Имрӯз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои муқовимат бо COVID-19 ба Тоҷикистон нахустин фиристодаи тақрибан 115 ҳазор вояи ваксинаи Pfizer-ро тақдим кард. Ваксинаи боқимонда дар охири ин ҳафта ба кишвар ворид шуда, шумораи умумии онҳо ба 325 ҳазору 260 воя мерасад.

Тавре дар иттилоияи расмии намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистон зикр мегардад, ин интиқоли вояи ваксинаи Pfizer ба Тоҷикистон як қисми хайрияи Ҳукумати ИМА мебошад, ки тавассути Маркази дастрасии глобалӣ ба ваксинаҳои алайҳи COVID-19 (COVAX), яъне 500 млн вояи ваксинаи бехатар ва муассири COVID-19 барои ҷаҳон мебошад.

Ин хайрия илова ба 1,5 млн вояи ваксинаҳои Moderna мебошад, ки Иёлоти Муттаҳида 26 июли соли 2021 ба Тоҷикистон фиристодааст.

COVAX инчунин 461,440 вояи ваксинаи AstraZeneca -ро ба Тоҷикистон якчанд маротиба интиқол додааст.

Илова бар ин, ба Маркази миллии эмгузаронӣ ҳашт яхдони 258-литраи ултра хунук интиқол дода шуд ва бо талошҳои ЮНИСЕФ панҷтои онҳо насб карда шуд. Ҳукумати ИМА дар технологияе, ки Тоҷикистон бори аввал истифода мебарад, саҳми худро гузоштааст.

1/17

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм таъкид кард: “Ин ҳадяи нави ваксинаи Pfizer ҳаёти боз ҳам бештари одамонро наҷот хоҳад дод. Ман ифтихор мекунам, ки бо Тоҷикистон барои хотима бахшидан ба пандемия ҳамкорӣ мекунам. Дар якҷоягӣ мо метавонем ба ин офати марговар хотима гузорем ва иқтисодиёти худро барқарор кунем. Мо минбаъд низ ба мардуми Тоҷикистон дар рафъи ин вирус кумак хоҳем кард ва ин бӯҳронро якҷоя паси сар мекунем!”

Ин вояи ваксинаҳо як қисми кумаки иловагии ҳамоҳангшуда барои таҳкими системаи тандурустии Тоҷикистон мебошанд: хариди маводҳои таъҷилӣ, ки ба пешгирӣ ва назорати сироят мусоидат мекунанд; беҳтар намудани иқтидори лабораторияҳои Тоҷикистон; беҳтар кардани назорат, вокуниш ва назорати беморҳои COVID-19; рушд ва густариши фарогирии тандурустӣ, иртиботи хатар ва иштироки ҷомеа; ва дастгирии густариши ваксинаи COVID-19.

Бемориҳо сарҳад надоранд. Иёлоти Муттаҳида ҳамкориро бо Тоҷикистон идома хоҳад дод, то пандемияи COVID-19-ро коҳиш диҳад, таъсири харобиовари иҷтимоӣ ва иқтисодии онро кам намояд ва ҷаҳонро барқарор кунад, то ки барои хуруҷи оянда боз ҳам беҳтар омода бошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.