Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар торнамои расмии худ бо нашри акс ва маълумоти кӯтоҳ истирдоди собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти халқии Тоҷикистон Хӯҷа Каримовро аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе тасдиқ кардааст. 

“Дар натиҷаи ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо субъектони хориҷӣ шаҳрванд Хӯҷа Каримов дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дастгир карда шуда, 16-уми феврали соли 2020 ба Тоҷикистон истирдод гардид”, - хабар додааст ВКД ҶТ.

Дар иттилои нашркардаи ВКД ҳамчунин омадааст: “Шаҳрванд Каримов Хӯҷа Раҳимович (Хӯҷа-командир) санаи 1-уми октябри соли 1960 дар деҳаи Қизил-қалъа, ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон таваллуд шудааст, барои содир кардани ҷиноятҳои бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон дар кофтукови расмӣ қарор дошт”.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар муроҷиати худ аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст: “Агар вобаста ба ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрванд Каримов Хӯҷа Раҳимович маълумот ва далеле доред ва ё мавриди амалҳои ҷинояткоронаи ӯ қарор гирифтаед, метавонед тавассути телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21, тариқи рақамҳои 227-10-07, 93-992-01-96 ба Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД муроҷиат намоед”.

Ёдрас мекунем, Хӯҷа Каримов фармондеҳи саҳроии “Фронти халқӣ” буда, солҳои 1992-1993 ба ҳайси муовини аввали бригадаи махсуси Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва собиқ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон кор кардааст.

Вай моҳи ноябри соли 1998 дар бинои парлумон ба ҳабс гирифта шуд. Ба ӯ айбнома оид ба ташкили куштори вакилон Саидшо Шоев ва Тағай Шукуров пешниҳод гардид, аммо баъди чанде аз ҳабс озод шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.