Дар рӯзи таваллуди журналисти хушноми мо, Раҷаби Мирзо бахши тоҷикии Facebook саршори табрикот буд, ки бидуни барномарезии пешакӣ, ба таври худҷуш ба вуҷуд омад. Суханҳои зиёде дар ҳаққи соҳибҷашн гуфта шуд ва ҳар касе, ки чизе навишт, бардошти худро аз шахсият ва фаъолияти касбии Раҷаби Мирзо рӯйи коғаз овард.

Бо истифода аз фурсат тасмим гирифтам, чанд мулоҳизаи кӯтоҳи худро дар бораи соҳибҷашн нависам (фаъолияти ҷамъиятии эшонро, Худо хоҳад, дар 50-солагиашон муфассал менависам).

Шинохти худро аз эшон дар се бахш рӯйи коғаз меорам, ки ҳар кадоме симои касбӣ ва паҳлуи инсонии соҳибҷашнро ба таври мухтасар рӯнамоӣ мекунанд:

Якум, фаъолияти журналистӣ

Бидуни шубҳа, дар рӯйӣ кор омадани расонаҳои мустақили ватанӣ баъди соли 2000-ум, нақшу мақоми Раҷаби Мирзо вижа будааст ва ин нуктаро худи журанилистон ва устодону пажуҳишгарони соҳа тасдиқ мекунанд. Ин самти фаъолияти эшонро ба се зербахш ҷудо кардан мумкин аст:

1) Фаъолият ҳамчун шореҳ ва журналисти қавӣ. Дар аксари расонаҳои дохилии ватанӣ мақолаҳои таҳлилӣ ва фикрзоро нашр кардаанд, ки бешубҳа кори арзишманд аст. Матлабҳои вижаи Раҷаби Мирзо аз ҷиҳати сатҳ ва миқёс - таъсири ниҳоят ҷиддӣ ба афкори ҷамъиятӣ доранд ва аксар вақт ба баррасии мавзуъҳое даст мезананд, ки ҳам дониш, таҷрибаи амалӣ ва шинохти хосро талаб мекунанд. Агар ин матлабҳо ба русӣ низ навишта мешуд, доираи хонандагон ва ҳаводорони муаллиф дар паҳнои Осиёи Марказӣ низ зиёд мешуд, чун он касро дар даҳгонаи беҳтарин шореҳони минтақа ворид намудан мумкин аст (ин бардошт воқеӣ буда, дар асоси мутолиаи матлабҳои расонаҳои кишварҳои ҳамсоя ба вуҷуд омадааст). Кори охироне, ки анҷом доданд, ин мусоҳибаҳо бо роҳбарону намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар арафаи интихобот буд, ки хеле аз мифҳо дар бораи озодии баён дар кишварро шикаст.


2) Муассис ва ё мудири расона. Беҳтарин шоҳкории Раҷаби Мирзо газетаи “Рӯзи нав” аст, ки дар давраи фаъолияти он Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмилалии озодии баён ҷойи намоёнро ишғол мекард ва як таҳаввулоти амиқеро дар фазои иттилоотии кишвар ба вуҷуд оварда буд. Гузашта аз ин, барои ба ҷомеа муаррифӣ шудани журналистони ҷавон мусоидат кард, ки бешубҳа нуктаи мусбат аст, чун зарфияти миллиро тавсеа медиҳад.

Аз рӯи навиштаи худи эшон ва дигар ҳамкоронашон дар роҳандозӣ намудани радиои Имрӯз, рӯзномаи “Имрузнюс” ва ғайра нақш доштаанд ва барои қавӣ шудани дигар расонаҳои ватанӣ низ хидмат кардаанд.

3) Фаъолияти таълимӣ ва менторӣ: солҳои пеш дар донишгоҳ дарс додаанд ва имрӯз дар семинару давраҳои омӯзишии соҳавӣ ҳамчун мураббии соҳибтаҷриба кор пеш мебаранд. Аз навиштаи шогирдон ва ҳамкорон бармеояд, ки шояд аз камтарин журналисти ватанӣ бошанд, ки аксари кулли насли касонсол, миёнсол ва ҷавони журналистонро мешиносанд, дар бораи хидматҳо ва зарфияти онҳо (ба хусус ҷавонон, ки дар табрикоти худ меоранд) иттилои васеъ доранд. Тренингу семинарҳои “Хома” ҳам сабаб шуд, то дар музофот низ ба ҷавонон дарс диҳанд ва боварии комил дорам, ки мадад ва машварати худро барои ҷавонон то ба ҳол дареғ намедоранд. Яъне, ба таври мухатасар журналисти соҳибмактаб ҳастанд.

Дуюм, фаъолияти таҳлилӣ ё фаъолияти таҳлилгарӣ.

Чанд сол пеш як созмони вижаи пажуҳишиеро низ бо номи “Бозтоб” таъсис ва мудурият менамуданд, ки имруз он дигар фаъол нест. Дар шароити кишвари мо, ки ҳар касе хост худро таҳлилгар муаррифӣ мекунад ва мутаассифона таҳлилгарии фолклориро намояндагӣ менамояд. Дар ин росто, таҳлилу навиштаҳои фикрзои эшон мақоми хоса доранд, чун дар онҳо муносибати консептуалӣ дида шуда, моҳияти масъала(1), раванди ҷорӣ ё муҳтавои имрӯза(2), омилу шароити таъсиррасон(3), мулоҳиза, хулоса ва пешбинӣ(4), инчунин сенарияҳои эҳтимолии рушди вазъ(5) бозкушоӣ мешаванд. Солҳои охир бештари чунин матлаб дар блоги шахсиашон нашр шудаанд, ки имрӯз мутаассифона дигар чун пештара фаъол нест.

Дар расонаҳо ҳам таҳлилу назари ҷолибро пешкаш мекунанд ва аз рӯйӣ муҳтавои онҳо Раҷаби Мирзоро ба доираи таҳлилгарони прагматик ворид намудан мумкин аст, ки барояшон муҳимтарин арзиш – манфиатҳои миллӣ мебошад. Умедворем фаъолияти созмони пажуҳишии “Бозтоб”-ро аз нав фаъол мекунанд, чун холигоҳи ҷиддӣ дар ин самт ба назар мерасад ва инчунин блоги худро низ ҷон мебахшанд, зеро матнҳои вижа барои вусъати андешаи хонанда сабаб мегардад.

Сеюм, фаъолияти ҷамъиятӣ

Ин самти фаъолияташонро ҳам ба се зербахш ҷудо бояд кард:

1. Аз пурнуфузтарин шахсони сегменти тоҷикии Facebook ҳастанд ва муассису роҳбари бузургтарин гурӯҳ бо номи “Ахбор барои афкор” мебошанд, ки бештар аз 70 ҳазор корбарро муттаҳид мекунад. Дар бораи гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” бояд як матни алоҳида навишта шавад, чун дар ин гуруҳ ҳамарӯза беш аз 80 матлаб нашр мешаваду дар самт додани афкори ҷамъиятӣ, ба хусус дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ нақши назаррас дорад. Ҳамин нуктаро бояд зикр кард, ки бо ёрии мудирони дигари гурӯҳ тавонистанд як платформаи ҷолиби диққатро ба вуҷуд оранд.

Ин кор дар самти таҳия ва роҳандозӣ намудани равишҳои мусбат бисёр муҳим аст, зеро дар 10 соли охир дар фазои иттилоотии ватанӣ иттилои манфӣ нисбат ба мусбат зиёд аст, ки ин ба сатҳи тафаккур, зершуур ва иқдомҳои мардум таъсири амиқ мерасонад. Барои ба вуҷуд овардани тавозун байни иттиллои мусбат ва манфӣ кори зиёдеро бояд анҷом диҳем ва умедворем Раҷаби Мирзо дар сегменти тоҷикии Facebook фаъолияти худро дар ин самт идома медиҳанд.

2. Роҳандозии иқдомҳо ҳамчун фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ. Ин зербахшро боз ба қисмҳои дигар ҷудо кардан мумкин аст:

- яке аз ин иқдомҳои муҳим бешубҳа роҳандозии корзор (эдвокаси)-ҳо ҳастанд, ки бештар дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ мешаванд ва афкори ҷамъиятиро низ шакл медиҳанд. То куҷо муваффақ будани онҳо масъалаи дигар аст, вале муҳимтарин нукта ин дохилӣ ва бидуни грант (аз матни ҷомеа ва ватанӣ будани ташаббус) роҳандозӣ шуданашон мебошад.


- як бахши ҷиддии фаъолияти Раҷаби Мирзо ҳамчун намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID-19 муаррифӣ шуд. Ин шароит буҳрони ҷомеаи шаҳрвандии кишварро ба намоиш гузошт: яъне вақте ниҳодҳои расмии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар марҳилаи аввал, комилан аз уҳдаи иҷрои масъулияти иҷтимоии худ набаромаданд ва сегменти ғайрирасмӣ (ғайрисохторӣ)-и он дар мисоли шахсиятҳо, шаҳрвандони фаъол: аз ҷавонон, то суратгирон ва ронандаҳо барои расонидани мадад ба табибон ва муассисаҳои тиббӣ кори арзишмандро анҷом доданд (ин масъала таҳлили вижаро мехоҳад). Яъне, як ҳамбастагии ҷиддии миллӣ шакл гирифт, ки дар натиҷаи он кумакҳои гуногун расонида шуд. Эшон ба таври шаффоф дар бораи сарфу харҷи кумакҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттиллоро пахш мекарданд.

- иқдоми дигаре, ки аз ҷониби ин журналисти хушноми мо роҳандозӣ мешуд, расонидани мадад ба оилаҳо ва нафарони эҳтиёҷманд аст, ки солҳои пеш ба таври фарогир сурат мегирифт.

- ҳамчун пажуҳишгар бояд зикр кунам, ки қисми ками фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии мо розӣ мешаванд, дар тадқиқот ба таври озод иштирок кунанд. Дар асоси таҷрибаи ночизи худ мегӯям, ки эшон ҳеч маротиба хоҳиши моро барои суҳбат рад накарданд ва ҳамеша фикри бикрро дар бораи масъалаи мавриди назар изҳор менамоянд. Яъне комилан инсони боз ҳастанд, ки худ як далеле барои эҳтиром аст.

- ниҳоят, собиқаи ҳамкориро ҳамчун фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти давлатӣ доранд, ки дар навиштаҳои Эшон дида шуда, хотира ва бардоштҳои худро аз давраи фаъолияташон дар комиссия ва гуруҳҳои кории шаҳрдорӣ пешкаш мекунанд.


3) муаррифии шахсиятҳои нав ва пос доштани хотираи ходимони давлатию ҷамъиятӣ. Аз ин бахши фаъолияташон аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳӣ доранд, чун ҳамарӯза табрикоти зиёдеро ба муносибати зодрӯзи мардуми касбу корашон гуногун менависанд. Инчунин перомуни шахсиятҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар қайди ҳаёт нестанд (ба муносибати рӯзи таваллуд ва ё фавташон) бо таҳияи матни вижа ё бознашри ҳолномаи онҳо - ба ёди ҳама меоранд.

Аз ин дидгоҳ, чунин фаъолияти эшон он касро масъул менамояд, то қомуси шарҳиҳолиро дар бораи шахсиятҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва ғайраи ватанӣ таҳия намоянд (дар Қазоқистон чунин иқдом аз ҷониби Данияр Ашимбаев (Кто есть кто в Казахстане) роҳандозӣ шудааст), то дар шакли дигар ва бо сабки ҷолиби диққат шахсиятҳо ба мардуми кишвар муаррифӣ шаванд.

Бояд зикр кунам, ки мо бо Раҷаби Мирзо ҳамкор ва ҳамсафар набудем, ҳатто расми муштарак ҳам надоштаем (ҳатман бояд ислоҳ кунем). Ин бардошти камина дар асоси мушоҳидаи фаъолияташон дар шабакаҳои иҷтимоӣ(1), мутолиаи матлабҳои эшон (2) ва иштироки якҷоя дар ҳамоишҳои гуногуни ватанӣ(3) рӯи коғаз омад. Тавре хоҳарзодаашон Исфандиёр дар табрикоти имрӯзаи худ оварданд, бо истифода аз сабки вижаи табрикотии акои Раҷаб гуфтаниям: “Мавлуд хуҷаста бод, Худованд ба беҳтарин орзуҳотон расонад!”

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.