Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016, варзишгари маъруф Дилшод Назаров дар мусобиқаи Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук медали тилло ба даст овард.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук 8 июл дар шаҳри Браганша Паулиста баргузор шуд.
Гуфта мешавад, Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ гурзро ба масофаи 75,18 метр ҳаво дода, ҷои аввалро сазовор шуд. Дар ин қувваозмоӣ варзишгари Молдова Сергей Маршиев ҷои дуюм (74,51), варзишгари Белорус Павел Барейша (73,28) ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дар мусобиқа, ҳамчунин варзишгарон дар қувваозмоиҳои дав ба масофаҳои 100, 400, 3000 метр, 400 метр бо монеа, ҷаҳиш бо халлачӯб, ҷаҳиши секарата, тела додани ядро, партоби диск миёни мардон ва бонувон барои ҷоизаҳо талош карданд.
Зикр мегардад, ки ин дуюм медали Дилшод Назаров дар мавсими имсола аст. Ӯ як моҳ қабл – 8 июн - дар Мусобиқаи гурзандозӣ ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ (“Janusz Kusocinski Memorial”) дар шаҳри Чорзуви Лаҳистон медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
10 вопросов, которые нужно задать врачу об ожирении
Главный военный прокурор Таджикистана выступил за предотвращение незаконных методов набора призывников
Эмомали Рахмон произвёл кадровые назначения в органах суда и прокуратуры
В Душанбе сбили работницу коммунальных служб: она скончалась в больнице
СМИ: ЕС приостановил разработку пакета военной помощи Украине из-за Венгрии
Сносить нельзя оставить. Где мэрия Душанбе поставит запятую?
В Таджикистане в месяц Рамазан изменили график подачи света населению
В Казахстане насчитали 400 прорывоопасных гидротехнических сооружений
Таджикистан и Кыргызстан намерены восстановить прямые авиарейсы между двумя странами
В Австралии умер один из старейших доноров в мире. Его плазма спасла 2,4 млн детей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста