Масъалаҳои вобаста ба ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯзҳо ба таври васеъ дар пойгоҳҳои таҳлиливу коршиносии Қазоқистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор мегирад ва баҳси ин мавзуъ дар Душанбе низ як фоли нек аст. Зеро дар кишвари мо мутаассифона олимону коршиносон ба паҳлуҳои амалии ҳамгироӣ таваҷҷуҳи лозимаро зоҳир намекунанд.
Аксар ҳолат бо пажуҳиши мавзуъҳои таърихию назариявӣ банд ҳастанд, ки он амалан дар дискурси имрӯза перомуни ҳамгироӣ дигар ба кор намеравад. Зеро вазъи шинохт ва баррасии ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ дар 5 соли охир хело дигар шуд: муҳимтар аз ҳама қадами ҷиддӣ барои беҳтар шудани муносибатҳои дохилиминтақавӣ гузошта шуд; аксари мушкилоти давраи пеш ба таври табиӣ ҳаллу фасл шуданд. Албатта, омӯзиши таърихии масъала зарур аст, вале бинобар сабаби он ки имрӯз таҳлилҳои актуалӣ мутобиқ ба равандҳои ҷорӣ лозим ҳастанд, баррасии сиёсию консептуалии масъалаи ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ бештар ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад. Зеро аксари равандҳое, ки имрӯз дар минтақа ҷараён доранд, бешубҳа ба ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими суботу амният ва тавсеаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон мустақим ё ғайримустақим таъсир мерасонанд.
Дар шароити муосир ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба як нуктаи бебаҳс табдил ёфтааст ва ҳам дар худи минтақа ва берун аз он муҳимияти онро дарк мекунанд. Коршиносони минтақа низ зарурату аҳамияти ҳамгироиро ҷиддӣ ва ба таври консептуалӣ баҳсу баррасӣ намуда, андешаҳои мухталифе низ дар ин самт доранд. Шароит ва сифати ҳамкориҳои давлатҳои минтақа баъди соли 2017 комилан дигар шуд. Бо шуруъ гардидани нишасти Машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз соли 2018 он вижагии худро пайдо намуд. Вале барои устувор гардидани он кору иқдоми ниҳоят зиёд зарур мебошад. Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамаи самтҳо: сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва ғайра имкони тавсеаи ҳамкориҳоро доранд, ки бешубҳа ба нафъи ҳар кадоми онҳо аст.
Рӯзномаи актуалӣ барои давлатҳои минтақа
Дар тӯли 3 соли охир таҳлилу баррасиҳои мухталиф перомуни ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар фазои иттилоотӣ чарх мезананд ва чанд нишасти вижаи коршинсону таҳлилгарон низ сурат гирифт. Оид ба мавзуи мазкур нуктаи назари коршиноси минтақавӣ ва беруна мавҷуд аст ва ҳар кадоме бо назардошти манфиатҳои кишвари баромади худ ин масъаларо шарҳу тафсир мекунанд.
Таҳлилгарони Тоҷикистон низ дар бораи дурнамои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ дидгоҳи хос доранд ва бешубҳа он дар сатҳи минтақа ва берун аз он низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Дар умум, то имрӯз дар бораи масъала назару мавқеҳои гуногун баён шудаанд. Вале ба назари ин ҷониб таваҷҷуҳ ба нуктаҳои зерин аз манфиат холӣ нест ва заминаи муносибро метавонанд барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар минтақа ба вуҷуд оранд:
Якум, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва иртиботот. Мушкилоти асосии минтақаи Осиёи Марказӣ ва давлатҳои он ин ҷойгиршавии дураз роҳҳои баҳрӣ аст. Барои расидан ба бандарҳои обҳои гарм бояд марзи як ё якчанд давлатро убур намуд. Минтақа то ҷое дар инзиво қарор дорад ва ба ин нигоҳ накарда, чӣ дар солҳои гузашта ва чӣ имрӯз омили зарфияти нақлиётӣ (ба хусус заминӣ) ҳамчун абзори фишор аз ҷониби худи кишварҳои минтақа нисбат ба якдигар истифода мешавад. Шароити мазкур дар маҷмуъ барои пешрафти ҳар яке аз давлатҳо монеъ эҷод менамояд.
Бинобар ин, густариш ёфтани ҳамкориҳоиқавию мустаҳкамдар соҳаи мазкур имкон медиҳад, ки ҳам минтақа зарфияти транзитии худро баланд бардорад ва ҳам давлатҳои он ба пешрафт ноил гарданд. Чунки омили мазкур барои боло рафтани тиҷорат, гардиши молу маҳсулот ва сармоя, умуман барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ сабаб мешавад ва замина мегузорад. Лоиҳаҳои мухталифи нақлиётию иртиботӣ имрӯз бо фаро гирифтани Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд ва татбиқ шудани онҳо низ бисёр зарур аст. Худи кишварҳо низ дар барномаҳои давлатии худ тавсеаи зарфияти транзитиро низ дар афзалият қарор додаанд.
Дуюм, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи обу энергетика ва дарёфти роҳҳали мушкилоти экологӣ. Бинобар сабабҳои хос, масъалаи обу энергетика дар Осиёи Марказӣ дар солҳои 2000-ум “сиёсӣ” шуд ва ҳамчун унсури рақобату зиддият баромад мекард. Зарурати тавсеаи ҳамкориҳо дар ин самт аз он иборат аст, ки минтақа аз ҳисоби захираҳои дохилӣ барои таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полезӣ худкифо аст, вале мушкилоти асосӣ дар куҳна шудани низоми обёрӣ ва аз ҳад зиёд талаф шудани об мебошад. Дар самти таъмини минтақа бо неруи барқ низ зарфияти мавҷуда кофӣ мебошад, вале ба таври зарурӣ ҳамкориҳо дар ин самт барои истеҳсоли якҷояи он низ дида намешавад.
Масалан, захираи энергетикии танҳо Тоҷикистон имкон медиҳад, кулли минтақа бо барқи аз нигоҳи экологӣ тоза таъмин шуда, энергияи сабз ва безарар ба муҳити зист истифода шавад. Ҳамкории Тоҷикистон бо Ӯзбекистон дар 3 соли охир перомуни хариду фурӯши неруи барқ имкон медиҳад, ки ин таҷриба фарогир гардаду давлатҳои минтақа бо сармояи худ барои бунёди иншооти нави энергетикӣ дар кишвари мо ширкат кунанд. Рушди соҳаи энергетика ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, иқдомҳои муштарак барои ҳифзи пиряхҳо имкон медиҳанд, ки ҳам ҳамкориҳо дар ин соҳа густариш ёбад ва ҳам қадами ҷиддӣ барои ҳалли мушкилоти экологӣ, алалхусус бартараф намудани оқибатҳои манфии хушкшавии Баҳри Арал низ таҳия гардад.
Сеюм, мавқеи наздик (ягона) перомуни рӯзнома ва мушкилоти глобалӣ, таҳдиду хатарҳои воқеию эҳтимолӣ. Табиист, ки ба суботу амнияти Осиёи Марказӣ дар умум ва давлатҳои он дар алоҳидагӣ ягон қудрати берунаи ҷаҳонию минтақавӣ ба пуррагӣ манфиатдор нест. Чунки ҳар кадоми онҳо аз ин шароит барои бароварда намудани манфиатҳои геополитикию стратегии худ истифода мекунанд. Ҳар қадаре агар кишварҳои минтақа барои таъмини суботу амнияти худ ба давлатҳои дигари берун аз минтақа такяи бештар кунанд, ин омил вобастагии онҳоро низ зиёд мекунад.
Бинобар ин, доштани мавқеи муштарак оид ба равандҳои муосири ҷаҳон ва густариш додани ҳамкорӣ барои муқовимату пешгирӣ нисбат ба таҳдиду хатарҳои муосир, ба хусус ифротгароӣ, тундгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва ғайра ниҳоят зарур аст. Тавсеаи дипломатияи бисёрҷониба дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар марҳилаи имрӯза ниҳоят муҳим аст ва он барои ҳифзи манфиатҳои миллии онҳо низ замина мегузорад.
Равандҳои нави минтақа ва арзёбии он
Имрӯз раванди минтақагароӣ дар Осиёи Марказӣ нисбат ба 5 соли пеш ба таври ҷиддӣ ба назар мерасад. Ҳатто таҳлилгароне, ки дар бораи ин раванд бо оҳанги тамасхур менавиштанд ва ба ояндаи ҳамгироии давлатҳои минтақа боварӣ надоштанд, имрӯз худро ҳамчун ҷонибдорон муаррифӣ мекунанд ё ки мавқеи худро нарм намудаанд.
Сабаби чунин мавқегирӣ эҳтимол ба се омил вобаста аст: якум,тағйири сиёсати давлатҳои онҳо нисбат ба тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ки зидди он мавқегирӣ намекунанд; ва дуюм, назаррас ва ба тренди нав табдил ёфтани ҳамгироӣ, ки талаботро ба чунин намуди таҳлилгарон бештар кардааст (тавре дар мисоли пешгирии ифротгароӣ ва терроризм ба назар мерасад); ва сеюм, баргузор шудани нишасти сарони давлатҳо, беҳтар шудани муносибатҳои дуҷониба, ки ба таври табиӣ дискурси ҳамгироиро зинда кард.
Бинобар сабаби омили якум ва дуюм, комилан бовар кардан ба чунин коршиносон ноустувор мумкин нест, зеро агар мавқеи давлати онҳо бинобар сабабу шароити хос тағйир ёбад; ягон абарқудрат зиддияти хосси худро нишон диҳад; ё мавзуъ “ғайриактуалӣ” шаваду дигар бозоргир набошад, онҳо низ баҳогузории худро зуд иваз хоҳанд кард. Аз ин рӯ, то институтсионалӣ (ниҳодина) шудани сатҳи ҳамкориҳо дар минтақа ин раванд осебпазир боқӣ мемонад.
Соли 2020 новобаста аз таъсири пандемияи COVID-19 ва оқибатҳои манфии он ба иқтисод ва иҷтимоиёти давлатҳои минтақа, буҳрони нав дар Қирғизистон ва ғайриқобили пешбинӣ будани равандҳои ин кишвар – то андозае барои ҳамгироӣ ва институтсионалӣ шудани он барои Осиёи Марказӣ бомуваффақият буд. Назари мазкурро бо нуктаҳои зерин собит намудан мумкин аст:
Якум, то соли 2020 форматҳои гуногуни рӯ ба Осиёи Марказӣ ё бо нияти фарогирии давлатҳои минтақа, аз қабили “ЕАЭС -Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё” (Русия), “С5+1”(ИМА), “Камарбанди иқтисодии Роҳи бузурги Абрешим “Як камарбанд – як роҳ” (Чин), Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ (соли 2019 дар таҳрири нав қабул шуд), Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” (Ҷопон), Форуми “Осиёи Марказӣ - Корея” (Ҷумҳурии Корея), Муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон – Афғонистон” ба назар мерасиданд. Соли равон ду формати нави муколамавӣ ба вуҷуд омад: “Чин – Осиёи Марказӣ” (С+С5), ки аввалин нишасти он моҳи июл баргузор шуд ва “Русия – Осиёи Марказӣ”, нахустин нишаст дар ин формат моҳи октябр доир шуд. Аз шарҳу тафсири муҳтаво ва зарурати таъсиси чунин форматҳо сарфи назар мекунем, чун он таҳлилу баррасии алоҳидаро талаб мекунад.
Бояд зикр кард, ки Ҷопон аввалин давлате буд, ки соли 2004 формати муколамавии фарогири тамоми давлатҳои Осиёи Марказиро роҳандозӣ кард ва ин ташаббусро баъдан қудратҳои дигари глобалӣ ва минтақавӣ қобили қабул донистанду чунин сиёсатҳои худро ба пиёда намудан оғоз карданд.Имрӯзҳо қудратҳои глобалӣ аз қабили Русия, ИМА, Чин, Иттиҳоди Аврупо, Ҷопон, Корея ва Ҳиндустон форматҳои муколамавиро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ кардаанд.
Ин шароит шинохта шудани Осиёи Марказиро ҳамчун як минтақаи том аз ҷониби қудратҳо собит мекунад, яъне 5 давлатро ҳамчун намояндагони як минтақабозингарони муассири муносибатҳои байналмилалии муосир пазируфтанд: шинохти берунаи Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақа фарогир шуда истодааст. Акнун ташаббус ва институтсионалӣ намудани онро бояд худи кишварҳо ба анҷомрасонанд. Дар умум, дар миёнамуддат пешбинӣ мешавад, ки қудратҳои минтақавӣ аз қабали Туркия, Эрон, Покистон Арабистони Саъудӣ низ форматҳои худиро дар шакли С5+ рӯйи кор биёранд.
Дуюм, нармшавии муносибатҳои давлатҳо байни ҳамдигар идома пайдо кард ва дар намунаи иқдомҳои муштарак бар муқобили оқибатҳои пандемияи COVID-19 метавон хулоса намуд, ки тавсеаи ҳамкориҳо як амри зарурӣ аст. Дар мисоли мадад ва дастгирии кишварҳои минтақа ба Тоҷикистон барои бартараф намудани мушкилоти вобаста ба ин беморӣ мебояд зикр кард, ки Ӯзбекистон ниҳоят фаъолона мадад кард: ёрии гуманитарӣ ва беморхонаи сайёр ба Душанбе интиқол дода шуд (дар варзишгоҳи “Бофанда” аз нав васл ва барқарор карданд).
Қазоқистон низ бетараф набуду мадади гуманитарӣ расонид. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон зимни рахна шудани сарбанди обанбори Сардоба ба Ӯзбекистон ёрии гуманитарӣ (масолеҳи сохтмон) равон кард. Як нуктаи ҷолиб дар он аст, ки баъди офати сарзада дар обанбори Сардоба, аксари коршиносон бар ин назар буданд, ки ҷониби Қазоқистон ба Ӯзбекистон даъвои сахт мекунад (аз ҷониби мақомдорони сатҳи миёна чунин нукта ҳам баён шуд), вале мавқегирии Нурсултони расмӣ комилан дигар буд, ки дилгармии ҷиддиро барои ояндаи ҳамгироии давлатҳои минтақа ба вуҷуд меорад.
Мисоли дигар, моҳи сентябри соли равон дар Душанбе якқатор чорабиниҳо бо иштироки ҳайати гуногуни Ӯзбекистон доир шуданд: нишасти коршиносон, намояндагони мақомоти қонунгузор, аҳли фарҳанг ва зиёиён, соҳибкорон ва форуми вижа, ниҳоят сафари Сарвазири Ӯзбекистон ва баргузории нишасти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ки чунин номгуи чорабиниҳо дар фосилаи кӯтоҳ дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи муосири кишвар назир надорад.Бешубҳа моҳи сентябр дар сиёсати хориҷии мамлакат моҳи Ӯзбекистон аст ва табиист, ки замина барои боз ҳам тақвият ёфтани муносибатҳои дуҷониба ба вуҷуд оварда шуд.
Сеюм, моҳи ноябри соли 2019 нишасти дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд баргузор шуд. Баъди анҷоми он эълон гардид, ки нишасти навбати дар соли 2020 дар Қирғизистон мегузарад. Вале, бинобар ду омил: 1) пандемияи COVID-19ва 2) тағйири ҳукумат дар Қирғизистон дар моҳи октябр баргузории ин нишаст мавқуф гузошта шуда, мувофиқи иттилои паҳнгашта, соли 2021 дар Туркманистон баргузор мешавад. Коршиносони минтақавӣ ва беруна мунтазири нишасти навбатӣ буданд, чун барои пешгирии муштараки COVID-19 низ зарур буд, вале сабаби расмии баргузор нашудани он изҳор нагардид. Вале аз рӯи маълумоти расмӣ гуфтугӯи телефонӣ байни сарони давлатҳо ниҳоят зиёд сурат гирифт. Бахусус бояд мавқеъгирии кишварҳо перомуни вазъи буҳронии Қирғизистон зикр кард, ки миёни сарони давлатҳо суҳбатҳои вижаи телефонӣ сурат гирифт. Дар умум, дар шароити пандемия таҷрибаи мазкур унсури мусбат арзёбӣ мешавад.
Омилҳои воқеию эҳтимолии боздорандаи ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ
Ба тамоми омилу шароити мусбати дар боло зикршуда нигоҳ накарда, имрӯз дар минтақа якчанд масъалаҳое мавҷуд ҳастанд, ки ҳамчун омили боздорандаи ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ баромад мекунанд:
Якум, омили геополитикӣ. Табиист, ки ҳамгироии амиқи давлатҳои минтақаро ҳамаи қудратҳои манфиатдор ҳамчун омили “хатарзо” барои татбиқи ҳадафҳои худ арзёбӣ менамояд. Зеро дар асоси ихтилофи кишварҳо пиёда намудани сиёсати худ дар Осиёи Марказӣ имкони бештарро дорад ва инро таҷрибаи солҳои пеш собит мекунад. Агар давлатҳои минтақа ба иттиҳоди қавӣ даст ёбанд, оид ба рӯзномаи глобалӣ ва минтақавӣ мавқеи муштарак дошта бошанд, пас барои татбиқи ҳадафу манфиати қудратҳои глобалӣ монеа пайдо мешавад. Бинобар ин, зимни нишасти якум сароҳатан эълон гардид, ки мулоқоти вижаи сарони давлатҳои минтақа бар зидди ягон кишвари мушаххас нигаронида нашудааст ва танҳо барои баҳсу баррасии мушкилоти мавҷудаи дохилиминтақавӣ сурат мегирад.
Агар ҳамгироӣ институтсионалӣ шавад, дар чунин шароит манфиатҳои миллии худи давлатҳои Осиёи Марказӣ сифатан беҳтар таъмину татбиқ мешаванд. Аз ин рӯ, эҳтимол яке аз сабабҳои ба таври институтсионалӣ шакл нагирифтани ҳамгироии давлатҳо ба омили қудратҳои дорои манфиатҳои доимӣ дар минтақа вобаста бошад.
Дуюм, ихтилофи дохилӣ ва осебпазирии субот дар минтақа. Албатта, ихтилофҳоиимрӯзаи мавҷуда, назар ба 5 соли коҳиш ёфтааст, вале вуҷуд доштани он барои тавсеаи ҳамкориҳои наздики давлатҳо монеа месозад. Яке аз нишондиҳандаи он суистифодаи имконоти дохилии транзитӣ аст, ки дар мисоли иқдоми Туркманистан дар як соли охир нисбат ба Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Нуктаи дигар ба Қирғизистон вобаста буда, саволеро ба миён меорад, ки то кадом андоза роҳбарони нави ин давлат сиёсати ҳукумати пештараро доир ба ҳамкориҳои минтақа идома медиҳанд? Зеро роҳбари 4 давлат перомуни вазъи Қирғизистон изҳороти муштарак пахш карданд ва то ҷое ҷонибдории худро аз собиқ президент Сооронбой Жээнбеков нишон доданд.
Ду кишвари таъсиргузор дар Осиёи Марказӣ – Русия ва Чин низ ҳолати кунуниро интизор набуданд. Аз оне, ки Русия ёрии худро ба буҷаи Қирғизистон боздошту Чин баргардонидани қарзҳоро аз аввали соли 2021 талаб дорад, ин давлатҳо низ аз ҳукумати нав дар Бишкек нигарониҳо доранд. Қирғизистон имрӯз дар пешорӯи ду рушди эҳтимолии вазъ истодааст: чун осебпазир будани суботу дар сикли электоралӣ боқӣ мондани он ташвишро зиёд мегардонад, яъне ё сиёсати бисёрсамтии худро хело тавсия медиҳад, ё аз яке қудратҳои беруна вобастагии амиқ пайдо мекунад[2]. Дар умум, вазъ дар Қирғизистон ғайриқобили пешбинӣ асту эҳтимоли ба вуқуъ пайвасти ҳама гуна ҳодиса ё тағйир ёфтани шароит имконпазир мебошад.
Сеюм, рақобат барои лидерӣ дар минтақа. Имрӯз ин баҳс ба таври расмӣ вуҷуд надорад ва худи коршиносони Қазоқистон ва Ӯзбекистон сунъӣ будани онро низ зикр мекунанд, вале амалкардҳои давлатҳо метавонад мазмуни баръакс дошта бошад. Агар чунин рақобат шуруъ шавад, эҳтимоли зиёд таҷрибаи ҳамгироии аввали солҳои 2000-ум такрор шаванд, ки мавзуи асосӣ ба як тараф мемонаду, неруи зиёд барои муайян кардани лидери минтақа равона мешавад. Эҳтимол дар асоси чунин рақобат раванди ҳамгироӣ боз боздошта шавад.
Чорум, баҳси ҳувият ва таърих дар минтақа.
Аз мавзуъҳои ҳассос аст ва дар чанд сатҳ ҷараён дорад: унсури форсию туркӣ, дохили туркӣ (байни кишварҳои туркзабони минтақа), иқдомҳо барои истифодаи истилоҳоти давраи пасоистеъморӣ ва ғайра. Тезиси маркази баҳс дар он аст, ки таърих вобаста ба конъюнктураи имрӯза бознависӣ шуда, шахсиятҳо, фарҳанг, ҳодисаҳо “аз худ” карда шудаанд. Мутаассифона чунин масъала дар аксари паҳнои пасошуравӣ вуҷуд дорад ва таҳлилу баррасии масъала нишон медиҳад, ки роҳи халосӣ аз он имрӯз мавҷуд нест. Агар ин гуна баҳсҳо зиёд шаванду дар гурӯҳҳои вижаи фейсбукӣ зидди ҳамсояҳо аз рӯи услуби миллатгароии папулистӣ роҳандозӣ гарданд, заминаро барои кинаву адоват ва бадбинии ягдигар бештар менамояд.
Панҷум, тавозун байни афзалияти ҳамгироии минтақавӣ ва бунёди давлатдории миллӣ (миллатсозӣ).Арзёбии масъала нишон медиҳад, ки пайдо намунади тавозун байни ҳамгироии минтақавӣ аз як тараф ва бунёди давлатдории миллӣ (миллатсозӣ) аз тарафи дигар баъзе “қурбониҳо”-ро тақозо мекунад. Чунки агар афзалият ҳамгироии минтақавӣ бошад, бояд баъзе аз дискурсҳои миллатгароёнаи дохилӣ мувофиқи он такмил шаванд. То кадом андоза давлатҳо ба ин омода ҳастанд, вақт нишон медиҳад, вале комилан инкор намудани омили мазкур низ мумкин нест. Агар роҳҳалли мувофиқ пайдо нашавад, пас худи раванди ҳамгироӣ дар дарозмуддат осебпазир боқӣ мемонад.
Шашум,тавозун байни протексионизми иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавӣ. Рушди давлатҳои минтақа ва иқисоди онҳо гуногун аст. Аз рӯи маълумоти кушод, ҳудуди 65% ММД-и Осиёи Марказиро Қазоқистон таъмин мекунад. Дараҷаи рушди саноат ва истеҳсолот дар кишварҳои минтақа мухталиф аст. Агар онҳо бозори худро барои истеҳсолкунандагони молу маҳсулот аз давлати дигарпурра кушоянд, эҳтимол муфлис шудану ба рақобат тоб наовардани истеҳсолкунандагони ватанӣ бештар мешавад.
Дар ин шароит дар назди давлатҳо дилемма меистад: аз як тараф, ҳифзи бозори дохилию соҳибкорону истеҳсолкунандагони ватанӣ, аз ҷониби дигар, зарурати ҳамгироии минтақавӣ. Барои ҳамчун монеъ баромад накардани он бисёр муҳим аст, ки арзёбии фарохи касбии масъала анҷом дода шавад. Дар сурати ғайр, омили протексионизми иқтисодӣ имкон дорад ба равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа таъсири манфӣ расонад.
Ҳафтум, раванди сулҳи Афғонистон ва ояндаи номуайяни он. Оғози музокироти байниафғонӣ барои расидан ба сулҳи “боиззат ва пойдор” худаш як падидаи мусбат аст, вале ғайриқобили пешбинӣ будани рушди эҳтимолии вазъ дар Афғонистон таҳдидҳоро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар мекунад. Бахусус, хатари ҷиддӣ аз ҷангиёни хориҷии баромадашон аз Осиёи Марказӣ бештар аст. Зиёд шудани таҳдиду хатарҳо аз Афғонистон кишварҳои минтақаро ба бистари қудратҳои абарқудрат тела медиҳад, ки дар натиҷа вобастагӣ боз амиқ шуда, ба раванди ҳамгироӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ҷониби дигар, раванди сулҳи Афғонистон имкони хуберо барои пешрафти давлатҳо ва худи Осиёи Марказӣ дорад, вале бинобар сабаби номуайн будани рушди вазъ дар ин кишвар, гуногун будани манфиатҳои давлатҳои зидахл, дурнамои он низ маълум нест.
Хулоса, баҳсу баррасии масъалаҳои вобаста баҳамгироии минтақа омили мусбат аст. Маҳз чунин шароит имкон медиҳад, ки дар асоси таҳлилҳо сенарияҳои мухталифи рушди вазъ таҳия шаванд. Дар умум, ҳамкориҳои наздик мутобиқ ба сиёсати “бурд-бурд” бо давлатҳои минтақа ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.
В России предложили проверять школьников на «склонность к экстремизму и терроризму»
Таджикистан увеличил экспорт шиповника
Свершилось. Таджикистан и Кыргызстан завершили делимитацию общей госграницы
Как падение курса рубля повлияло на жизнь таджикистанцев?
Традиционная китайская одежда: философия и эстетика, передаваемые из поколения в поколение
На таджикско-узбекской границе появится зона свободной торговли
В Генпрокуратуре Таджикистана раскрыли подробности дела осужденного адвоката Файзи Оли
«Истиклол» завершил своё участие в Лиге чемпионов Азии-2 поражением от «Сепахана»
Рубль упал, но причем тут трудовые мигранты?
Таджикистан на мировой арене ритейла: Асадулло Рахмонов поделился секретами успеха на ПЛАС-Форуме в Ташкенте
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста