Пагоҳ, соати 22:30 ба вақти Душанбе, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи бозиҳои даври панҷуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 дар сафар бо тими миллии Урдун вориди майдони рақобат мешавад. Бозӣ дар Варзишгоҳи байналмиллалии Аммони кишвари Урдун мегузарад.
Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Урдун якҷо бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва Покистон дар гурӯҳи “G”-и мусобиқот қарор доранд. Тоҷикистон дар чаҳор бозии гузаштаи худ бо як ғалаба, ду мусовӣ ва як бохт соҳиби 5 имтиёз гардида, дар зинаи сеюми гурӯҳ мавқеъ касб кардааст. Арабистони Саудӣ бо доштани 9 имтиёз ва Урдун, ки рақиби асосии Тоҷикистон дар гурӯҳ гуфта мешавад, бо 7 хол зинаҳои якум ва дуюмро ишғол кардаанд.
Бояд гуфт, ки дастаҳое, ки зинаҳои якум ва дуюмро дар гурӯҳӣ худ соҳиб мешаванд, ба марҳилаи сеюмӣ бозиҳоии интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 роҳ меёбанд ва дар баробари ин, роҳхати мустақимро ба Ҷоми Осиё-2027 дарёфт мекунанд.
Ба гуфтаи коршиносон бозӣ бо Урдун барои Тоҷикистон аз ҳассостарин рақобатҳо дониста мешавад, зеро дар сурати бохт лоиҳаи стратегияи рушди футбол дар Тоҷикистон – “Орзу-2026”, ки солҳо қабл барои рушди футболи кишвар ва роҳхат гирифтани тими миллӣ ба Ҷоми Ҷаҳон-2026 татбиқ шуда буд, ноком мешавад.
Дар сурати пирӯзии Тоҷикистон бар Урдун ва ғалаба бар муқобили Покистон дар бозии охир, тими милли футболи кишвар барои аввалин бор ба марҳилаи сеюми интихобии мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон роҳ меёбад. Ҳамчунин, дар ҳолати баромадан аз гурӯҳ футболбозони тоҷик роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027-ро ҳам ба даст меоранд.
Аҳамияти ин рақобатро ба назар гирифта, “Азия-Плюс” аз чанд коршиноси футбол пурсид, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон то куҷо имкон дорад, то дар ин бозии ҳассос ғолиб гардад?
Анвар Мирзоев, коршиноси футбол ва аъзои комиҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ишора ба баргузории бозӣ дар майдони Урбун гуфт, ғалаба бар ин даста мушкил мешавад, вале имконпазир аст.
“Пешгӯӣ дар ин бозӣ мушкил аст, зеро баъди бозиҳои Ҷоми Осиё мо ягон бозии тими миллиро надидем. Аммо ман ду тахмин дорам, ҳолати барои мо хуб, бозӣ бо ҳисобӣ мусовӣ анҷом меёбад. Ҳолати нохуб, бо ҳисоби 1 бар 0 мо ба бохт дучор меоем. Аммо хатои асосии мо ин мусовӣ бо Урдун дар Душанбе буд”, - гуфт ин коршинос.
Футболбозони мо пирӯз мешаванд, агар...
Инъомиддин Аҳмадзод, шореҳи телевизиони “Варзиш” бар ин назар аст, ки имконияти ғалабаи Урдун бо назардошти он ки онҳо дар назди мухлисони худ бозӣ мекунанд, бештар аст. Аммо, ба фикри ӯ, натиҷаҳои охири дастаи мунтахаби мо умедворкунандаанд.
“Бешубҳа, пирӯзӣ бар Урдун барои футболбозони мо осон нест, аммо агар онҳо дар баробари маҳорати варзишии худ боз бо ҳисси баланди миллӣ ва ба ёди он, ки тамоми мардуми тоҷик тарафдоришон мекунанд, ба майдон биёянду бозӣ кунанд, ҳатман рақибро шикаст хоҳанд дод”, - иброз дошт шореҳи ТВ “Варзиш”.
Ба андешаи Инъомиддин Аҳмадзод, рафти бозиро футболбозони мо аз дифоъ шурӯъ мекунанд ва сармуррабии мунтахаби кишвар, Гела Шекиладзе бо усули истифодаи имкониятҳо аз иштибоҳҳои рақиб ва созмон додани ҳуҷумҳои ҷавобӣ кор хоҳад гирифт.
Нигаронӣ аз даъват нашудани баъзе аз бозигарон ба ҳайати тими миллӣ
Фаррух Набиев, мудири гурӯҳи “Ҷаҳони футболи тоҷик” аз он нигарон аст, ки ситоди мураббиён баъзе аз бозингаронеро, ки вақтҳои охир хуб медурахшанд, ба ҳайат ҷалб накардаанд.
“Мураббӣ бояд дар хатти ҳамла дигаргунӣ ворид мекард. Ҳамлагарони дастаи мо, Шаҳром Самиев ва Рустам Соиров дар бозиҳои охир ҳам дар тими миллӣ ва ҳам дар бошгоҳҳояшон фаъол нестанд, аммо онҳоро ба ҳайат даъват карданд. Баръакс Шериддин Бобоев аз дастаи “Ҳосилот”, ки дар ҳолати хуби варзишӣ карор дорад, бояд ба ин бозӣ даъват мешуд. Ҳамчунин, Далер Шарипов аз дастаи “Металлург”-и Ӯзбакистон, ки дар бозиҳои охир худро хуб нишон дода, гол зада истодаст, низ бояд ба ҳайати дастаи мунтахаб ҷалб мегардид”, - гуфт Фаррух Набиев.
Бозии санҷишӣ надоштем
Шӯҳрат Қобилов, мухлис ва донандаи хуби футболи тоҷик мутассиф аз он аст, ки дастаи мунтахаби футболи кишвар ягон бозии санҷишӣ баргузор накард, то камбудӣ ва бартарии тимро нишон диҳад.
“Аз ростӣ, аз имконоту омодагии тактикиву бозисозии мунтахаб на фақат мо, шояд худи наздиктарин масъулини мунтахаб низ хабар надошта бошанд. Чун, новобаста аз оне, ки мураббӣ нав аст, мутаассифона, ягон бозии санҷишӣ баргузор карда нашуд, ки камбудӣ ва ҷиҳатҳои бартарии мунтахабро нишон диҳад. Бояд ҳадди ақал бо ягон дастаи сатҳи Урдун ва ё ягон тими лигаи олӣ бозии санҷишӣ баргузор мекардем, то вазъи кунунии мунтахабамон аён гардад. Масалан метавонистем бо Ироқ ва ё Сурия бозӣ баргузор кунем, - мегӯяд Шӯҳрат Қобилов.
Қобилов пешгӯии худро аз ин бозӣ чунин баён кард: “Ғолибияти мо - муъҷиза. Мусовӣ - бо эҳтимоли кам. Бохт - ба воқеият наздик. Аз ин рӯ умед танҳо ба муъҷизаи футбол мемонад”.
Қаблан дар марҳалаи интихобии Ҷоми ҷаҳон Тоҷикистон дар майдони худ бо тими миллии Урдун мусовӣ карда буд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2026 аз 11 июн то 19 июл бори нахуст дар се кишвар - Канада, Мексика ва ИМА баргузор мешавад. Ҳамчунин бори аввал дар ин чемпионат 48 даста иштирок мекунанд.
СПИД в Таджикистане: Как и кто в Таджикистане рассказывает детям об этом заболевании?
Сам заразил, но жену обвинил. Женщины с ВИЧ подвергаются в Таджикистане дискриминации
Шириншо Шотемур. Первый гражданин Таджикистана
Ноябрь-2024: Климатические инициативы, процесс за закрытыми дверями, падение рубля и горячая линия для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 1 декабря 2024 года
Темурхон Каюмов: золотой путь к успеху в карате
Гастрономические открытия Китая: пять ресторанов, которые изменят ваше представление о кухне
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "Крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста