Барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон – дастаи футболи “Хуҷанд” дар бозии аввали даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 аз “Нефтчӣ”-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бозӣ имрӯз, 19-уми феврал дар варзишгоҳи “Курманбек”-и Ҷалолобод (Қирғизистон) доир гашт. Голи ягонаро легионери украинии “Нефтчӣ” Александ Игнатенко дар дақиқаи 50 ба ҳадаф расонд.

Бозии ҷавобии дастаҳо 26-уми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ғолиби ин ҷуфт ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳхат мегирад ва дар гурӯҳи “D” ҳамроҳ бо тимҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.