Дар мусобиқаи силсилаи Гран Прии варзиши сабук дар шаҳри Осакаи Ҷопон гурзандозии маъруфи тоҷик Дилшод Назаров зинаи чорумро касб кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 75,01 метр ҳаво дод.

Гуфта мешавад, ҷои якумро дар ин қувваозмоӣ қаҳрамони феълии ҷаҳон, варзишгари Лаҳистон (Полша) Павел Файдек бо натиҷаи 78,51 метр сазовор гашт. Бенсе Ҳалаз аз Маҷористон (Венгрия) бо натиҷаи 77,24 метр ҷои дуюм, Войсеч Новиски - варзишгари дигари Лаҳистон бо натиҷаи 76,66 метр ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар даҳгонаи беҳтарин Сергей Маргиев (Молдова, 74,11), Михаил Анастасакис (Юнон, 73,80), Марсел Ломинский (Словакия, 72,90), Каниҳиро Сумӣ (Ҷопон, 69,82), Юдай Кимура (Ҷопон, 67,61), Ник Миллер (Британияи Кабир, 66,55) ҷой гирифтанд.

Соли гузашта Дилшод Назаров дар мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба гурзандозӣ дар Ҳиндустон гурзро ба масофаи 76 метру 69 сантиметр партофта, медали тилло ба даст овард. Ин пирӯзии чоруми Дилшод Назаров дар чемпионатҳои Осиё буд. Қаблан ӯ солҳои 2009, 2013 ва 2015 ба ин комёбӣ даст ёфта буд.

Пеш аз мусобиқаи хотимавӣ Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаровро варзишгари беҳтарини қораи Осиё эълон кард.

Давоми соли 2017 қаҳрамони олимпӣ чандин маротиба ба ҷоизахои мусобиқаҳои байнулмилалӣ зери сарпарастии IAAF Hammer Throw Challenge соҳиб шуд.

Рекорди шахсии Дилшод Назаров - 80.71 метр мебошад, ки ба ин нишондиҳанда дар шаҳри Халл (Олмон) моҳи майи соли 2013 ноил гардида буд.

Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров ба бузургтарин дастоварди худ - медали тиллои бозиҳо шарафёб гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.