Дар Душанбе даври аввали интихобии озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" ("Miss Dushanbe – 2026") оғоз шуд. Қарори марбута дар ин хусусро Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба имзо расонидааст.
Ҳадафи баргузории озмун, ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, рушди соҳаи муд, дарёфт ва дастгирии чеҳраҳои нав, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ гуфта мешавад.
Он дар доираи чорабиниҳо ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ гузаронида мешавад.
Ҳоло интихоби даври аввал ҷараён дорад. Тавре ташкилкунандагони озмун ба “Азия-Плюс” хабар доданд, қабули дархостҳо то 1-уми марти соли равон давом мекунад. Интихоби довталабон дар бинои телевизиони "Душанбе" (кӯч. Теҳрон, 19/1) сурат мегирад.
Ба гуфтаи масъулон, ҳамарӯза барои ширкат ба озмун ё худ кастинг зиёда аз 20 духтар меоянд.
Киҳо метавонанд иштирок кунанд?
Дар озмун духтарону занони шаҳри Душанбе аз 17 то 28-сола, бо қади аз 165 то 185 см ва вазни аз 50 то 70 килограм ширкат карда метавонанд.
Сарфи назар аз дархостҳои фосилавӣ (онлайнӣ), бонувон аз интихоби шахсӣ мегузаранд - мутобиқати онҳо ба маълумоти зикркардаашон, дарозии қад ва вазнашон бевосита бо ҳузури худашон санҷида мешавад.
Талаботи ҷудогона симои зоҳирии миллӣ аст. Тавре масъулони чорабинӣ гуфтанд, зери ин мафҳум зебоии табиӣ дар назар дошта шудааст.
Ба гуфтаи онҳо, истифодаи зиёди воситаҳои зебоӣ ва лабҳои калону ғафсшуда тавсия дода намешавад. Дар ҳамин ҳол, агар воситаҳо дуруст истифода шуда бошанд ва ба муназзамии симо халал нарасонанд, иҷозат дода мешавад.
Дар посух ба саволи миллати иштирокчиён, дастандаркорони озмун гуфтанд, ки ҷавонзан метавонад дурага ё худ метиска (падару модараш аз миллатҳои гуногун) бошад, вале доштани решаҳои тоҷикӣ аз шартҳои ҳатмии озмун аст.
Ба гуфтаи онҳо, шартҳои чорабинӣ ба талаботи озмунҳои зебоии байналмилалӣ асос ёфтааст.

Даврҳои озмун
Озмун аз чор давр иборат аст.
Даври аввал, интихоби хурд ё мини-кастинг аст. Дар он занону духтарон дар бораи худ ва завқҳояшон маълумот дода, сабаби иштирок дар озмунро шарҳ медиҳанд ва аз намоиши сарулибос мегузаранд.
Ҳайати ҳакамон на танҳо ба симои зоҳирӣ, балки ба тарзи пешниҳод, боварӣ ва маҳорату малакаи чӣ гуна худро дар саҳна нигоҳ доштани бонувон баҳо медиҳанд.
Даври дуюм, марҳилаи омодагии касбӣ аст. Бо иштирокчиёни ҳунармандон (актёрҳо) кор мекунанд.
Ба довталабон тарзи ҳунарнамоӣ дар саҳна, намоиши сарулибос, кор дар назди дастгоҳи наворбардорӣ ва дуруст муаррифӣ кардани худ омӯзонида мешавад.
Дар идома иштирокчиёнро суҳбати зеҳну дониш, иштирок дар лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва намоиши хотимавии симо ва сарулибос интизор аст.
Озмун аз рӯйи се номина - "Miss Dushanbe" (Зебосанами Душанбе), "Miss Intellect" (Зебосанами зирак) ва "Miss Popular Choice" (Зебосанами маҳбуби дилҳо) гузаронида мешавад.
Дар бахши якум, ғолиб вобаста ба натиҷаҳои ҳамаи давраҳо – зебоӣ, роҳравӣ, истеъдод, пурсишу посух, муошират, рафтори саҳнавӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ интихоб мегардад. "Зебосанами Душанбе" чеҳраи пойтахт дар самти фарҳанг, зебоӣ, ҷавонӣ, муд ва тарроҳӣ мебошад.
Номинаи дуввум, ба иштирокчие дода мешавад, ки сатҳи баланди зеҳнӣ, забондонӣ, ҷаҳонбинии васеъ, фаҳмиши иҷтимоию қобилияти андешаронӣ ва малакаи суханронӣ дошта бошад. Баҳогузорӣ асосан тавассути қисмати "Пурсишу посух" ва фаъолиятҳои маърифатии иштирокчиён сурат мегирад.
Ғолиби сеюми номина аз ҷониби шаҳрвандон интихоб мегардад. Иҷроиши номинатсияи мазкур бо роҳи овоздиҳӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, SMS-паёмакҳо ва дигар шалҳои овоздиҳии электронӣ ба роҳ монда мешавад. Иштирокчие, ки бештар овоз мегирад, соҳиби унвони "Зебосанами маҳбуби дилҳо" мегардад.
Ҷоизаҳо
Фонди умумии озмун, 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ба ғолиби озмун тоҷи тиллоӣ ва 150 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад. Ғолибони ҷойҳои дуввум ва сеюм, бо тоҷи тиллоӣ ва ҳар кадоме 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Кадом ҳуҷҷатҳоро ба куҷо бояд супорид?
Барои иштирок пурсишномаро пур кардан лозим аст. Дар он маълумоти шахсӣ - ному насаб ва номи хонаводагӣ, санаи таваллуд, маҳалли зист, маълумот барои тамос, дарозии қад ва вазни духтарону занон зикр мешавад.
Ҳамчунин, дар бораи таҳсил, ихтисос ва нақшаҳои рушди минбаъда, сатҳи донистани забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дигар забонҳо маълумот талаб карда мешавад.
Дар пурсишнома инчунин, дар робита ба иштирок дар озмуну чорабиниҳои мӯд, наворбардориҳои касбӣ ва лоиҳаҳои тиҷоратӣ, маҳорату малакаҳои ҳунармандӣ (актёрӣ), сатҳу дараҷаи овоз ва тарзи пешниҳоди худ дар саҳна маълумот дода мешавад.
Ба дархост, илова намудани акс бо қад ва нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда зарур аст.
Маълумоти муфассалро метавонед дар "Телеграм - канал"- и масъулини баргузории озмун дастрас кунед.







