Тоҷикистон имсол 1,3 млн. тонна сементро ба хориҷи кишвар содирот намуд, ки 40% аз ҳаҷми умумии сементи истеҳсолшударо дар кишвар тӯли 11 моҳи соли равон ташкил медиҳад.

Бино ба маълуомти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, дар ин давра дар корхонаҳои сементбарории кишвар 3,5 млн. тонна семент истеҳсол шудааст, ки чунин ҳаҷми истеҳсол бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон (соли 2017 – 3,1 млн. тонна ва ин ҳаҷм ҳам рекордӣ) мебошад.

Истеҳсоли чунин ҳаҷми семент дар соли ҷорӣ ба туфайли фаъолияти пурсамари корхонаҳои “Чунгтсай Моҳир семент” (30,5% аз ҳаҷми умумии истеҳсол), “Хуаксин Ғаюр семент” (28,6 %), “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” (25,8%) таъмин шуд. Ҳиссаи корхонаи “Сементи тоҷик”-и пойтахт ҳамагӣ 6,4% аз ҳаҷми умумии истеҳсолро ташкил медиҳад.

Тайи солҳои охир Тоҷикистон тавассути роҳандозии иқтидорҳои нави муштарак бо Чин ҳаҷми истеҳсоли сементро ба таври назаррас афзуд. Тӯли ҳашт соли охир сармоягузорони Чин ба Тоҷикистон дар қариб даҳ баробар зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли семент кумак карданд.

Дар ҳамин ҳол, давоми моҳҳои январ-ноябри ҳудуди 1,3 млн. тонна сементи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя содирот шуд, аз ҷумла 738 ҳазор тонна - ба Ӯзбекистон, 481 ҳазор тонна - ба Афғонистон ва 85 ҳазор тонна - ба Қирғизистон.

Қариб 96% аз ҳаҷми умумии содироти семент ба 3 корхонаи дар боло зикршудаи муштараки Тоҷикистону Чин  рост меояд:  «Чунгтсай Моҳир семент» - 35,7%, «Хуаксин Ғаюр цемент» - 33%, «Хуаксин Ғаюр Суғд» -  27,2%.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон айни замон 13 корхона ба истеҳсоли семент машғул буда, иқтидори солонаи онҳо наздики 5 млн. тонна арзёбӣ мешавад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.