Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) бо мақомоти масъул ба соҳаи тандурустии Русия мудом дар тамос буда, меъёрҳои иҷозаи истифодаи ваксинаро баррасӣ мекунад.
Тавре Deutsche Welle менависад, намояндаи СҶТ Тарик Язаревич гуфтааст, ҳамаи маълумот доир ба бехатарӣ ва муассирии ваксина бояд бечуну чаро ва дақиқан санҷида шавад.
Қаблан Созмон аз Русия даъват карда буд, ки зимни таҳия ва коркари ваксина меъёрҳои муқарраршударо барои истеҳсоли маводи тиббии бехатар ва муассир риоя намояд.
Дар Олмон сабти ваксинаро бе марҳилаи сеюми ҳалкунандаи озмоишҳои клиникӣ санҷиши хатарнок барои одамон номиданд.
Мувофиқи мъёрҳои глобалӣ дар омӯзиш ва санҷиши вактсинае, ки аз ҷониби СҶТ таҳия мешавад, дар марҳилаи сеюм таъсири ваксина дар якчанд ҳазор нафар санҷида мешавад.
Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 11 август дар машварат бо аъзои ҳукумат дар бораи сабти нахустин ваксина аз коронавирус дар ҷаҳон хабар дод.
Ваксина дар Маркази миллии таҳқиқоти эпидемиологӣ ва микробиологии ба ноами Н.Ф.Гамалей коркард шудааст. Дар бораи анҷоми озмоишҳои клиникии он аввали моҳи август хабар дода шуд. Ояндаи наздик ваксина бояд ба муассисаҳои тиббӣ фиристода шавад.
Тибқи маълумоти хабаргузории AFP, айни замон шаш ваксина, ки аз ҷониби ширкатҳои давлатҳои Ғарб ва Чин коркард шудаанд, марҳилаи сеюми озмоишҳоро мегузаранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.