Шабакаи нави телевизионии Тоҷикистон "Илм ва табиат" соати 11.30 имрӯз, 14-уми апрел корашро оғоз кард. Маросими расмии оғози кори ин шабака бо ҳузури муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатторӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Нуриддин Саид ва дигар намояндаҳои сохторҳои давлативу фарҳангиёну донишмандон сурат гирифт.
Дар ин бора ба "Азия-Плюс" Зинатулло Исмоилзода, мудири ин шабакаи тозатаъин хабар дод.
Ба гуфтаи Исмоилзода др ҳоли ҳозир ин шабака 18 соат нашарот дошта, қарор аст дар давоми сол он ба 24 соат расонида шавад.
Исмоилзода гуфт, ки тамоми барномаҳо ва филмҳое, ки дар ин шабака дубляж ва нашр мешаванд ҳама ба забони тоҷикӣ мебошанд. "Ҳадаф аз таъсис ва роҳандозии шабака тарғиби дастовардҳои илм, ҷалби таваҷҷуҳи насли нави Тоҷикистон ба илм ва ҳамагонӣ кардани тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ мебошад",-гуфт мудири шабака.
Барномаҳои "Арса" дар мавриди навгониҳои илмии ҷаҳонӣ, "Арши илм" дар бораи нобиғаи илм, "Сайри Кайҳон" дар мавриди кайҳон ва нуҷум, "Чор унсур", "Дар оғӯши табиат" ва "Дили санг" барномаҳое ҳастанд, ки таҳия ва дар ин шабака нашр мешаванд.
Шабакаи телевизионии “Илм ва табиат” нуҳумин шабакаи телевизионии давлатии сартосарӣ дар Тоҷикистон аст. То кунун дар Тоҷикистон шабакаи телевизионии хусусии сартосарӣ вуҷуд надорад ва талошҳои таъсиси ин гуна шабака ҳамеша ба нокомӣ анҷомидааст.
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Нуриддин Саид дар нишасти хабарии тобистони соли 2020 гуфта буд, ки ният доранд шабакаи дигари телевизиониеро бо номи "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" низ таъсис бидиҳанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
От "Связи" до "Дусти": Как менялась главная площадь Душанбе?
Что будет, если в Землю врежется небольшой астероид?
Таджикская девушка-боец: Как Фотима Холова остается сильной
Какие достопримечательности можно посмотреть в Иране?
Google сам себе разрешил использовать ИИ для создания оружия и технологий слежки
Чемпионат Таджикистана – третий снизу в рейтинге лиг стран бывшего СССР
Президент США заявил о "неслыханном уровне коррупции" в USAID и потребовал его закрыть
Эмомали Рахмон подписал указ о повышении зарплат, пенсий и стипендий
Как изменились ставки земельного налога в Таджикистане?
Трамп допустил вероятность встречи с Зеленским на следующей неделе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста