Промоушени маъруфу писандидаи UFC радабандиҳо (рейтингҳо)-и навшудаи размикорони худро ба нашр расонид.

Ҷолиб аст, ки UFC маъмулан радабандии 15 нафар (топ-15) дар ҳар як вазнро чоп мекунад, лекин ин маънои онро надорад, ки аз ин мавқеъ поинтар размикорон нестанд.

Радабандии UFC моҳи феврали соли 2013 ҷорӣ шуда, аз ҷониби як гурӯҳи коршиносони иборат аз намояндагони ВАО таҳия мешавад. Ба онҳо пешниҳод мешавад, ки ба размикороне, ки ба ақидаашон дар вазни худ ва аз рӯи холҳо дар UFC беҳтаринанд, овоз диҳанд. Размикор танҳо дар ҳолате дар овоздиҳӣ иштирок карда метавоанд, ки дар UFC мақоми амалкунанда дошта бошад.

Чанд сол пеш дар Лигаи писандидатарини ҷаҳон дар муҳорибаҳои омехта - UFC ягон размикори тоҷик набуд. Баҳори соли 2023 якбора 4 варзишгар аз Тоҷикистон дар ин лига пайдо шуданд.

Муин Ғафуров 2 қувваозмоӣ гузаронида, ҳардуяшро бохт. Лоиқ Раҷабов дар ду қувваозмоӣ ғолиб омада, дар яктоаш шикаст хӯрд. Нурулло дар як қувваозиоӣ пирӯз шуда, сипас ҷароҳат гирифт ва муддати тӯлонӣ барқарор шуд. Муҳаммад Наимов бошад, дар ҳамаи се рақобати худ ғолиб омада, пас аз ғалабаи чорум метавонад ба рӯйхати 15-гонаи беҳтарин шомил гардад.

Айни замон мавқеи намояндагони Тоҷикистон дар радабандӣ миёни размикорони сатҳи ҷаҳонӣ чандон баланд нест, лекин агар дар қувваозмоиҳо танҳо ғалаба ба даст оранд, ҳамааш метавонад тағйир ёбад.   

Муин Ғафуров (18-6) миёни размикорони беҳтарини ҷаҳон дар мавқеи 76-ум, Лоиқ Раҷабов (18-5-1) - зинаи 54-ум, Нурулло Алиев (9-0) – мақоми 51-ум ва дар зинаи аз ҳама баландтар Муҳаммад Наимов (11-2) – 25-ум қарор доранд.
1/4

Чаро ҳама талош мекунанд, ки дар UFC ҳунарнамоӣ кунанд?

Коршиноси ММА Далер Латипов мегӯяд, Лигаи Дана Уайт аз ҳама писандида ва маъруф буда, аз ин рӯ, размикорон, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ мехоҳанд, ки маҳз дар Лигаи UFC ҳунарнамоӣ кунанд.

“Натанҳо намояндагони Тоҷикистон, балки ҳамаи размикорони ҷаҳон мехоҳанд дар UFC рақобат кунанд. Ин лигаи машҳуртарин, пурқувваттарин ва писандидатарин аст. Ҳунарнамоӣ дар ин промоушен ба ҳама гуна варзишгар имконест барои муаррифии худ дар саросари дунё. Илова бар ин, ин натанҳо имкони пули хуб кор кардан, балки беҳбуди мақому нуфуз (имиҷ)-и худ низ мебошад”, - изҳор дошт ӯ.

Баъди пирӯзии размикор дар якчанд рақобат дар лига, сарпарастон ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ӯ мутаносибан имкон пайдо мекунад, ки зиёдтар пул кор кунад, аз ҷумла аз ҳисоби реклама.

“Пул як сабаби аслиест, ки майли размикоронро ба UFC зиёд мекунад. Дар он ҷо размикор метавонад худро арзанда муаррифӣ намуда, малакаҳояшро сайқал диҳад ва дар маълумотномааш бисёр ҷиҳатҳои мусбат дохил кунад. Дар ҳамин ҳол, дар ҳамаи вазни дивизионҳои UFC ба зинаҳои боло рафтан осон нест. Бисёриҳо рӯҳафтода мешаванд, аз ҷумла аз лиҳози равонӣ, ба фишор тоб оварда наметавонанд. Пас аз ин метавон ҳунарнамоӣ дар UFC-ро фаромӯш кард”, - зикр кард ҳамсуҳбати мо.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.