Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки бо қабули тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милии ҶТ», ҳукуматдорони кишвар ҳарчи бештар ба ҳаёти шахсии одамон дахолат мекунанд.
«Тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба қонуни танзими ҷашну маросимҳо ба меъёрҳои асосӣ дар бахши ҳуқуқи инсон ва қонунҳои иқтисоди бозорӣ мухолиф буда, озодии баргузор намудани чорабиниҳои алоҳидаи шахсӣ, интихоби сарулибосро поймол мекунад», - мегӯяд Ҳакимов.
Ба гуфтаи номбурда, дар баъзе ҳолатҳо ҳукуматдорон ҳарчи чуқуртар ба ҳаёти шахсии шаҳрвандони кишвар ворид мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳакимов эътироф намуд, ки тайи солҳои ахир бисёре аз маросимҳои тӯйу азодорӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони ноогоҳ тибқи усули мусобиқа - «Кӣ бештару кӣ беҳтар» гузаронида шуданд.
«Дар чунин шароит албатта хубтар мебуд, агар миёни аҳолӣ доир ба масъалаи гузаронидани маросимҳо бо назардошти имконоти иқтисодии ҳар як оила таблиғот бурда мешуд, на балки тибқи қонун ҳама чизро манъ кард», - иброз дошт сиёсатмадор.
Ҳакимов мутмаин аст, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ намунаҳои натиҷаҳои пурмаҳсул ба бор овардани қонунҳои манъкунанда кам аст.