Ба ҳолати то 20 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешбинишуда ҳудуди 40%-и аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ (аз 18-сола) аз ваксинаи зидди COVID-19 эм гирифтанд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, то ин замон 2 млн 307 ҳазору 140 нафар ё худ 39,6% нафар шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси фаро гирифта шуданд.

Гуфта мешавад, инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида  1 млн 565 ҳазору  281 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Ҳамзамон зикр мегардад, ки маъракаи иммунизатсия миёни аҳолии пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе 99,6% иҷро гардидааст.

Маъраки эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаи зидди бемории коронавирус дар Душанбе 25 июн оғоз гардид.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявиии муқовимат бо паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинагирии зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.

Нафароне, ки ваксина нагирифтаанд, бояд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Имрӯз дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V" (истеҳсоли Русия), CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо),  Moderna ва Pfaizer (ИМА).

Рӯзи 20 сентябр ИМА барои муқовимат бо COVID-19 ба Тоҷикистон нахустин фиристодаи тақрибан 115 ҳазор вояи ваксинаи Pfizer-ро тақдим кард. Ваксинаи боқимонда дар охири ин ҳафта ба кишвар ворид шуда, шумораи умумии онҳо ба 325 ҳазору 260 воя мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.