Эрон як ҳайати гурӯҳи "Толибон"-ро барои музокироти сулҳи Афғонситон ба Теҳрон даъват кардааст. Қарор аст, ки ин ҳайати "Толибон" бо як гурӯҳи сиёсатмадорони Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Юнуси Қонунӣ, муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон, ки ба Эрон сафар кардааст, дидор кунанд. Дар ин бора "Тулуънеюс" хабар медиҳад.
Муҳаммад Наим, сухангӯйи ҳайати сиёсии "Толибон" дар Қатар гуфтааст, ки Эрон як ҳайати ин гуруҳро бо раҳбарии Аббос Истоникзай, узви аршади ҳайати "Толибон"-ро аз Давҳа барои "нишастҳои дуҷониба" даъват кардааст.
Расонаҳои Афғонситон менависанд, ки ин ҳайати Толибон дар назар аст бо Юнус Қонунӣ ва сиёсатмадорони дигари Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кунанд.
Аъзои дигари ҳайати Кобул, Карим Хуррам ва Иршод Аҳмадӣ аз нафарони наздик ба Ҳомид Карзай раисҷумҳури пешини Афғонистон, Салом Раҳимӣ мушовири Ашраф Ғанӣ, Зоҳир Ваҳдат намояндаи Ҳизби ваҳдати миллии Афғонистон ва Муҳаммадуллоҳ Батош, узви аршади Ҳизби ҷунбиши миллӣ бо раҳбарии Дӯстум гуфта мешаванд.
Даъвати Теҳрон барои музокирот дар ҳолест, ки дирӯз Мутлақ Қаҳтонӣ, фиристодаи вижаи Қатар барои сулҳи Афғонистон ба Кобул омадааст ва мехоҳад бо раҳбарони Афғонистон масъалаи сураъат бахшидани музокироти сулҳи ҳайати Афғонистон бо "Толибон"-ро дар Қатар баррасӣ кунад.
Сафари Қаҳтонӣ дар шароите анҷом мешавад, ки бояд як ҳайате аз сиёсатмадорони Афғонистон бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон барои гуфтугӯ бо "Толибон" ба Қатар мерафтанд, вале бар асари ҳамлаҳои бесобиқаи "Толибон" ин сафар ба таъвиқ андохта шудааст.
Бархе аз манбаъҳо ба Тулуънеюс гуфтаанд, ки Қатар бо таъини фиристодаи вижа барои сулҳи Афғонистон мехоҳад раванди музокироти сулҳ дар ин кишварро шитоб бибахшад.
Ҳоло ҳарчанд талошҳо барои идома бахшидани раванди музокироти сулҳи Афғонистон дар Давҳа сурат мегирад, аммо Мустафо Мастур, мушовири аршади Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон гуфтааст, ки ин музокирот ба бунбаст расидаанд.
Вале ҳоло маълум нест, ки "Толибон" ҳайаташро дар чӣ замоне ба Эрон мефиристад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как не стать жертвой мошенников-продавцов мёда в Таджикистане?
"Бычьи знамена", "Диравши Ковиёни", "Султан тень Аллаха", красный стяг: как менялся флаг таджиков?
Ужесточите наказание! Почему в Таджикистане нет культуры вождения?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 ноября 2024 года
Что нужно знать о профилактике простатита в наступающие холода?
ООН: В 2024 году зафиксировано рекордное число смертей гуманитарных работников
От настольных солнечных вентиляторов до эко-искусства: проекты молодежи Таджикистана
5 чудес Китая: объекты наследия ЮНЕСКО, которые вас поразят
СМИ: Трамп планирует создать должность спецпосланника по российско-украинской войне
Что изменится в отношении США к Центральной Азии с приходом Дональда Трампа?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста