Раёсати умури паноҳандагони СММ ҳушдор медиҳад, ки буҳрони башардӯстона дар Афғонистон печидатар шуда, барои кумак ба 20 млн нафар афғонҳо таъҷилан маблағ лозим аст.
Аз замоне, ки дар СММ барои амалиёти башардӯстона дар Афғонистон 606 млн доллар дархост намуданд, як моҳ сипарӣ шуда, лекин то ҳол ҳамагӣ 35% аз ин маблағ дастрас шудааст. Ин маблағ барои ҷилавгирӣ аз суқути комили иқтисоди Афғонистон зарур аст.
Намояндаи Раёсати умури паноҳандагони СММ Бабар Балох, ки дар Кобул қарор дорад, изҳор доштааст, ки Раёсат ба корҳои ташкили марказҳои ҳамлу нақл (логистикӣ) дар кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон машғул аст, то ки ба садҳо ҳазор нафар кӯчбастаҳои дохилии ин кишвар кумаки таъҷилӣ расонад.
“Шабҳо аллакай ҳаво хеле сард мешавад ва ба одамоне, ки бесарпаноҳ мондаанд, кумаки таъҷилӣ лозим аст”, - гуфтааст Балох.
Ба қавли ӯ, шумори афғонҳои ба дастгирӣ ниёздошта ба 20 млн нафар расида, ҳамарӯза меафзояд.
Ояндаи наздик Раёсат тасмим гирифтааст, ки се ҳавопайморо бо кумаки башардӯстона ба шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон фиристад, то ки сипас тариқи гузаргоҳи сарҳадии Хайратон бо автомашинаҳои боркаш онҳо ба Мазори-Шариф интиқол дода шаванд.
Дар СММ огоҳ мекунанд, ки имрӯз ҳамагӣ 5%-и оилаи афғонҳо бо ғизои зарурӣ таъминанд. Зиёда аз нисфи кӯдакони синни то 5-сола гуруснагӣ мекашанд ва бе кумак аҳволи онҳо хеле бад шуда, фурсати кумак кардан аз даст меравад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.