Душанбе. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДДМТ) ба муносибати таҷлили ҷашни 60-умин солгарди ДДМТ ва 60-умин солгарди зодрӯзи профессор, доктори улуми техникӣ, мудири кафедраи журналистикаи байнулмилалии донишгоҳ Иброҳим Усмонов конфронси илмӣ баргузор шуд.

Дар конфронс гузориши профессор Асадулло Саъдуллоев дар мавзӯи «Иброҳим Усмонов - таҳқиқотчии журналистика» шунида шуд, ки дар он перомуни саҳми профессор Усмонов дар рушди рӯзноманигории тоҷик ва омодасозии кадрҳои журналистӣ дар кишвар сухан рафт.

Дар конфронс ҳамчунин маҷмӯаи гузоришу мақолот таҳти унвони «Озодамард» низ муаррифӣ гардид, ки дар он гуфтаҳои олимон, сиёсатмадорон ва шогирдони И.Усмонов дар бораи шахсияти ӯ гирдоварӣ карда шудаанд.