То 30 сентябри соли 2021 дар Тоҷикистон 2 млн 421 ҳазору 359 нафар (41,6%) ваксина гирифтанд. Аз давраи пурраи ваксинагирӣ, яъне гирифтани ду воя (доза) 1 млн 798 ҳазору 992 нафар (30,9%) гузаштаанд.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс”сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров маълумот дод.
Нишондиҳандаҳои фарогирии аҳолӣ бо ваксина дар минтақаҳо чунинанд:
- Душанбе – 82,8%;
- ВМКБ – 60,7%;
- вилояти Суғд – 34,6%;
- вилояти Хатлон – 32,8%;
- Ноҳияҳои тобеи марказ – 33,6%.
Маъракаи эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаи зидди бемории коронавирус дар Душанбе 25 июн оғоз гардид. Имрӯз дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V" (истеҳсоли Русия), CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо), Moderna ва Pfaizer (ИМА).
Ба савол дар бораи аз кай оғоз шудани маъракаи бо ваксина фарогирии кӯдакон дар Тоҷикистон, Наврӯз Ҷаъфаров посух дод, ки Вазорати тандурустӣ ҳоло дар ин бора тасмим нагирифтааст, ҳарчанд дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба эмкунии кӯдакони синни аз 12-сола боло иҷоза шуд.
“Кумитаи ҷумҳуриявии раҳбарӣ оид ба масоили ваксина дар ҳамдастӣ бо олимон рӯйи ин масъла кор мекунанд, зеро дар ин самт бисёр масъалаҳое ҷой доранд, ки дақиқ омӯхтан зарур аст”, - иброз дошт вай.
Дар анборҳо ваксина ҳаст?
- Дар анборҳои Вазорати тандурустӣ ваксинаҳои зиёдатӣ боқӣ намемонад, онҳо кифоя нестанд. Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ 933 ҳазор ваксинаи панҷ навъ мавҷуд аст. Ваксинаи Pfizer гирифтем, лекин алҳол истифода намебарем, зеро сӯзандоруҳоро интизорем. Ваксинаҳои нав, аз ҷумла ҳам чиниву ҳам AstrаZeneca ва Moderna. Ваксинаҳо дар доираи ҳамкорӣ тибқи барномаи COVAX ва аз ҳисоби кумаки башардӯстона аз дигар кишварҳо дастрас мешаванд.
Бо вуҷуди дигар ошкор нашудани ҳолатҳои нави сироятёбӣ, ба ваксиназании оммавии аҳолӣ идома медиҳем. Ваксиназанӣ хуруҷи мавҷҳои нави эпидемияро бозмедорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.