Дар Тоҷикистону Қирғизистон, ки даҳсолаҳо миёни ҳам баҳси марзӣ доранд, намояндагони халқиятҳои ду кишвар, чун ақаллиятҳои миллӣ зиндагӣ доранд. Оё низоъи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба раванди таҳсили хонандагони қирғизтабор дар Тоҷикистон ва тоҷиктабор дар Қирғизистон таъсир расонд? Ва чаро он набояд таъсир расонад?
Дебоча ба мавзӯъ
Дар Тоҷикистон, ки беш аз 10 млн ҷамъият дорад, намояндагони 80 халқият зиндагӣ мекунанд. Бузургтарин ҷамъият пас аз тоҷикон ӯзбекҳо ҳастанд, ки ба иттилои ахири Оҷонсии омори кишвар (бар асоси омори барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2020) 11 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд. Аксари ӯзбекҳо дар беш аз 70 мактаби забони таҳсилаш ӯзбекӣ ва 440 синфи забонаш омехта (тоҷикиву ӯзбекӣ) таҳсил мекунанд.
Оҷонсии омор ба дархости “Азия-Плюс” оид ба ақаллиятҳои дигар иттилоъ надод. Аммо бар асоси омори барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 дар панҷгонаи ақаллиятҳои сернуфуз қирғизтаборон (беш аз 60 ҳазор), русҳо (беш аз 34 ҳазор) ва туркманҳо (беш аз 15 ҳазор) низ шомиланд.
Тибқи иттилои ахири вазири маорифи Тоҷикистон айни ҳол дар ҷумҳурӣ 244 мактаб бо синфҳои русӣ ва 60 мактаби забони таълимаш русӣ амал мекунанд.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон 7 мактаб бо забони туркманӣ фаъол аст.
Ба иттилои Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳама мактабҳои забони таҳсилашон ғайритоҷикӣ ҳам тибқи барномаи таҳиякардаи ин вазорат фаъолият мекунанд. Китобҳои дарсӣ барои мактабҳои забони таҳсилашон ғайритоҷикӣ ҳам аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон нашр мешавад.
“Он китобҳое, ки аз давлатҳои дигар барои ҳамзабононашон ирсол мегардад (ҳоло танҳо Русия барои мактабҳои забони таҳсилашон русӣ китоб мефиристад) низ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад. Аммо кишварҳои дигар, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қирғизистон ё Туркманистон низ метавонанд дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои ҳамзабононашон китоб ирсол намоянд”, - гуфт Наврӯзи Мирзо.
Дар Тоҷикистон қариб 10 ҳазор қирғизтабор таҳсил мекунад
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар як посухи хаттӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 49 мактаби забони таълимашон қирғизӣ фаъолият доранд. Ин мактабҳо дар шаҳру навоҳии марзии Лахш, Мурғоб, Исфара ва Конибодом ҷойгир мебошанд.
Ба гуфтаи вазорат, дар ин макотиб дар соли таҳсили 2023-2024 9 ҳазору 712 хонанда, яъне қирғизтабороне, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд, таҳсил мекунад.
“Шароит барои таҳсили хонандагони қирғиз муҳайё сохтаанд ва то кунун дар таҳсили онҳо мушкил пеш наомадааст”, - таъкид шудааст дар посухи вазорат.
Дар посухи вазорат омадааст, барои бо маводи таълимӣ, махсусан китобҳои дарсӣ таъмин кардани мактабҳои қирғизӣ нақшаи тарҳрезишуда мавҷуд аст ва дар ҳоли ҳозир муассисаҳои мазкур бо маводи таълимӣ таъмин ҳастанд.
“Вазорати маориф ва илм тибқи дархости мактабҳои мазкур нақшаи чоп таҳия карда, онҳоро дастраси муассисаҳои болозикр менамояд. Дар сурати пайдо шудани эҳтиёҷот ҳатман аз ҷониби вазорат чораҷӯӣ мешавад”, - омадааст дар посух вазорат.
Ҷамшед Ҷӯразода, муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳам дар ин робита ба “Азия-Плюс” гуфт, “қирғизтаборон дар Тоҷикистон ҳуқуқи озодона таҳсил кардан доранд ва барои ин шароит муҳайё шудааст”.
“Ба иттилои ахире, ки дастраси мо шуд, мактабҳои забони таҳсилашон қирғизӣ дар ҳоли ҳозир бо лавозимоти таълимӣ таъминанд. Дар дурнамо ҳам нақшаи тарҷума ва таҳияи китоб тартиб дода шудааст ва Академияи таҳсилоту Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба ин кор машғуланд”, - гуфт Ҷӯразода.
Фаъолияти як мактаби қирғизӣ дар Тоҷикистон
Ҳаким Боркашов, директори мактаби забони таҳсилаш қирғизии №28-и шаҳри Конибодом дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, мактаби мазкур наздики 100 сол мешавад, ки фаъол аст.
“Ҳангоме мактаби мо таъсис дода шуд, ҳамагӣ 2 синф дошт. Баъдан сафи хонандагон зиёд шуд ва замоне то 1 ҳазор хонанда дар ин ҷо таҳсил мекард. Чанд сол пеш мо соҳиби бинои нав шудем. Дар ин 92 сол аксар қирғизтаборони муқими шаҳри Конибодом дар мактаби №28 таҳсил кардаанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ҳаким Боркашов ҳам дар ҳамин мактаб таҳсил карда ва беш аз 40 сол аз забони қирғизӣ дарс гуфтааст. Ду соли охир вай директори ин мактаб аст.
Ӯ мегӯяд, ҳоло мактаби мазкур 41 хонанда дорад ва 9 омӯзгор ба онҳо дарс мегӯянд. Аз ин теъдод, 4 хонандааш тоҷик аст, ки дар мактаби қирғизӣ таҳсил мекунанд ва аз 9 омӯзгор якеаш тоҷик мебошад.
“Мактаби мо тибқи низоми маорифи Тоҷикистон фаъолият мекунад ва аз макотиби тоҷикӣ ягон тафовут надорад. Бо лавозимоти таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин аст. Дар як ҳафта 2 соат забони қирғизӣ ва 2 соат забони тоҷикӣ дарс дода мешавад. Китобхона дорад, ки дар он беш аз 11 ҳазор китоби дарсиву бадеӣ мавҷуд аст”, - гуфт Боркашов.
Ба қавли директор, хонандагони ин мактаб дар озмунҳо ҳам ширкат карда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Ӯ барои намуна мегӯяд, ки Элдар Баймуродов хонандаи аълохон аст ва борҳо дар олимпиадаҳо аз фанни математика ва забони русӣ иштирок карда, ҷой ҳам гирифтааст.
“Дар мактаби мо омӯзгорони хуб дарс мегӯянд, хонандагон ҳам фаъол ҳастанд. Мо бо мактабҳои тоҷикии минтақа ҳамкорӣ ва табодули таҷриба мекунем, ба аксар маҷлису чорабиниҳояшон ширкат меварзем, онҳоро ҳам ба мактаби худамон даъват менамоем. Танҳо дар ҳоли ҳозир омӯзгори фанни химия надорем. Дигар мушкиле нест”, - меафзояд Ҳаким Боркашов.
Низоъи марзӣ ба таҳсили хонандагони қирғиз таъсир расонд?
Ҳаким Боркашов аз низои марзӣ афсӯс мехӯрад, аммо мегӯяд, муноқишаҳо дар раванди таҳсили хонандагон таъсири ҷиддие нарасонидааст.
“Раванди таълим дар мактаби мо ҳатто дар замони низои марзӣ ҳам қатъ нагардид. Муаллимону хонандагон ба мактаб меомаданд ва чун пештара дарс мегуфтанду мехонданд”, - гуфт Ҳаким Боркашев.
Ӯ афзуд, ки “халқҳои тоҷику қирғиз дар фазои дӯстӣ садсолаҳо зиндагӣ карданд ва бовар дорем, ки аз ин ба баъд ҳам риштаи дӯстӣ канда намешавад ва ҳамин гуна орому осоишта умр ба сар мебарем”.
Таносуби мактабҳои Тоҷикистону Қирғизистон
Дар бораи тоҷикони Қирғизистон, аз ҷумла макотиби тоҷикӣ дар ин кишвар маълумоти тоза дастрас нашуд. Кӯшишҳои мо барои пайдо кардани маълумот аз ҷамъияти тоҷикон дар ин кишвар низ бесамар буд.
Тибқи иттилои чанд соли пеш нашркардаи Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон, дар ин кишвар тахминан 55 ҳазор тоҷиктабор зиндагӣ мекунанд. Барои таҳсили онҳо 3 мактаби тоҷикӣ ва 4 мактаб бо синфҳои тоҷикӣ фаъол аст.
Хабаргузории “Азия-Плюс” зиёд талош кард, ки дар бораи раванди фаъолияти мактабҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ дар Қирғизистон маълумоти бештар пайдо кунад ва дар ин робита бештар нависад, вале аз сафорат, ҷамъияти тоҷикон, рӯзноманигорон ва дигар тоҷикони муқими Қирғизистон ҳеҷ иттилое дастрас карда натавонист.
Дар сурати пайдо шудани ҳар гуна иттилои саҳеҳ мо ҳозир ҳастем, ки онро ҳам нашр кунем.
Ақаллиятҳои миллӣ бояд таҳсил кунанд
Абдумуталиб Шарипов, коршиноси тоҷик, ки аз масоили низоъ огоҳ ҳаст, мегӯяд, ҳамаи халқиятҳое, ки дар ҳудуди ин кишварҳо зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.
Ӯ бар ин назар аст, ки дар асоси қонунгузории Тоҷикистон ва Қирғизистон мактабҳои тоҷикиву қирғизӣ фаъолият доранд ва мушкиле дар заминаи қонунгузории ду кишвар нест.
Шарипов мегӯяд, мактабҳои қирғизии Тоҷикистон дар мисоли мактаби №20-и шаҳри Исфара, ки бо шаҳри Бодканди Қирғизистон ҳамсарҳад аст ва низоъҳои марзӣ ҳам дар ин макон сар мезананд, аз китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти хониш мушкилӣ надоранд.
“Дар ин мактаб 100 хонанда бо забони модарии худ таҳсил мекунаду ба онҳо 15 омӯзгор дарс медиҳад. Агар ба ин мактаб то давраи саршавии КОВИД-19 китобҳои дарсӣ бо забони қирғизӣ аз Қирғизистон ворид мешуд, ҳоло он бевосита аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон нашр ва дастрас карда мешавад”, - гуфт Шарипов.
Ин коршинос бо такя ба маълумоти бадастовардааш меафзояд, дар мактабҳову синфҳои тоҷикии шаҳрҳои Ҷалолобод, Ӯш, деҳшӯрои Учқӯрғон, шаҳраки Ҳайдаркон, деҳаҳои Андарақ, Коргон ва Правдаи Қирғизистон низ мушкили ҷиддӣ ҷой надорад.
“Агар мо гӯем, ки муноқишаҳои марзӣ ҳеҷ таъсире намерасонад, шояд то андозае дурӯғ ҳам гуфта бошем, зеро ҳама гуна муноқиша, чӣ хурд ва чӣ бузург ба рӯзгори мо, рӯҳияи мо таъсиргузор аст. Аммо муноқишаҳо набояд ба раванди кор ё таҳсили шаҳрвандони кишварҳои ҳамҷавор, новобаста аз миллату нажод, таъсири манфӣ расонад. Ақаллиятҳои миллӣ бояд мунтазам таҳсил кунанд”, - таъкид мекунад Абдумуталиб Шарипов.
Абдумуталиб Шарипов бовар дорад, ки муносибатҳои кишварҳои ҳамсоя ҳарчи зудтар хубтар мешавад ва ба таҳсили ақаллиятҳои миллӣ муноқишаҳо таъсир намекунанд.
С Днем Конституции, Таджикистан!
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 ноября 2024 года
Гостинице «Душанбе» - 60 лет! Как раньше выглядел один из лучших отелей СССР?
Турция простила внешний долг Кыргызстану
От водных городов до динозавров. Топ-5 самых необычных музеев Китая
Что говорит Конституция Таджикистана о правах и свободах человека, о демократии?
В США начались 60-е президентские выборы
Сливочное масло в России подорожало. А, значит, жди подорожания и в Таджикистане
Узбекистанца приговорили к 5 годам тюрьмы за участие в военных действиях в Украине
Военные, флаги и транспаранты. Как в Хатлоне отметили 30-летие Конституции Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста