Гурӯҳи кории ҳукумати Ӯзбекистон 23 август ҷиҳати анҷоми гуфтушунидҳои ниҳоӣ бо ҳамтоёни худ аз Тоҷикистон дар бораи аломатгузорӣ дар хатти сарҳади давлатии ду кишвар ба Душанбе омад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.
Дар рафти гуфтушунид ҷонибҳо корҳои аломатгузорӣ дар хатти сарҳади давлатии ду кишварро баррасӣ ва оид ба хатти аломатгузории лоиҳавӣ табодули назар мекунанд.
Ба гуфтаи манбаъ, Душанбе ва Тошканд ба гурӯҳҳои кории марбута, ки ба ҳайати онҳо геодезистону харитасозон, намояндагони ВКХ ва Хадамоти сарҳадбонӣ шомиланд, дастур доданд, ки то охири соли 2021 тартиби гузоштани поячӯбҳои сарҳадиро дар марзи ду кишвар ба таври ниҳоӣ тасдиқ намоянд.
Ёдрас мекунем, ки корҳои аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2019 пурра ба анҷом расиданд.
Ҷонибҳо он замон дар бораи хатти гузариши марз ба мувофиқа расида, акнун дар натиҷаи аломатгузорӣ дар харитаҳо хатти дақиқи сарҳади байни давлатҳо ишора мешавад.
Созишнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадоти муштарак зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расид. Парлумони Тоҷикистон 19-уми апрели соли 2018 ин созишномаро тасдиқ кард.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳадоти муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад. Тӯли марзҳои заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.