Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 12 феврал муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои нав (ID-корт) то 15 феврали соли 2023 тамдид карда шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти алоқа хабар доданд.
Ин дар ҳолест, ки пагоҳ - 15 феврал муҳлати бақайдгирии дубораи симкортҳо ба охир мерасид ва то ба ҳол беш аз 2 млн симкорт дубора сабти ном нашудаанд.
Қаблан Хадамоти алоқа ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дубора тамдид кардани муҳлати сабти симкортҳо изҳори бехабарӣ карда буданд.
Рӯзи 31 январ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи дароз шудан ё нашудани муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои нав (ID-корт) посухи мушаххас надода буд. Муовини сардори ин ниҳод гуфта буд, ки “пеш аз поа чанг нахезонед” ва ба мардум имкон диҳед, ки дар марказҳои хидматрасонӣ SIM-кортҳояшонро дубора ба қайд гузоранд.
Тибқи маълуомти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, теъдоди умумии корбарони шабакаи умумиҷаҳонии Интернет дар ҷумҳурӣ 4,2 млн нафарро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Илҳом Атоев, то имрӯз дар Тоҷикистон 5 млн 416 ҳазор симкортҳое, ки бо ID-шиносномаҳо дубора сабтином шудаанд, ба қайд гирифта шуда, 2 млн 412 ҳазору 465 нафар корбарони симкортҳо ҳоло ҳам дар марҳилаи сабти дубора бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 қарор доранд. Аз симкортҳое, ки то ҳанӯз дубора сабтином шудаанд, 1,8 млн симкорт фаъоланд.
Таърихчаи азнавбақайдгирӣ
Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон бо қарори махсус операторои алоқаи мобилии кишварро уҳдадор кард, ки то 15 августи ҳамон сол симкортҳои муштариёнро бо шиносномаҳои коғазии намунаи соли 1999 бо кортҳои идентификатсионӣ (ID-шиносномаҳо)-и намунаи соли 2014 дубора ба қайд гирад. Дар ҳамин ҳол лимит ҷорӣ шуда буд: бо як шиноснома на зиёдтар аз ду симкорт сабтином мешавад.
Лекин мақомот базудӣ фаҳмиданд, ки ивази шиноснома ва дубора сабтином кардани ин миқдор муштариён дар муҳлати кӯтоҳ ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, муҳлати сабти дубора то 15 феврали соли 2020 дароз карда шуд. Аммо ним соли иловагӣ ва он ҳам дар шароити пандемияи коронавирус ҳеҷ натиҷаи дилхоҳ надод. Ба ҳукумат лозим омад, ки муҳлати сабти дубораро боз то 15 феврали соли 2022 дароз кунад.
Қаблан “Азия-Плюс” ҳисоб кард, ки агар ин дафъа ҳам симкортҳо пурра дубора сабтином нашаванд, зиёда аз 2 млн нафар тоҷикистониён бе алоқаи мобилӣ монда монда метавонанд ва ин ба талафоти буҷет ба маблағи ҳудуди 500 млн сомонӣ боис шуда метавонад.
Где в Душанбе найти логопеда?
Афиша от «Азия-Плюс»: балет «Жизель», вечер японских мотивов и гастротур к аметистовым шахтам
В Душанбе наградили лучших женщин-госслужащих
FORMULA55 продлила контракт с двукратной обладательницей Кубка мира по боксу Мижгоной Самадовой
В Исфаре сотрудники военкомата получили 40 тысяч сомони за поддельные военные билеты
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами при въезде в страну
Президент COP29 призвал радикально увеличить климатическое финансирование
Как исследовательница культуры из Таджикистана рассказывает миру о женской боли на войне
IOM объявляет тендер на реконструкцию здания Центра языка и профобучения Миграционной службы РТ
Центральная Азия рискует потерять до 6% своего ВВП из-за стихийных бедствий
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста