Варзишгари тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини юнонӣ-римӣ ба хотираи Жаксилик Ушкемпиров миёни ҷавонони то 20-сола дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон медали нуқра ба даст овард.
Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, ҳамчунин варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Эрон ширкат карданд.
“Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 60кг дар даври аввал озод буд. Сипас ӯ дар се давр бар ҳарифонаш пирӯз шуд, вале дар финал аз варзишгари кишвари мизбон мағлуб гардида, бо медали нуқра сарфароз гашт”, - омадааст дар хабари Кумита.
Гуфта мешавад, 4 варзишгари дигарамон – Сиёвуш Ачилов (63кг), Шероз Очилов (72кг), Султон Саидзода (72кг) ва Русланҷони Рустамҷон (82кг) дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи мусобиқа курси омӯзишии Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW) барои доварон баргузор шуд, ки дар он Фаррухрӯз Раҳмонов ва Ҷаҳонгир Аланазаров ширкат карданд ва баъд аз натиҷагирӣ, сазовори сертификати довари дараҷаи байналмилалӣ хоҳанд шуд.