Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе се давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2020 бори нуҳум ба дарёфти унвони чемпионӣ ноил гардид.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, “Истиқлол” қаблан солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018 ва 2019 ба ин унвон соҳиб шуда буд.
Дар даври 16-уми мусобиқа “Истиқлол” дар меҳмонӣ бозиро бо “Хатлон”-и Бохтар мусовӣ - 1:1 анҷом дода, дар вохӯрии дигар “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.
Ба ин тариқ, се давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон “Истиқлол” аз дастаи зинаи дуюм - “Хуҷанд” 12 имтиёз бештар дорад, ки унвони чемпиониро барояш таъмин мекунад. Зинаи сеюмро бо 24 имтиёз дастаи “Хатлон” ишғол мекунад.
Бозиҳои даври 17-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27 сентябр баргузор мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
12 правил жизни Зебинисо Рустамовой
В Таджикистане вырос импорт сельхозпродуктов на фоне увеличения внутреннего производства
Эмомали Рахмон произвел кадровые перестановки в судах и администрациях Душанбе, Хатлона и ГБАО
Электронные ворота в аэропорту Душанбе заработают в марте 2025 года
Реабилитация дороги от Калаи Хумба до Рушана завершится в июне этого года
«Таджик Эйр» завершил многолетний спор с литовской компанией SkyRoad Leasing
Салат «Шакароб» попал в рейтинг худших блюд мира
Соблюдаются ли меры безопасности в «Сафед-Даре»?
Авиакомпания «Сомон Эйр» запустит рейс Душанбе – Лондон
В Чувашии в 2025 году ограничат работу мигрантов в ряде сфер экономики
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста