Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) соли гузашта 16,5 фоиз аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи истеҳсолшударо дар воҳидҳои зертобеъи «Барқи тоҷик» истифода кардааст.
«ТАЛКО соли гузашта 2 млрд. 533,3 млн. кВт/соат нерӯи барқ гирифт, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 - 412,2 млн. кВт/соат камтар аст», - хабар дод раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода зимни нишасти хабарӣ.
Соли 2016 корхонаи алюминии Тоҷикистон 2 млрд. 945,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода карда буд.
Ӯ қайд кард, ки соли 2017 ҳаҷми умумии нерӯи барқи истеҳсолшуда аз ҷониби воҳидҳои зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик» 15 млрд. 359,1 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 2016 - 955,8 млн. кВт/соат зиёдтар мебошад.
Ҳамин тариқ, аз ҳаҷми умумии нерӯи истеҳсолкардаи корхонаҳои «Барқи тоҷик» ТАЛКО соли 2017 - 16,5 фоиз ва соли 2016 - 20,4 фоизашро истифода кардааст.
Тарифи нерӯи барқ барои ТАЛКО аз 1 май то 30 сентябр 7,20 дирам барои 1 квт/соат ва мавсими зимистон (аз1 октябр то 30 апрел) - 11,80 дирамро ташкил медиҳад. Барои аҳолӣ айни замон 1 кВт/соат нерӯи барқ 16,85 дирам арзиш дорад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», соли гузашта арзиши аслии 1 кВт/соат нерӯи барқ 17,8 дирам ва тарифи миёна - 15,9 дирамро ташкил додааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Планы Нозии и Мухаммадрофеъ «петь на радость поклонникам и служить стране»
Tcell подписал меморандум с Ilmhona и Re-skill
«Мы никому не рассылали СМС»: «Почтаи точик» предупреждает о мошенниках
В Узбекистане разрешили передавать вокзалы и железнодорожные составы в частные руки
ЕБРР запускает программу «Молодежь в бизнесе» в Таджикистане
«Мама читала, я запоминала». Как Фарахбахш, несмотря на слепоту, победила в конкурсе «Книга – мудрости зари сиянье»
Как Малика Джуракулова меняет мир и борется за права таджикских женщин
На дорогах Душанбе всё чаще замечают LiXiang L9: что за автомобиль покоряет столицу?
Google Pay с Mastercard от Алифа уже доступен: оплачивайте покупки телефоном бесконтактно
«Барки точик»: Если бы не модернизация, мы могли вообще остаться без электроэнергии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста