Тӯли 10 моҳи соли равон маҳсулоти корхонаҳои сементи Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 1,1 млн. тонна ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя ворид шуд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30% зиёдтар мебошад.
Аз ҷумла 670 ҳазор тонна семент – ба Ӯзбекистон, 423 ҳазор тонна – ба Афғонистон ва 80 ҳазор тонна – ба Қирғизистон содирот шудааст, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.
Дар содироти семент ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент” 32,6 % (аз ҳаҷми умумии содирот), “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 24,2 %, “Чунгтсай Моҳир семент” 38,5 % саҳмгузорӣ намудаанд.
Давоми 10 моҳи соли гузашта Тоҷикистон 842 ҳазор тонна ва ҳамин давраи соли 2016 ҳамагӣ каме бештар аз 282 ҳазор тонна семент содирот карда буд.
Тоҷикистон ба содироти семент ба кишварҳои ҳамсоя соли 2015 шурӯъ намуда буд: ҳамон сол семент дар ҳаҷми ҳамагӣ наздики 500 тонна ба хориҷи кишвар фурӯхта шуд.
Истеҳсоли семент
Давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ корхонаҳои Тоҷикистон дар мамӯъ 3,2 млн. тонна семент истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28% зиёдтар мебошад. Давоми 10 моҳи соли 2017 дар ҷумҳурӣ 2,5 млн. тонна семент истеҳсол шуда буд.
Қариб 90%-и истеҳсоли семент ба корхонаҳои дар боло зикршудаи Тоҷикистону Чин - «Чунгтсай Моҳир семент» (30,9% аз ҳаҷми умумии содирот), «Хуаксин Ғаюр семент» (28,1%) ва «Хуаксин Ғаюр Суғд» (25,9%) рост меояд. Ҳиссаи корхонаи “Сементи тоҷик”-и пойтахт ҳамагӣ 6,5% аз ҳаҷми умумии истеҳсолро ташкил медиҳад.
Тайи солҳои охир Тоҷикистон тавассути роҳандозии иқтидорҳои нави муштарак бо Чин ҳаҷми истеҳсоли сементро ба таври назаррас афзуд. Тӯли ҳашт соли охир сармоягузорони Чин ба Тоҷикистон дар қариб даҳ баробар зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли семент кумак карданд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон айни замон 13 корхона ба истеҳсоли семент машғул буда, иқтидори солонаи онҳо 4,7 млн. тонна арзёбӣ мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Военную одежду в Таджикистане будут продавать только по предъявлении служебного документа
При пожаре на агроферме в Татарстане погибли шесть граждан Узбекистана
Грязный воздух в Душанбе: дышите неглубоко и реже
Узбекистан и Казахстан станут партнерами БРИКС
В США за четыре года задержали 825 граждан Таджикистана
В России введут ГОСТ на шаурму
В Таджикистане отмечена рекордно низкая за все годы независимости инфляция
Дружба дружбой, а бизнес бизнесом. Узбекистан повысил растаможку таджикского цемента
Китай, Кыргызстан и Узбекистан соединит железная дорога. Ее строительство начнется 27 декабря
Власти РФ рассказали, когда начнется тестирование детей мигрантов на знание русского языка
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста