Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, махфӣ будани Нақшаи генералӣ бозсозӣ ё “Генплан”- и шаҳри Душанбе ба хотири бехатарӣ ва пешгирӣ кардан аз гурӯҳҳои экстримистиву терористӣ рӯи даст гирифта шудааст. Дар ин бора имрӯз, 17 январ муовини аввали раиси шаҳр Ҷамшед Табарзода гуфт.

Ӯ аз шарҳи бештари масъала худдорӣ кард ва гуфт, маълумоти дигар вобаста ба “Генплан”-ро журналистон танҳо тариқи мактуб метавонанд бигиранд.

- “Генплан” муҳр ё хусусияти махфӣ дорад. Ба кадом хотир? Ба хотири он ки ин асос барои бехтарӣ, пешгирӣ кардан ҳатто аз ҳамаи гурӯҳҳои экстримистиву терористӣ ва дигар гурӯҳҳое ки дар нохунк шумо нағз медонед. Агар ягон маълумоти мушаххас, дақиқ дар доираи “Генплан”- и шаҳри Душанбе бошад, марҳамат метавонед, муроҷиат кунед, мо ҷавоб мегардонем, - гуфт Табарзода.

Дар шарҳи пурсиши он ки оё Чойхонаи “Роҳат”, Фурушгоҳи марказӣ (ЦУМ) ва Театри “Лоҳутӣ” ҳам тибқи “Генплан” тахриб мешаванд ё не, намояндагони шаҳрдории Душанбе посухи мушаххас надоданд ва танҳо гуфтанд, ки “рӯйхати алоҳидаи иншооти ёдгориву арзиши таърихидошта ҳаст. Мо ҳамаи инро метавонем дар доираи муроҷиати расмӣ, дар доираи нақшаи генералӣ дида, баъд дастрас кунем. Албатта он иншооте, ки нигоҳдошташавандаанд, тибқи рӯйхат аз ҷониби Вазорати фарҳанг ба тавсиб расидааст, муроҷиат кунанд, мо дастрас мекунем”.

Баҳси Нақшаи генералӣ ё “Генплан”, ки мувофиқи он биноҳои кӯҳна тахриб шудаву биноҳои нав сохта мешаванд, чанд соли охир доғ аст.

Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон

Ин масъала дар нишасти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон низ  байни рӯзноманигорон ва намояндагони ин ниҳод баҳси доманадорро барпо кард.

Раиси Кумита Маҳмадсаид Зувайдзода ба суоли рӯзноманигорон дар бораи он ки чаро Нақшаи генералӣ ба ҷомеа дастнорас аст, посух дод, ки ин ҳуҷҷати махфиест, ки набояд нашр шавад.

“Нақшаи генералӣ ҳуҷҷатест, ки дар он самтҳои стратегии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва қаламрави маҳаллаҳои аҳолинишин муайян карда мешаванд. Ин ҳуҷҷати махфиест, ки набояд нашр шавад. Агар шумо (ӯ ба рӯзноманигори “Азия-Плюс” муроҷиат кард) аз рӯи иншооти мушахххас савол дошта бошед, мутахассисон посух мегӯянд”, - изҳор дошт Зувайдзода.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи Нақшаи генералӣ, ҳамаи бинои якошёнаи манзилҳо ё ҳавлиҳо, ки дар маркази пойтахт ҷойгиранд, давра ба давра тахриб мешаванд, зеро “инро Нақшаи генералии пойтахт тақозо мекунад”.

“Дар ҳамаи пойтахтҳои ҷаҳон “Нақшаи генералӣ” ҳаст ва онҳо ҳамин тавр мекунанд (биноҳоро тахриб мекунанд). Ҳамааш давра ба давра сурат мегирад”, - иброз дошта буд роҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.

Зувайдзода инчунин эътироф намуд, ки Нақшаи генералӣ баъзе камбудиҳо дорад, аз ҷумла дар он майдонча барои кӯдакон, таваққуфгоҳҳо барои мошинҳо ва ғайра пешбинӣ нашудааст, лекин онҳо дар ҳамдастӣ бо ҳамтоҳояшон аз Маскав, ки Нақшаи генералиро лоиҳакашӣ кардаанд, рӯйи бартараф намудани онҳо кор карда истодаанд.

Биноҳои таърихии Душанбе


Ба саволи рӯзноманигорон дар бораи биноҳои таърихии пойтахт, ки набояд тахриб шаванд, роҳбари Кумита посух дода буд, ки дар Душанбе 12-то чунин бино вуҷуд дорад.

“Мо онҳоро бо Вазорати фарҳанг мувофиқа кардааем, рӯйхати пурраи чунин иншоотро аз онҳо дастрас карда метавонед”, - гуфта буд Зувайдзода.

Як сол пеш ба дархости “Азия-Плюс” ба Вазорат чунин рӯйхати ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва монументалиро пешниҳод карданд (шояд он тағйир наёфта бошад):

1. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ;

2. Бинои «Кохи Наврӯз»;

3. Бинои парлумон;

4. Маҷмаа бо муҷассамаи Сомонӣ;

5. Бинои «Кохи Истиқлол»,

6. Бинои «Кохи Сомон»

7. Нишони миллӣ

8. «Қасри миллат»

9. Муҷассамаҳои Сино, Рӯдакӣ ва дигарон.

Дар рӯйхати Вазорати фарҳанг он замон бинои чойхонаи “Роҳат” зикр нашуда буд ва маълум нест, ки ба он ворид мешавад ё не.

Рӯйхати тағйирёбанда

Қобили зикр аст, ки сол то сол рӯйхати биноҳои дорои арзиши таърихӣ ва меъморӣ иваз мешавад.

Соли 2016 шаҳрдории Душанбе рӯйхати 15 биноро нашр кард, ки набояд тахриб шаванд. Дар ин рӯйхат он замон бинои кохи собиқи президент низ зикр шуда буд. Ин бино соли 2020 тахриб шуд.

Ҳамчунин соли 2020 мудири шуъбаи ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву меъмории Вазорати фарҳанг Шералӣ Хоҷаев дар мусоҳиба ба АМИТ “Ховар” изҳор дошта буд, ки дар Душанбе чунин биноҳои таърихӣ мавҷуд аст:

Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, «Кохи Наврӯз», «Кохи Истиқлол», «Кохи Сомон», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ, Нишони миллӣ, Парчами миллӣ, Қасри миллат, бинои Маҷлиси Олӣ, бинои Донишгоҳи миллӣ, бинои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.