Бо мақсади эҳё ва рушди ҳунари чакандӯзӣ ва муаррифии ин намунаи барҷастаи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик, бо ташабуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон номинатсияи «Чакан» барои ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии Бунёди маориф, илм ва фарҳанги Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) пешниҳод гардид.

Директори Пажуҳишгоҳи назди Вазорати фарҳанги ҶТ Қурбоналӣ Бӯриев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баҳри шомил шудани «Чакан» ба ин рӯйхат Тоҷикистон ба ЮНЕСКО дархост ва тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кардааст.

«Тамоми талаботи ЮНЕСКО ба иҷро расонида шуда, мутмаинам, ки шомил гардидани «Чакан» ба мероси фарҳанги ғайримоддии ин созмон ба пешрафти нуфузи Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад намуд», - зикр кард Бӯриев.

Ҳунари чакандӯзӣ аз қадим барои зебу орои сарулибосу курта дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон истифода мегардад. Чакан зеби ҳар духтару зани минтақаи ҷануби кишвар аст ва дар тамоми хонаводаҳо пироҳани чакан ва чодару руймоли чаканро дидан мумкин аст. Дар ин баробар тоқиҳои гулдори чаканро мардон низ ба сар мекунанд.

Қобили зикр аст, ки қаблан ба рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО мусиқии «Шашмақом» ва ҷашни «Наврӯз» шомил гардида буданд.

Дар ҳамин ҳол, соли 2009 Тоҷикистон ба ЮНЕСКО пешниҳод намуд, ки 8 иншооти таърихии кишвар – Саразм (Зарафшон), Бунҷикат (Панҷакент), Қалъаи Ҳисор (Ҳисор), шаҳраки таърихии «Ҳулбук (Восеъ), Тахти Сангин (Қубодиён) Муҷассамаи Буддои Аҷинатеппа (Вахш) ва Қалъаи Ямгун (Помир) ба феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ дохил карда шаванд.

Ёдрас мекунем, ки Қалъаи Ҳулбуки Тоҷикистон ба феҳристи иншооти умумииҷаҳонии таърихӣ шомил гардида, аз соли 2004 дар маркази таваҷҷуҳи бостоншиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ қарор дорад.

Соли 2011 шаҳраки қадимаи Саразм, воқеъ дар ноҳияи Панҷакент бо қарори комиссияи дахлдори ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонӣ шомил карда шуд.