Идомаи гуфтугӯйи хабарнигори Asia-Plus бо донишманди барҷастаи тоҷик, академик Акбари Турсон.
Бахши аввали ин мусоҳиба рӯзи 1-уми октябр ба ифтихори 80-солагии Устод дар торнамои Asia-Plus таҳти унвони “Акбари Турсон: Ҳеҷ гоҳ суди шахсӣ наҷустаам...” нашр гардида буд.
Ҳакимони ҷаҳонро мижа хунполост...
- Расо нисфи умри Шумо дар хориҷи кишварамон гузаштааст: 23 сол дар шаҳрҳои бузурги СССР: Москва ва Ленинград (Санкт-Петербург) будед ва 17 сол дар Амрико (Вашингтон, Ню-Йорк ва Филаделфиё) зиндагӣ кардаед. Ва чӣ будани Ватану ёди Ватанро нағз медонеду амиқ эҳсос мекунед. Лутфан, тасаввури худро оид ба меҳру ёди Ватан нақл кунед. Андешаи Шумо аз ин боб хусусан барои насли ҷавон муфиду сабақомӯз хоҳад буд.
- Чун сурату сирати ҳамагон як хел нест, шахсони ҷудогона ватанашонро ҳам ба тариқи гуногун ёд мекунанд. Як шоири деҳотии тоҷик баъд аз он ки ҷалои Ватан карда, дар шаҳристони ғарбӣ сокин шуд, соли аввали муҳоҷираташ меҳанаш ва ҳаммеҳанонашро нафратомез ба ёд оварда, навишта буд:
Аз шаҳри ман ба ғайри сафедии пахтааш
Дар ёди ман сафедии дигар намондааст.
Ҳар одамаш мусаввадаи одам асту бас,
Як одами сафед ба хотир намондааст…
Лекин аз байн ҳамагӣ ду-се сол нагузашта, ёди Ватанаш ӯро чунон азоби рӯҳию равонӣ дод, ки ҳасратомезона мегуфт: “Мекашад хокаш, Хоку хошокаш”...
Мани шаҳрзод ҳам ҳангоми дар Амрико зистанам Ватанамро пайваста ёд мекардам, вале ба тариқи дигар. Дар лавҳаи хотирам ҳамеша маросими илҳомбахши ҷашни Наврӯз эҳё мешуд. Он рӯз мо, бачагони сарибозорӣ, одатан ба даште мерафтем, ки давоми кӯҳистони Исфара буд. Мо дар ҷо бойчечак чида, дастагул месохтем ва сонӣ дару дарвозаҳои мардуми маҳаллаамонро кӯфта, суруди бачагонаи мавсимиро бо овози баланду ҷарангосӣ мехондем: “Бойчекак, бойчекак, майдони бобом кунғеҷак!..” Ва аҳли хонадон баромада, бойчекакро аз дастамон гирифта, “ба расондагиаш шукр” гӯён ба чашмонашон мемолиданд ва ба унвони шодиёна ба мо қанду қурс ҳадя мекарданд...
Дар садаи гузашта давлати томгарои шӯравӣ чордевори суннатҳои моро шикастанӣ шуда, соли 1926 иди Наврӯзро ҳамчун “маросими мусулмонӣ” расман манъ кард. Вале рӯҳу равони халқ, ки пайвандагари аслҳову наслҳост, пойдор монд. Чаро ки истеҳкомаш на дар шуур, балки дар таҳтушуур қарор дошт. Аз ин рӯ, ҳам селоби ҳамагиру ҳамабари идеологӣ, бо вуҷуди он ҳама қудрати бузурге, ки дошт, пайванди маънавии аҷдоду авлодро канда, моро ба манқурти шӯравимаоб табдил дода натавонист.
Дар паси ин ҳама истодагарии таърихӣ чизе кирои шарҳ додан ҳаст: Манзурам ҳамбастагии аслҳову наслҳост, ки дар суннати фарҳангии мардумони порсизабон аз рукнҳои фарҳангҳои сойири миллатҳои дунё қавитар бувад! Ҷашни Наврӯз аз ҷумлаи аслҳои фарҳанги панҷҳазорсолаи Ориёно буда, дар баробари “Шоҳнома” ва забони порсӣ-тоҷикӣ ҳомилу ҳомии маънавии ҳамосаи ҷаҳоншумули қавмҳои ориётабору эронизабон мебошад ва тахтапушти маънавии тоҷикону эрониёни кунуниро таҷассум мекунад. Метавон гуфт, ки забони порсӣ ва ҷашни Наврӯз мабдаъ ва маоди тамаддуни суннатии мостанд ва аз ин маънӣ онҳоро ба унвони ду рамзу рози бақои Эрону Турон дар макону замони иҷтимоӣ пазируфтан бояд.
- Дар таснифи навъҳои ватандӯстие, ки Шумо қаблан дар мусоҳибаҳои расонаӣ номбар карда будед, бароям хусусан оне мавриди таваҷҷуҳ аст, ки ҳамчун ватанпарварии асил ба забон овардед. Лутфан меъёри ҳамин ватанпарварии асилро муфассалтар муаррифӣ кунед.
- Як фарқи назарраси ватанпарварии воқеӣ аз ватандӯстии тазвирӣ ё худнамоёнаю манфиатҷӯёна ин аст, ки вай сарзамини меросиашро дар тамомияти таърихию фарҳангиаш қабул кунад ҳам, ҳусни ватанашро ба мадди назараш гузошта, қубҳи онро сарфи назар намекунад: камолашро ситоиш мекунаду нуқсашро сарзаниш, аммо на ин ки хурдагирона, балки хурдабинона, яъне аз рӯйи дилсӯзии шаҳрвандона. Ва агар бадхоҳи миллаташ “ҳар фарозеро нишебе” гӯяд, вай дафъатан хитоб хоҳад кард: “Ҳар нишеберо фарозе!”
Айни муддао ва ҳақиқати таърихӣ мебуд, агар Абулқосими Фирдавсиро саромади як падидаи хоси фарҳангӣ мавсум ба ватанпарварии интиқодӣ унвон мекардем. Шоири меҳанпарасти мо дар баробари ситоиши ориёзамину паҳлавонҳояш ҷо-ҷо ба худинтиқоди қавмӣ ҳам пардохтааст; зарурати ахлоқӣ пеш ояд, аз сарзанишу мазаммати нозуки паҳлуҳои носазои хулқи эронӣ ҳам худдорӣ намекунад. Фирдавсӣ андешаҳои танқидиашро ба забони чӣ турониёну тозиён ва чи худи эрониён дар қалам овардааст. Вай ҳатто ба кирдорҳои ношоистаи қаҳрамони идеалии “Шоҳнома” Рустам ҳам чашм напӯшида. Чунончи достони Сӯҳробро, ки он ҷо фарзандкушии Рустам қисса мешавад, Фирдавсӣ бо суханоне чунон аламовар анҷом додаст, ки хонанда ба чигунагии мавқеи ахлоқии муаллиф ба зудӣ пай мебарад:
Яке достон аст пуроби чашм,
Дили нозук аз Рустам ояд ба хашм.
Ситамкора хонам-ш ар додгар,
Ҳунарманд гӯям-ш ар беҳунар?!
Муаллифи “Шоҳнома” рафтори ношоиста ва нобоистаи Рустамро аз тариқи ғайримустақим, аз нигоҳи ҷабрдидагон ё наздикони Таҳамтан низ маҳкум мекунад ва бад-ин тариқ мавқеи ахлоқии худро изҳор медорад. Исфандиёр дар сарзаниши «Рустами чорагар» мегӯяд:
Ба мардӣ маро пури Достон накушт,
Нигаҳ кун бар ин газ, ки дорам ба мушт.
Мувофиқи иродаи бадеии Фирдавсӣ худи Рустам ҳам ба мантиқу оҳанги гуфтори Исфандиёр гӯш дода, аз кардааш хиҷолат мекашад: «Ҳаме рехт хун аз ду дида ба шарм».
Дар достони Рустаму Шағод бошад, Рудоба ба Кирдигори Ҷаҳон рӯй оварда, мегӯяд:
Ки «эй бартар аз ному аз ҷойгоҳ,
Равони Таҳамтан бишӯй аз гуноҳ!»
Дар марҳилаи навини таърихи тоҷикон (охирҳои қарни XIX ва аввалҳои қарни XX) се фарзанди барҷастаи Бухорои Шариф – Аҳмади Дониш, Мирзосироҷи Ҳаким ва Садриддин Айнӣ суннати меҳанпарастии дилсӯзона ва огоҳонаро давом додаанд.
Дар шарҳи ин хулосаи куллӣ аз саёҳатномаи яке аз ҷадидони насли дуюми Бухоро Мирзосироҷи Ҳаким як мисол меорам. Вай баъди аз Аврупо ба ватанаш Бухоро гашта омаданаш Порисро ба ёд оварда, гуфтааст: “Маъюс ва муқаддар шудам, ки чаро аз чунин маҳалли ираммонанд хориҷ гардида, аз чунин мардумони боилму ботарбият, ки тамоми аҳолии олам рашки онҳоро доранд, дур мешавам ва меравам миёни як ҷамоа мардуми бетарбият ва биноҳои касифу хонаҳои махруба. Ва орзу мекардам, ки эй кош мо ҳам андак тарбият шуда, аз фалокату накбат халос мегардидем, он қадар ҳам тамбалу аз илм бехабар намебудем. Боз ҳам ба худ тасалло дода, мегуфтам: ҳар чӣ бошад, ба ватан... меравам, агар бад ҳам бошад, ватани мост: “колаи бад ба риши соҳиб”.
Ва зимнан афзуда: “Мо қадри ватани азизи худро надониста, ба ободӣ ва ислоҳи он намекӯшем. Айб дар ватани мо намебошад, айб ба худи мост”.
Мутаассифона, ин андешаи интиқодии фарзанди асили Бухорои таърихан ақибмонда дар ҷомеаи карахти тоҷикони оғози қарни бистум акси садое эҷод накард. Сабабашро ҳамшаҳрии Миросироҷи Ҳаким – Садриддин Айнӣ гуфтаанд, ки худашон аз ҷумлаи мунаққидони дилсӯзи хулқиёти тоҷикона буданд: “Дар солҳои охирӣ баъзе мутафаккирони аз байни мо сар барзада дарди моро ба худи мо нишон доданд. Мо чун омосдоре, ки дар муқобили ништари ҷарроҳ мешӯрад, ғавғо мекунад, шӯридем, ғавғо барпо кардем. Табибони худро ин кофир, ин ҷадид, ин даҳрӣ, ин зиндиқ гуфтем”.
Дар қадимзамон ҷадди мо ҳангоми муноҷоташ ба Яздон аз Ӯ атои се чизро илтиҷо мекардааст: аввал сабру тоқат, то бо он чизе мудоро карда тавонад, ки тағйир додани он аз дасташ намеояд. Сонӣ қуввату қудрат, то он чизеро тағйир диҳад, ки аз дасташ меояд. Ва седигар ақлу фаросат, то ин ду вазифаро аз ҳам фарқ карда тавонад. Бинобар ин, байти зерини Шайх Саъдиро метавон шиори зиндагии ҳамаи Ватанпарварони асил донист, ки дар афкору аъмолашон аз тафриту ифрот ҳазар мекунанд:
Саъдиё, чора сабот асту мудорову таҳаммул,
Ман ки муҳтоҷи ту бошам, бибарам бори гаронат!
Ҳақиқатан ҳам, чунонки дар таърих аз аҳди Закариёи Розӣ инҷониб мазкур аст, аҳли фазлро шоястӣ ва боястӣ тибби рӯҳониро касб ва корбаст кардан, на ин ки ба ҷарроҳии иҷтимоӣ пардохтан. Ва дар ин ҷодаи худофармуда барои фозилон сӯзангарӣ фарзи айн будаст, на оҳангарӣ! Охир, кореро, ки сӯзани хурду хурдабин сарфакорона ба ҷо меоварад, магар шамшери сарсар, ки барои сарбурӣ сохтаанд, сарсариёна анҷом дода метавонад?!
- Меҳри Ватанро дар зеҳни насли наврас чӣ гуна тарбия кунем?
- Ҳакимони гузаштаи мо андар сиришти ишқ фармудаанд, ки он “омаданӣ бувад, на омӯхтанӣ”.
Дар танзими ин қавли қадим метавон гуфт: меҳри Ватан ҳам навъе аз ишқ аст, вале омӯзонданисту талқин ҳам шуданист. Чаро ки маънии мушаххас ва дараҷаи зуҳури ин ишқи иҷтимоӣ дар рӯзгори фардҳои одамӣ, бо вуҷуди шаҳрвандони як кишвар буданашон, яксон несту яксон нахоҳад буд. Вокуниши Ватан ҳам, агар онро ба иродаи сиёсии давлатдорон баробар донем, дар пасманзари ишқи шаҳрвандӣ яксон несту яксон нахоҳад буд. Ин ҷо саргаҳи ихтилофест, ки ба манфиати ягон тараф нест – на шахсият ва на ҷомеа, чунки рӯзгори чандин фарҳангиро талх карда, пеши шоҳроҳи рушди маънавии инсониятро гирифтааст!
Дар ин росто фармудаҳои ду паёмбари шеъри Аҷамро зикр карда мегузарам, ки зодагони як шаҳри машҳур мавсум ба Шероз буданд, вале андар муносибаташон ба Ватане, ки ба сарнавишти эҷодию иҷтимоияшон бепарвост, хулосаҳои ба ҳам мухолифро бароварда буданд. Яке дастури Шайх Саъдӣ мебошад, ки дар байти зерини ӯ сабт шудааст:
Саъдиё, ҳубби Ватан гарчӣ ҳадисест шариф,
Натавон мурд ба сахтӣ, ки дар ин ҷо зодам.
Соиби Исфаҳонӣ дастури Саъдиро тақвият дода, аз ҷониби худ афзудааст:
Хоки ғурбат бувад оинаи арбоби cухан,
Тӯтӣ он беҳ, ки равад аз шакаристон берун.
Ва он дигар дастури Хоҷа Ҳофиз мебошад, ки ҳикмати зиндагии худи ӯст. Хоҷаи Бузурги Эрон ватани хурдашро “обу ҳавои Шероз аҷаб сифлапарвар аст” гуфта, пайваста аз замину замонаш менолид, вале зодгоҳашро тарк накард. Фақат боре азми Ҳиндустон карда будаст, вале он амалӣ нашуда. Байти зеринро шояд дар нимароҳи сафараш нигошта бошад:
Ғами ғарибию ғурбат чу барнаметвонам,
Ба шаҳри худ раваму шаҳриёри худ бошам!
Боре Ҳофиз ҳатто гуфта будаст:
Фурӯмонда ба шаҳри худ бо хасон
Беҳ аз шаҳриёрӣ ба шаҳри касон!
- Ваҳдати миллӣ масъалаест, ки аз соли 1997 инҷониб мавриди гуфтугӯйи ҳама қишри ҷомеа қарор гирифтааст. Суоли ман ба нақши забон ҳамчун омили ваҳдат дахл дорад. Оё ҳозира забони тоҷикӣ ба ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад?
- Мутаассифона, забон дар ҳалли ин вазифаи мубрами иҷтимоию сиёсӣ ҷавобгӯйи тақозои таърихию фарҳангии замона нест. Чаро ки мо ҳанӯз забони меъёрӣ ё нормативӣ надорем; ҳатто принсипҳои ташаккули истилоҳоти илмиамон яксон нестанд! Луғати нави имло, ки мебоист омили муассири ваҳдати забони тоҷикӣ бошад, баръакс, моро аз ҳам ҷудо кард...
Масъала ҷиҳати куллитар низ дорад, ки аз менталитети сунатии мо сар мезанад. Ҳангоме ки дар Амрико будам, шодравон Муҳаммадҷони Шакурӣ “Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист” ном китобашонро лутфан ба ман фиристода буданд. Онро мутолиа карда, дар ғояти тааҷҷубу таассуф аз як ҳақиқати нохуш хабар ёфтам. Эшон, ки шоҳиди зиндаи харҷу марҷи иҷтимоию сиёсии ҳудуди солҳои ҳаштодуму навадум буданд, тамоюли маданиятситези воқеаи мазкурро ба мадди назар гузошта, ҷузвиёти зерини онҳоро дар қалам овардаанд: “Шахсоне сар бардоштанд, ки ҳар кадомашон мехостанд забони деҳаи худро забони адабӣ эълон кунанд. Ин маҳалгаройҳои тангназар, ки оқибат боиси барбод рафтани ягонагии миллӣ гардиданд, даъво карданд, ки адибоне чун Айнӣ ‘нависандагони дурага’ буданд ва ба ‘забони дурага’, яъне омехтаи форсиву туркӣ, асар навиштаанд, забони онҳо забони кӯчагист ва ҳоказо. Касоне пайдо шуданд, ки забони осори Айнӣ ва нависандагони пайрави ӯро ‘забони манғитӣ’ номиданд, яъне ки тоҷикии тоза нест”.
Мо, тоҷиконро ҳатто номи забонамон аз ҳам ҷудо мекунад.
Агар гурӯҳе онро тоҷикӣ хонда, бад-ин росто ҳатто таҳрири аввали “Қонуни забон”-ро (соли 1989) худсарона ислоҳ карда бошад, гурӯҳи дигар бо ҳамон қатъият онро “забони форсӣ” медонад, ки албатта, таърихан дуруст аст, вагарна мо ҳаққи таърихиамонро ба осори бузурги адабие, ки ба “адабиёти форсӣ” мавсум ва машҳур аст, аз даст медиҳем! Дар заминаи ҳамин далели қотеъ ман ҳангоми таҳрири “Қонуни забон” формулаи “забони тоҷикӣ (форсӣ)”-ро ба унвони як навъ созиши сиёсию идеологӣ ихтироъ карда будам, ки дар рафти баҳси шадид бо роҳбарияти ҳизбии Тоҷикистон (асосан Котиби дувуми он П.К.Лучинский) расман пазируфта шуд. Вале пас аз панҷ сол, ҳангоме ки Тоҷикистони мо мустақил шуд, Шӯрои Олӣ бар хилофи чашмдошт ба ҷойи “форсӣ”-ро аз қавсайн бароварда “тоҷикӣ”-ро дар қавсайн овардан “форсӣ”-ро умуман аз матни қонун бароварда партофт! Ҷиҳатҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва идеологии ин иқдоми кӯтоҳбинона ба гуфтугӯйи алоҳида ва муфассал ниёз дорад...
(Давом дорад)
Маълумотнома
Акбари Турсон 1-уми октябри соли 1939 дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст.
Соли 1961 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (айни ҳол ДМТ)-ро бо ихтисоси “фалсафа” хатм кардааст. Солҳои 1961-1963 ходими хурди илмии Шуъбаи физикаю математикаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1963-1967 аспиранти шуъбаи мазкур, 1969-1979 ходими калони илмии Институти фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1979-1986 ҷонишини сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Тоҷик буд. Директор ва мудири шуъбаи таърихи тамаддуни Осиёи Марказии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон (1986-1992), муовини директори Институти иқтисодии ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байнулмилалии АИ Тоҷикистон (1993-1994).
Аз соли 1994 то 2011 дар ИМА кор ва фаъолият кардааст.
Соли 2011 ба Тоҷикистон баргашта, дар вазифаи директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон то соли 2015 фаъолият кардааст. Аз апрели соли 2015 ба нафақа баромадааст.
Доктори илмҳои фалсафа, профессор, академики Академияи илмҳои ҶТ Акбари Турсон муаллифи зиёда аз 250 мақола ва асарҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва публисистӣ мебошад. Дар таълифоти худ масъалаҳои фалсафии улуми табиатшиносӣ, ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм, проблемаи инсон ва кайҳонро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафа, шарқшиносӣ, фарҳангшиносӣ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Гастрономические открытия Китая: пять ресторанов, которые изменят ваше представление о кухне
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "Крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Зеленский заявил о готовности заморозить войну с Россией в обмен на членство в НАТО
Какую погоду ожидать в Таджикистане в декабре?
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами
Инновации в сельском хозяйстве и новые законы: президент провел заседание правительства
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Мобильная связь под контролем МВД, пик рубля, нехватка воды в Нуреке и нерабочая горячая линия для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 30 ноября 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста