Дар Эрон 11 рӯз инҷониб барои шарҳи қатли Маҳсо Аминӣ, як духтари ҷавони эронӣ, дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои ин кишвар тазоҳуроти мардумӣ идома дорад. Бо вуҷуди ҳушдорҳои ҳукумат ва додгоҳи Эрон, эътирозгарон дирӯз, якшанбеи 25-уми сентябр ҳам дар шаҳрҳои мухталиф ба хиёбонҳо баромаданд.
Ин тазоҳуроти мардумӣ аз он бархост, ки Маҳсо Аминии 22-сола, рӯзи 12-уми сентябр ба иттиҳоми риоя накардани ҳиҷоби комил аз тарафи пулиси Эрон дастгир шуд ва баъди се рӯз дар ҳолати кома ёфт шуда, дар шифохона аз олам даргузашт.
Эътирозҳои дирӯза дар шаҳрҳои Теҳрон, Рашт, Табрез, Шероз, Санандаҷ, Сақиз, Исфаҳон, Караҷ ва Лоҳиҷон ҷараён гирифтааст. Ин шом Шӯрои иттифоқҳои касабаи маорифи Эрон корпартоӣ эълон карда, аз муаллимон ва донишҷӯён хоҳиш намудаанд, то рӯзҳои душанбе - чоршанбе ба дарс ҳозир нашаванд.
Қаблан, як зумра ходимони фарҳангу варзиши дигар барои пуштибонӣ аз тазоҳургарон ба по хеста буданд.
Дар як наворҳо дида мешавад, ки эътирозгарон дар кӯчаҳои Теҳрон фарёд мезананд, теъдоди афсарон хеле кам аст ва аз мардум талаб карда мешавад, ки дар кӯчаҳо бимонанд. Ҳамчунин, дида мешавад, гурӯҳе аз занон дар гирдиҳамоиҳо дар Теҳрон ҳиҷоби худро аз сар кашидаанд ва дар бархе маворид рӯсариро месӯзонанд.
Бино ба гузоришҳо, то кунун садҳо рӯзноманигор ва фаъолони сиёсиву шаҳрвандӣ боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, ин бузургтарин тазоҳурот дар се соли ахир аст ва пулиси Эрон барои ором сохтани вазъи ба вуҷуд омада, аз гази ашковар ва тирандозии ҳавоӣ истифо мекунанд. Дар ҳамин ҳол, бино ба гузоришҳои расида, дар эътирозҳо дастикам 38 нафар кушта шудаанд.
Дар ин баробар, эрониёни бурунмарзӣ дар шаҳрҳои Ню-Йорк, Мадрид, Берлин, Брюссел, Афина, Истамбул намоишҳои ҳамраъйӣ бо эътирозгарон баргузор менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки “NetBlocks”, ки трафики интернетро дар саросари ҷаҳон назорат мекунад, аз маҳдудияти густурдаи платформаҳои интернетӣ гузориш додааст. Дар Эрон имрӯз истифодаи шабакаҳои “WhatsApp”, “Telegram”, “Instagram” ва “Skype” қатъ шудаанд ва “Twitter”, “Facebook” ва “TikTok” ҳоло бо барномаи филтршикан истифода мешаванд.
В Сирии убиты около тысячи алавитов-сторонников бывшего президента страны Башара Асада
Шараф Давлатмуродов одержал первую победу в лиге LFA
Стоимость утилизации автомобилей в Таджикистане возрастет до 16 тысяч сомони?
Молодая жительница Душанбе задержана за вымогательство
Верховный лидер Ирана отказался от переговоров с Трампом по новой ядерной сделке
В российский реестр контролируемых лиц попали 685 тысяч иностранцев
Дзюдоистка из Таджикистана взяла медаль на соревнованиях в Турции
"Модарони мо": Как "Азия-Плюс" радовала матерей волшебным автобусом
Что может нарушить пост в священный месяц Рамазан?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 10 марта 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста