамоти алоқа бунёди баландошёнаҳо, кӯҳҳо ва фарҳанги нодурусти истифодаи интернетро низ аз сабабҳои сустии кори интернет дар кишвар номида буд.
Ба ҳар сурат, аз сокинони пойтахт пурсидем, ки “Аз роҳбари нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доред?”
Масалан, яке аз сокинони пойтахт гуфт: “Фарқ надорад роҳбар кӣ аст, муҳим алоқа хуб шавад”.
Дигарон чӣ гуфтанд? Дар навори зерин бубинед:
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Эрон ба номаи Доналд Трамп тавассути Уммон посух додааст
Таъсиси Шӯрои алоҳида барои пешгирии хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон
Ҳукумати ИМА маблағгузорӣ ба “Радои Озодӣ”-ро муваққатан барқарор кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста