Дар Тоҷикистон овозаҳое гаштугузор доранд, ки ба наздикӣ кӯдакон ба таври оммавӣ ба ээмкунӣ аз ваксинаи зидди коронавирус фаро гирифта мешаванд. Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала “Азия-Плюс” ба сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров муроҷиат кард.
Ба гуфтаи Ҷаъфаров, айни замон дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дарвоқеъ ҳам масъалаи ваксинзании кӯдакон зидди коронавирус фаъолона баррасӣ мешавад.
Аммо ӯ дар бораи маҳз аз кай оғоз гардидани ваксиназании кӯдакон хабар надод.
Синнусоли кӯдаконе, ки эҳтимол бо ваксина фаро гирифта шаванд ва инчунин навъи ваксина низ ҳоло муайян нест.
Чанде пеш Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) эътироф намуд, ки ба кӯдакон гузаронидани ваксинаи зидди коронавирус имкон дорад.
Қаблан зикр гардида буд, ки “ҳоло бобати истифодаи ваксинаи зидди COVID-19 барои ин гурӯҳи аҳолӣ маълумоти кофӣ рӯйи даст нест”, лекин дар тавсияҳои навшудаи СҶТ зикр мешавад:
“Нисбат ба калонсолон кӯдакон бемории COVID-19-ро сабуктар мегузаронанд. Аз ин рӯ, агар онҳо дар гурӯҳи хавф (осебпазир) набошанд, нисбат ба калонсолон ва кормандони тиббӣ ваксингирии онҳо чандон таъҷилӣ нест. Ба кӯдакони синни аз 12 то 15-сола аз гурӯҳи осебпазир бошад, дар баробари дигар шаҳрвандони афзалиятдор барои эмкунӣ ваксинаи ширкатҳои Pfizer ва BionTech пешниҳод шуда метавонад”.
Дар Созмон ба хулосаҳои Гурӯҳи стратегии машваратии коршиносони СҶТ дар бораи ба кӯдакони синии аз 12-сола муносиб будани истифодаи ваксинаи Pfizer такя мекунанд.
Дар СҶТ илова кардаанд, ки озмоиши ваксинаҳо барои кӯдакон идома дошта, вақте ки “маълумоти амалӣ ва вазъияти эпидемиологӣ “тақозо намояд, Созмон тавсияҳоро нав хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, то 16 сентябр дар Тоҷикистон 2 млн 231 ҳазор нафар ваксинаи зидди COVID-19 гирифтаанд, ки 38,3% аз шумори умумии аҳолии синни аз 18-сола болоро ташкил медиҳад.
Имрӯз дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V"-и Русия, Sinovac-CoronaVac-и Чин, AstraZeneca-и аз ҷониби Шветсия пешниҳодшуда (ба Vaxzevria табдили ном кард) ва Moderna-и ИМА.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Всемирный банк презентовал в Душанбе Доклад о климате и развитии
Храп и апноэ во сне: как лишний вес ставит под угрозу ваш отдых и здоровье?
Япония построила школу в селе Таги Чинор в Истаравшане
Президент запустил футбольную школу и обувную фабрику на севере Таджикистана
Таджикистан в октябре поставил соседям электричество на 3,8 миллионов долларов
TİKA подарило спортинвентарь баскетболистам-колясочникам Таджикистана
"Мы ничего не знаем". Суд по делу известных политиков вновь прошел за закрытыми дверями
В Казахстане закрыли проезд по мосту между Европой и Азией
Власти Абхазии усмотрели в действиях протестующих признаки госпереворота
На каких условиях Казахстан будет приобретать энергию Рогунской ГЭС?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста