Ба гумони риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба садама бо микроавтобус дар ноҳияи Петровскийии вилояти Саратов ва ҳалокати 5 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон боис гардид, ронандаи автомашинаи боркаш (фура) боздошт шудааст.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости, шоми рӯзи душанбе микроавтобуси Volkswagen Caravelle ва автомашинаи боркаши "Камаз" дар роҳ ба ҳам бархӯрда, 5 нафар ҳалок ва 6 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, ки ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Дар Вазорати тандурустӣ гуфтаанд, вазъи маҷрӯҳшудагон вазнин аст.

Тибқи маълумоти пешакии ВКД, дар ин садама ронандаи 28-солаи автомашинаи «КамАз» ба микроавтобуси дар шоҳроҳ ҳаракатдошта роҳ надодааст.

«Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ронадаи автомашинаи боркаш боздошт ва масъалаи кадом навъи чораи пешакӣ андешидан нисбати ӯ ҳаллу фасл мешавад», - гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки дар сурати исботи гунаҳкории ронандаи автомашинаи боркаши «КамАз» дар ин садама, ба ӯ то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.