Баргардонидани заминҳои муассиса, ки ғайриқонунӣ ба шахсиятҳои алоҳида дода шудааст, таъмини хатмкунандагон бо ҷойи кор, ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ кардани ихтисосҳо аз масъалаҳое буд, ки имрӯз дар нишасти матбуотии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардиданд.
“Заминҳоро бармегардонем”
Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зимни нишасти матбуотӣ масъалаи ғайриқонунӣ азхудкунии заминҳои дар ихтиёри муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бударо тасдиқ карда, гуфт, ки як қисми ин заминҳоро дубора баргардониданд.
“Солҳои охир баъзе қитъаҳои замин ғайриқонунӣ ба шахсиятҳои алоҳида дода шудааст. Айни замон 1 ҳазору 800 гектар заминро пурра сертификат кардем, махсусан заминҳое, ки дар ноҳияи Шаҳринав аст, пурра дар ихтиёри муассиса аст. Дар Файзобод дар ҳақиқат заминҳои зиёд ҳаст чунки ҳам чарогоҳ ва ҳам заминҳои обии кишоварзӣ аст, ки соли гузашта як қисмаш зери сел монд. Ин заминҳоро мо пурра баргардонидем ва ин ҷараён дар дигар ноҳияҳо низ идома дорад”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Номбурда афзуд, ки аллакай ба нафароне, ки заминҳоро соҳиб шудаанд мактуб ирсол шудааст ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи бархе аз ноҳияҳо низ муроҷиат кардаанд.
Фарҳод Раҳимӣ, иброз дошт, ки масъалаи баргардонидани заминҳои муассиса муҳим аст ва ҳатман он заминҳоро бозпас мегиранд. Лекин ӯ нагуфт, ки чанд гектар заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳанӯз баргардонида нашудааст ва киҳо ин заминҳоро ғайриқонунӣ ба нафарони алоҳида тақсим карда додаанд.
“Тибқи талабот мутахассис омода мекунем”
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гуфт, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳои ибтидоии касбӣ 16 ҳазору 453 хонанда қабул шудаанд. Ва дар соли таҳсили 2023-2024 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро 8 ҳазору 73 нафар аз рӯйи 53 ихтисос хатм кардаанд.
Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки масъалаи бо кор таъмин кардани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз мушкилоти асосӣ аст, ки бояд ҳалли худро ёбад. Ӯ иброз дошт, ки барои бартараф кардани норасоии кор ҳамкорӣ бо корфармо ва донистани талаботи он корхона муҳим аст.
“Мо дархостҳои мушаххас аз ҷониби НБО Роғун, ТАЛКО ва дигар корхонаҳо воридшударо ба назар гирифта аз рӯйи талаботи онҳо мутахассис тайёр карда истодаем. Агар мо гӯем, ки чӣ қадар хатмкунандаи муассисаҳои мо дар бозори меҳнат бо ҷойи кор таъмин шудаанд, инҷо ду масъала пеш меояд: ҳунарманд мешавад ё худ бозори меҳнат месозад. Яъне як нафар челонгар тайёр мешавад, ӯ корхонаи хусусии худро месозад ва бо ин восита се нафари дигар бо кор таъмин мешаванд”,-гуфт номбурда.
Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки “ҳунарманд ҳеҷ вақт бекор намемонад, масалан кафшергари барқӣ, челонгари барқӣ, сантехник, кандакор ва даҳҳо ихтисосҳое, ҳаст, ки дар бозори меҳнат талабот ба он зиёд аст”.
Номбурда дар идома гуфт, ки “мардуми зиёд дорем, ки шуғл ва касби муайян надоранд, ҳатто хоҳиши касбомӯзӣ надоранд”. Ӯ гуфт, ки бо вуҷуди гузаронидани ташвиқот дар бозорҳо, фурудгоҳҳо, марказҳои савдо ҳанӯз ҳам шаҳрвандон ба омӯхтани касб таваҷҷуҳ надоранд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт аз ҷумла техника ва технология, нақлиёт, энергетика, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ ва ғайра мутахассис омода мешаванд. Ҳамчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 10 самт аз ҷумла омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, ҳуқуқ кадр омода мешаванд.
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
“Арзон будан маънои хатарнок буданро надорад”. “Тоҷикстандарт” сифати гӯшти аз Белорус воридшавандаро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста