Матлаби зер, ки ду сол қабл нигошта шуда буд, дар хусуси асрори ҷовидонии Ҳофизи Шерозӣ, нобиғаи ҳар давру замон ҳикоят мекунад, ки бовар дорем, мутолиаи он бар зарар нахоҳад буд.
Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ – аз бузургтарин шоирони ғазалсарои тоҷику форс 12-уми октябри (дар сарчашмаҳои дигар 31-уми март)-и соли 1325 дар шаҳри Шероз (ҳудуди имрӯзаи Эрон) таваллуд шудааст. Номи шоир Шамсиддин Муҳаммад аст ва чун ӯ Қуръонро аз ёд медонист ва ба 14 навъ онро тиловат мекард, тахаллуси “Ҳофиз”-ро ба худ гирифта буд.
Адабиётшиносон Ҳофизи Шерозиро яке аз устодони ғазал ном мебаранд, ки сатҳи ин навъ шеърро ба авҷи боло бурдааст. Аз ҷумла, адабиётшиноси тоҷик Давлати Раҳмониён ба ин ақида аст, ки “Ҳофизи Шерозӣ якҷо бо Умари Хайём ва Мавлоно аз шоирони сатҳи ҷаҳонии тоҷику форс аст”.
Ҳарчанд аз марги Ҳофизи Шерозӣ беш аз 600 сол гузаштааст, аммо имрӯз ҳам ном ва осори пурғановати ӯ ҷовидон аст. Ӯро дӯстдорони шеъри тоҷикӣ – форсӣ “лисон-ул-ғайб”, яъне донандаи забони ғайб мегӯянд ва ба Ҳофиз эътиқоди зиёд доранд.
Девони Ҳофиз зери болини кӯдак
Дар байни мардуми тоҷик одате ҳаст, ки зери болини кӯдак китоби муқаддас – Қуръонро мегузоранд. Бо мақсаде, ки фарзанди онҳо шахси боимону боодоб гардад. Аммо дар баробари ин, баъзе аз волидони тоҷик зери болини фарзанди худ Девони Ҳофизро мегузоранд, ки ин далел аз бузургии шоир аст.
“Осори Ҳофизи Шерозӣ тафсиру таърифи Қуръон аст. Аз ин сабаб, мардум ба ӯ эътиқоди зиёд доранд ва китоби шоирро зери болини кӯдаки худ мегузоранд. Донишмандони динии мо ҳам бо назардошти он ки осори Ҳофиз “сухани Худованд” аст, иҷоза додаанд, ки китоби ӯ зери болини кӯдакон гузошта шавад”, - мегӯяд Давлати Раҳмониён.
Фол бо девони Ҳофиз
Бо истифода аз китоби Ҳофизи Шерозӣ фол дидан, байни мардуми оддии на танҳо Тоҷикистон, балки берун аз он, аз ҷумла Афғонистону Эрон ҳам маъмул аст. Давлати Раҳмониён мегӯяд, ки худи ӯ шахсан ба осори Ҳофиз эътиқоди зиёд дорад ва аз ин сабаб, ҳар вақте бо истифода аз китоби шоир фол мебинад, дуруст мебарояд. Ӯ мегӯяд: “Пеш аз боз намудани китоб аввал бояд номи Худоро зикр намуд ва баъдан, ният карда, китобро боз намуду хонд, ки ҳазрати Ҳофиз чӣ мегӯяд”.
Рустами Ваҳҳоб, шоир ва донишманди тоҷик мегӯяд, ки “фоли Ҳофиз ба шеваҳои гуногун адо мешавад, аммо маъмултаринаш ин аст, ки бисмиллоҳ мегӯянду ният мекунанд ва маъаларо дар зеҳн мегиранду посухи онро талаб мекунанд ва Девони Ҳофизро ба тахмин мекушоянд, то чи пеши назар ояд”.
Имрӯз дар оромгоҳи Хоҷа Ҳофиз низ девон гузошта шудаву нафарони алоҳида аз рӯйи он фол мебинанд.
Оромгоҳи пуродами Ҳофиз дар Шероз
Оромгоҳи Ҳофиз дар шаҳри Шерози Эрон ҷойгир аст, ки яке аз маконҳои зиёратӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар сол ба зиёрати мақбараи ин шоири машҳур садҳо ҳазор нафар мераванд. Оромгоҳ соли 1935 зери роҳбарии меъмори фаронсавӣ Андре Годар бунёд карда шудааст.

Дар мавриди теъдоди дақиқи зиёаткунандагон маълумоти мушаххас дастрас нест, аммо Ибодуллоҳ, ҷавони тоҷик, ки чанд сол пеш ба шаҳри Шероз сафар карда буд, мегӯяд оромгоҳи Хоҷа Ҳофиз воқеан аз маконҳои пуродами ин шаҳр ба ҳисоб меравад. Ӯ мегӯяд: “Мақбараи шоир ба таври зебо бунёд ёфтааст ва теъдоди зиёраткунандагон низ зиёд аст. Аз ҳар гӯшаву канори ҷаҳон одамон меоянд. Хориҷиҳо низ хеле зиёд ҳастанд”.
Ҳофиз ва Гёте
Яке аз машҳуртарин шоир, нависанда ва файласуфи немис Иоҳан Волфганг Гёте ба Ҳофизи Шерозӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, шефтаи осор, забон, ҳунари шоирии ӯ гашта буд. Давлати Раҳмониён эътимод дорад, ки “Гёте забони форсиро медонист ва шеъри Ҳофизро низ бо забони асл хонда аст. Аз ин сабаб, шефтаи шеъри ӯ гашта, дар пайравӣ ба ӯ шеърҳои зиёд эҷод кардааст. Ӯ дар девони “Шарқию Ғарбӣ” бо забони форсӣ шеър эҷод кардааст, ки ин баёнгари таъсири зиёди ашъори Ҳофиз ба эҷодиёти ӯст”.

Рустами Ваҳҳоб мегӯяд, ки “ин ақида ҳам ҳаст, ки Гёте ашъори Ҳофизро дар тарҷума хонда, аммо ин шоири немис тавре дар бораи ашъори Ҳофиз сухан мегӯяд, ки бидуни донистани забони форсӣ чунин назар додан ғайримумкин аст. Яъне ба эҳтимоли қавӣ Гёте форсӣ - тоҷикиро медонист”.
Имрӯз ашъори Хоҷа Ҳофиз бо забонҳои зиёд тарҷума шудаву дастраси ошиқони шеъри ноби тоҷикӣ – форсӣ гардидааст.
Сурудҳо аз ғазалиёти Ҳофиз
Имрӯз сарояндаҳои тоҷику афғону эронӣ аз ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ фаровон истифода мекунанд. Масалан, як ғазали “Дил меравад зи дастам, соҳибдилон Худоро...” аз ҷониби чандин сарояндагони шинохта, аз ҷумла Субҳони Саид, Ибодулло Машрабов ба оҳанг дароварда шуда, бо чандин шеваҳо суруда шудааст.
Ва ё ғазали “Имрӯз шоҳи анҷуману дилбарон якест...”-ро сарояндаи шинохта Абдулло Назриев ба тарзи хеле зибо сароидааст.
Ғайр аз сарояндаҳои тоҷику афғону эронӣ, ҳамчунин сарояндагони шинохтаи ҷаҳон бо забонҳои гуногун ғазалҳои Хоҷа Ҳофизро ба оҳанг дароварда, мерасароянд, ки аз шуҳрати шоир гувоҳӣ медиҳад.
Как Душанбе готовится к встрече Навруза?
«Душанбе Сити Банк» стал официальным спонсором ФК «Душанбе»
В Узбекистане введут экспортные пошлины на 86 видов товаров
Трамп анонсировал телефонный разговор с Путиным
«Лучший молодой предприниматель в сфере IT»: как необычные идеи приводят к успеху
10% кешбэка за все покупки: оплачивайте картой Visa от «Алифа» через Google Pay
В России «Паспортно-визовый сервис» увеличил часы приема желающих легализоваться мигрантов
В Казахстане арестовали 38-летнего мужчину за брак с несовершеннолетней девочкой
Экс-президенту Грузии Саакашвили добавили срок заключения
В Таджикистане с 1 апреля вырастут тарифы на электроэнергию. Насколько?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста