Рақобати размикори тоҷик дар қувваозмоиҳои омехта Муин Ғафуров бо варзишгари фаронсавӣ Тэйлор Лапилус, ки бояд рӯзи 2 сентябр дар доираи мусобиқаи UFC Fight Night 226 дар Париж баргузор мешуд, доир намегардад. Дар ин бора дар торнамои La Sueur хабар дода мешавад.
Сабаби бекор шудани рақобат мушкили марбут ба раводиди Ғафуров гуфта мешавад. Айни замон дастаи Муин ба ташкили қувваозмоӣ дар мусобиқаи UFC 294 дар Абу Даби машғуланд.
Муин Ғафуров сеюмин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар мусобиқаҳои UFC иштирок кард. Лекин дар рақобати аввал моҳи июни соли 2023 ӯ аз Ҷон Кастанеде шикаст хӯрда буд.
Ҳанӯз соли 2021 Ғафуров кӯшиш карда буд, ки тариқи силсилаи довталабии Дана Уайт ба UFC ворид шавад, лекин бо қарори доварон қувваозмоиро бохт.
Рӯзи 7 сентябри соли 2021 дар қувваозмоии даври финалии силсилаи довталабии Дана Уайт бо намояндаи Канада Чад Анхелигер вохӯрд.
Дар сурати ғолибият, Ғафуров метавонист ҳамчунн аввалин размикор аз Тоҷикистон, ки бо UFC қарордод мебандад, ба таърих дохил шавад, лекин дар рақобати финалӣ бо қарори ҳакамон шикаст хӯрд.
Моҳи октябри соли 2022 Муин Ғафуров дар қувваозмоии асосии мусобиқаи LFA 144 дар ИМА бо варзишгари Бразилия Диего Силва рақобат карда, бо нокаут бар ӯ дастболо шуд ва барои имзо қарордод бо UFC ҳуқуқ пайдо кард.