Раиси Ҳизби Русияи боадолат гуфтааст, ки тирамоҳи меомада дар Русия вобаста ба мушкилоти Афғонистон мизи мудаввар баргузор мешавад.
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон рӯзи 28-уми август дар Думаи давлатӣ дар Русия бо Сергей Миронов, раиси Ҳизби “Русияи боадолат – Барои Ҳақиқат” (Справедливая Россия) мулоқот кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии Ҳизби Русияи боадолат хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин мулоқот вазъи сиёсии Афғонистон ва роҳҳои имконпазири ҳалли мушкилоти он баррасӣ шудааст.
“Дар Русия ба соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Афғонистон эҳтиром ва арҷ гузошта мешавад. Мо бар он ақида ҳастем, ки мардуми ин кишвар бояд ояндаи худро худашон муайян кунанд”, - гуфтааст Сергей Миронов.
Миронов таъкид кардааст, ки “Афғонистон набояд ба ҳеҷ ваҷҳ майдони ҳар гуна ормонҳои геополитикии кишварҳои сеюм гардад”.
Аҳмад Масъуд гуфтааст, ки дар замони ҳукмронии Толибон* вазъи сиёсии Афғонистон бадтар шуда, созмонҳои террористӣ зиёд ва қочоқи маводи мухаддир ривоҷ ёфт ва ҳуқуқи мардум ҳам поймол гардид.
“Агар дар шароити кунунӣ дар Афғонистон ҳукумате таъсис наёбад, ки ба манфиати халқҳои муқими ин кишвар амал кунад, агар маводи мухаддир боздошта нашавад ва бо созмонҳои террористие, ки дар ин кишвар мавҷуданд, мубориза бурда нашавад, Афғонистон метавонад, ба бомбаи дар ҳоли омода ба инфиҷор табдил ёбад, ки ҳар лаҳза метавонад таркад”, - гуфтааст Аҳмад Масъуд.
Сергей Миронов аз номи ҳизбаш дар парламенти федералӣ ба Аҳмад Масъуд изҳори дастгирӣ кардааст.
Ӯ инчунин гуфтааст, ки тирамоҳи соли ҷорӣ дар Думаи давлатӣ бо ширкати Аҳмад Масъуд мизи мудаввар ташкил шуда, ба баррасии мушкилоти Афғонистон равона мешавад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.
Как песчаные и пыльные бури влияют на ледники в Таджикистане
Токаев поручил повысить меры безопасности из-за обострения российско-украинского конфликта
Мать актера, сыгравшего Джуру-охотника, выпустили из колонии. Но обвинения с нее не сняты
В Таджикистане не хватает своей кукурузы. Нам приходится тратить миллионы на ее закупку
Камнепады заблокировали трассу Куляб – Дарваз – Хорог, движение транспорта приостановлено
В Таджикистане назвали лучших легкоатлетов сезона
Путин сообщил об испытании новой баллистической ракеты «Орешник» – ею ударили по Украине
Земля, непригодная для жизни. В Таджикистане 30% сельхозугодий находятся в критическом состоянии
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 22 ноября 2024 года
Tcell совместно с Ilmhona и Re-skill открывает доступ к ИИ-образованию для пользователей в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста