Намояндаи Тоҷикистон дар панҷумин нишасти машваратии “Формати Маскав” оид ба Афғонистон ширкат мекунад ва аллакай ӯ ба Русия рафтааст. Ин нишаст пагоҳ, 29-уми сентябр, дар шаҳри Қазон баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (ВКХ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ҳоло намояндаи Тоҷикистон кӣ аст ва оё ӯ дар ин нишаст суханронӣ мекунад ё на, ба мо маълум нест. Дар бораи дигар ҷузъиёти ин сафари намояндаи Тоҷикистон аз ВКХ маълумот пешниҳод накарданд.
Дар ин нишаст бори нахуст намояндаи Толибон* низ ширкат менамояд.
Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, дар “Формати Маскав” Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи гурӯҳи Толибон иштирок хоҳад кард ва ӯ ҳоло дар Русия қарор дорад.
Гуфта мешавад, Толибон дар маҷмӯъ аз нишасти “Формати Маскав” хуш истиқбол гирифта, таъкид намуданд, ки “тамаркузи таваҷҷӯҳ ба сулҳ дар Афғонистон ҳамчун кишвари воҳиду мустақил ва аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта қобили дастгирист”.
Дар нишасти панҷуми “Формати Маскав” оид ба Афғонистон интизор мервад, ки намояндагони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳам ширкат кунанд.
Қаблан Мария Захарова, сухангӯии вазорати хориҷии Русия гуфта буд, ки дар мулоқот баррасии вазъи кунунии Афғонистон, масъалаҳои мусолиҳаи байни афғонистониҳо, таъмини амнияти минтақавӣ ва барқарорсозии баъдиҷангии кишвар дар назар аст.
“Дар поёни чорабинӣ изҳороти муштараки ҷонибҳо қабул карда мешавад”, - таъкид карда буд Захарова.
Бояд гуфт, ки нишасти Маскав дар масоили сулҳу ҷанги Афғонистон соли 2017 таъсис дода шуда буд.
Бори охир моҳи ноябри соли 2022 нишасти чоруми Маскав баргузор гардида буд, ки он замон намояндагони Толибон ба он даъват нашуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон моҳи августи соли 2021 Афғонистонро ғасб карда, ҳукумати ин кишварро ба даст гирифтанд ва ду сол мешавад, ки ҳукмронӣ доранд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон ташаккули ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳо ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистонро талаб дорад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





Яркая, чувственная Saya Musa на Tarona Music Award 2025!
Какие футбольные клубы в Таджикистане самые популярные?
В Узбекистане осудили преступную группу, торговавшую человеческими органами
Когда виртуальное становится реальным: в Таджикистане обсудили вопрос защиты девочек от гендерного насилия в Интернете
Леса уходят, и природные катастрофы в Таджикистане становятся ближе
«Эсхата Банк» стал лауреатом награды Европейского банка реконструкции и развития
В Душанбе открыта таджикско-китайская экологическая лаборатория
Здание знаменитой чайханы «Харбуза» в Гиссаре снова выставлено на продажу
В Таджикистане операторов обязали платить утильсбор за базовые станции
Зеленский допустил решение территориального вопроса Украины на выборах или референдуме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста