Дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба ММА байни ҷавонон дар Амороти Муттаҳидаи Араб (ММА) миёни варзишгарони синни 14-15-сола Фарҳоди Давлаталӣ дар вазни 40 кг, Муҳаммад Саидзода дар вазни 52 кг ва Абӯбакр Алиҷонзода дар вазни 57 кг ба унвони қаҳрамони ҷаҳон соҳиб шуданд.

 

Муҳаммад Саидзода

 

Фарҳоди Давлаталӣ

Исмоил Зайниддинов (44 кг) ва Амруллои Амриддин (48 кг) ба дарёфти медали нуқра, Абӯбакр Нормуродов (44 кг), Саидамир Хаскашов (48 кг) ва Абӯбакр Ғафуров (62 кг) - ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Дар ин бора сомонаи расмии чемпионати ҷаҳон хабар медиҳад. 

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ММА байни ҷавонон се категорияи мусобиқаҳои наврасон мутобиқи қоидаҳо барои наврасони сини аз 12 то 13-сола (Youth C), аз 14 то 15-сола (Youth B) ва аз 16 то 17 сола (ҷавонон А) гузаронида мешавад.

Имрӯз ва пагоҳ размикорони категорияи синни 16-17-сола рақобат мекунанд. Ҳайати Тоҷикистон иборат аст аз:

1. Аминҷон Сайвалиев – 52 кг

2. Ислом Саидов – 52.2 кг

3. Яҳё Ҷумъаев – 56.7 кг

4. Талабшо Ниёзов – 56.7 кг

5. Оятулло Исоев – 61.2 кг

6. Иброҳими Саидмумин – 65.8 кг

7. Аҳмадшох Абдуллоев – 70.3 кг

8. Улуғбек Асроров – 70.3 кг

9. Назар Леонтев – 77.1 кг

10. Ҷамшед Неъматов – 83.9 кг

11. Қобилджон Абдуллоев – 93 кг

12. Муҳаммадҷон Юнусзода – 120 кг.

Ёдрас мекунем, ки дар рӯзи аввали чемпионат байни варзишгарони синни 12-13-сола Хуршедҷон Шокиров дар вазни 37 кг, Сунатулло Наврӯзов дар вазни 34 кг ва Хайёмҷон Чӯянов дар вазни 31 кг унвони қаҳрамониро ба даст оварда буданд.

Абӯбакр Сатторов (48 кг) ба дарёфти медали нуқра, Абдунаим Раҳимов (44 кг) ва Абӯбакир Рустамов (31 кг) - медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Дар чемпионати имсола 498 варзишгар аз 41 кишвар иштирок мекунанд, ки хеле зиёдтар аз Чемпионати ҷаҳони соли 2021 дар Булғористон (331 варзишгар аз 23 давлат) аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.