Ҳафтаи гузашта Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳамроҳи Амруллоҳ Солеҳ, ноиби раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон бо як ҳайати расмӣ ба Маскав рафт.
Масъуд бо Сергей Миронов, раиси эътилофи Ҳизби “Русияи боадолат” (Справедливая Россия) дар Думаи давлатӣ мулоқот карда, вазъи сиёсии Афғонистон ва роҳҳои имконпазири ҳалли мушкилоти онро баррасӣ кардааст.
Миронов гуфтааст, “Афғонистон набояд ба ҳеҷ ваҷд майдони ҳар гуна ормонҳои геополитикии кишварҳои сеюм гардад ва мардуми ин кишвар бояд ояндаи худро худ муайян кунанд”.
Аҳмад Масъуд нигаронӣ кардааст, ки дар замони ҳукмронии Толибон* вазъи сиёсии Афғонистон бадтар шуда, созмонҳои террористӣ зиёд ва қочоқи маводи мухаддир ривоҷ ёфт ва ҳуқуқи мардум ҳам поймол гардид.
Сергей Миронов ҷонибдории ҳизбашро аз Аҳмад Масъуд изҳор дошта, таъкид кардааст, ки тирамоҳи соли ҷорӣ дар Думаи давлатӣ ҷиҳати пайдо кардани роҳҳали мушкили Афғонистон мизи мудаввар ташкил мекунанд.
Мария Захарова, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия дар шарҳи сафари Аҳмад Масъуд ба ин кишвар гуфтааст, ҳарчанд Русия муносибатҳояшро бо ҳокимони кунунии Афғонистон бидуни эътирофи расмии ҳукумати Толибон идома медиҳад, вале дар айни замон ҳокимони кунунии Кобул ва намояндагони ақаллиятҳои қавмии он кишвари ҷангзадаро ба муколама бо ҳадафи ташкили ҳукумати дар воқеъ фарогир даъват мекунад.
Хашми ниҳони Толибон
Таҳлилгарон менависанд, ки сафари Масъуд ба Русия хашми намояндагони ҳукумати Толибонро ба бор овардааст.
Андрей Серенко, коршиноси масоили Афғонистон бо такя ба манбаъҳояш дар “Телеграм-канал”-и худ навишт, ки “онҳо (роҳбарияти “Толибон”* дар назар аст. -идора) аз ин хабар то ҳол дар ҳайрату хашмгинанд ва ба таври возеҳ аз Маскав чунин иқдомро интизор набуданд”.
Ӯ гуфтааст, “Толибон ба фиристодаи вижаи Русия дар Афғонистон Замир Кобулов суолҳои хеле ногувор медиҳанд. Тибқи овозаҳо, ӯ ба онҳо муносибати комилан дигарро аз ҷониби Маскав ваъда додааст”.
“Ҳоло ширкати намояндагони Толибон дар нишасти формати Маскав оид ба вазъи Афғонистон, ки бояд 29 сентябр дар Қазон баргузор шавад, зери суол аст”, - гуфтааст яке аз манбаъҳои Серенко.
Ӯ аз қавли як сиёсатмадари афғон, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунад, сафари Масъудро ба Русия чун “шаппотӣ ба рӯи Толибон” унвон карда, навиштааст, ки “ҳоло Толибон метавонанд дар фаъолияти сафорати Русия дар Кобул мушкил эҷод кунанд”.
Аммо то ҳол ҳеҷ як намояндаи Толибон оид ба ин сафари Масъуд ба Маскав андешаи худро расман баён накардааст.
Маскав мавқеъ иваз кард?
Андрей Серенко дар нашрияи “Независимая газета” навиштааст, ки ҳузури Масъуд дар Думаи давлатӣ ва мулоқоти ӯ бо сиёсатмадорони рус гувоҳи оғози раванди ба расмият шинохтани Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аст.
Ин таҳлилгар менависад, дар Кремл дарк кардаанд, ки ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Ҷабҳаи озодии Афғонистон барои таъмини амният дар Тоҷикистон, ки пойгоҳи низомиаш ҳаст, муҳим мебошад.
“Аз ин рӯ Маскав бо пуштибонии сиёсӣ ва низомӣ аз ин ду ҷабҳа метавонад ба Толибон фишор орад. Аз сӯи дигар, вобастагии иқтисодии Толибон аз Амрико Маскавро водор кардааст то сиёсати худро нисбат ба ин гурӯҳ бознигарӣ кунад”, - афзудааст Серенко.
Сергей Данилов, муовини директори Маркази омӯзиши Шарқи Наздик дар мусоҳибаи худ бо хабаргузории “Настоящее Время” сафари Аҳмад Масъудро ба Русия “барои дарёфти захираҳо, баланд бардоштан ва нишон додани иқтидори худ, инчунин нишон додани он, ки Маскав дар бозӣ ҳаст” номидааст.
“Бозии Маскав дар Осиёи Марказӣ ва дар Афғонистон пас аз ҳамла ба Украина камтаъсир гардид. Бо вуҷуди ин, русҳо кӯшиш мекунанд нишон диҳанд, ки онҳо ҳанӯз иштирокчии раванд ҳастанд, онҳо метавонанд чизеро мӯътадил кунанд ё сармояи рамзӣ диҳанд. Ин сафар умдатан як сармояи рамзӣ барои Масъуд ва ҳамзамон нишондоди он аст, ки Толибон бо ин шакл шарики муҳим барои онҳо нестанд”, - гуфтааст Данилов.
Ёдовар мешавем, ки Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони милии Афғонистон аст ва нимаи моҳи августи соли 2021 баъди аз ҷониби Толибон тасарруф шудани ҳокимият дар Кобул ба Панҷшер, зодгоҳи бобоияш рафт ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро таъсис дод. Неруҳое, ки ҳокимияти тундгарои Толибонро қабул надоштанд, атрофи ин ҷабҳа мутаҳҳид шуданд.
Охири моҳи октябр ҷабҳа намояндагии худро дар ИМА боз намуд, то сиёсатмадорони армикоиро муътақид созад, ки мухолифони ҳукумати кунунии Афғонистонро дастгирӣ кунанд. Дар ҳамин вақт доир ба ифтитоҳи дафтари кории ҷабҳа дар Душанбе хабар дода шуд, лекин намояндагони неруҳои мухолифин ин маълумотро рад карданд.
Дар 2 соли гузашта Аҳмад Масъуд саъй дорад то як иттиҳодеро дар байни роҳбарони зидди Толибон низ эҷод кунад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Tcell совместно с Ilmhona и Re-skill открывает доступ к ИИ-образованию для пользователей в Таджикистане
Вместо хаджа. Как обычные таджикистанцы строят школы и больницы на свои деньги
Афиша от «Азия-Плюс»: поиск следов динозавров, «Мир лучших саундтреков» и ярмарка «Время чудес»
В Таджикистане заметно снизились доходы частных операторов связи
Более полугода назад маленький таджикистанец Сулаймон получил укол «Золгенсмы». Как малыш сейчас?
Таджикская экоорганизация «Маленькая Земля» получила премию ООН Gender Just Climate Solutions
Загрязнение воды, выброс отходов и вырубка деревьев: в Таджикистане увеличили штрафы
Озоди: Более 100 чиновников были допрошены по делу журналиста Ахмада Ибрагима
В Таджикистане снизили стоимость электричества для производителя удобрений – «Азот»
Душанбе Сити Банк уже подарил 4 приза — успейте и вы!
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста