Имрӯз, 26-уми октябр, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) мурофиаи навбатии Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик бидуни ширкати наздиконаш ва пушти дарҳои баста баргузор шуд. Дар ин бора яке аз наздиконаш ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Завқибек Саидаминӣ моҳи июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуда буд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро рад кардаанд.
Манбаъи мо гуфт, мурофиа мебоист соати 9:00 оғоз шавад, вале бо каме таъхир, тақрибан соати 10:00 оғоз шуд.
Вай афзуд, пеш аз оғози мурофиа вакили дифои Завақибек Саидаминӣ чанде аз шиносномаҳои наздиконаш, аз ҷумла модарашро гирифт ва гуфт, ба мурофиа иҷозат медиҳад, вале баъдан маълум шуд, ки иҷозат набудааст.
“Мурофиа ба ҳафтаи дигар гузошта шуд. Гуфтанд, ба назди судя равем, то барои вохӯрӣ иҷозат диҳад. Умедворем ақалан ба модарам иҷозат медиҳанд, то писарашро, ки чор моҳ аст надидааст, бубинад”, - гуфт манбаъи мо.
Наздикони Завқибек Саидаминӣ гуфтанд, дар мурофиа танҳо вакили дифоъ ва як сиёсатшиноси тоҷик ширкат кард. Маълум нест, ки дар мурофиа ин сиёсатшинос чӣ гуфт ва дар он кадом масъалаҳо баррасӣ шуд. Вале ба эҳтимоли зиёд навиштаҳои Завқибек Саидаминӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд аст, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Пас аз анҷоми мурофиа вакили дифоъ ба наздикони Завқибек Саидаминӣ гуфтааст, саволу ҷавоб шуд ва баъзе суолҳоро аз зерҳимояаш пурсиданд.
Худи вакили дифоъ бо рӯзноманигорон сӯҳбат накард.
Ҳоло ба ғайр аз Завқибек Саидаминӣ, парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори дигари боздоштшудаи тоҷик низ дар додгоҳ баррасӣ мешавад.
Парванда Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷониби Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ шуда, аллакай ду мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) баргузор гардид.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи июли имсол дастгир ва ба ифротгароӣ гумонбар аст. Ӯ бо ирсоли як нома ба наздиконаш, ки дастраси Радиои Озодӣ шудааст, гуфта, ки зери фишори муфаттишон ба гуноҳ иқрор карда, аммо дар асл худро бегуноҳ мешуморад.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори собиқи радиои "Садои Душанбе", моҳи ноябри соли 2020 ва баъди навораш дар рӯзи президенти Тоҷикистон машҳур шуд. Он замон гуфта буд, ки аз ночорӣ таксӣ меронад, аммо аз ҷаримаҳои ҳангуфт ба дод омадааст.
Ёдовар мешавем, ки ба ғайр аз Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ду рӯзноманигори дигари тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳам боздошт ва бо гузашти тақрибан се моҳ яке ба 10 сол ва дигаре ба 7,5 сол равонаи зиндон шуданд.
Мурофиаи онҳо низ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста баргузор шуд ва наздикону пайвандон ва журналистон ба он роҳ наёфтанд.
Далери Имомалӣ худро қисман гунаҳкор ва Абдуллоҳ худро пурра бегуноҳ медонанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 26 ноября 2024 года
Таджикистан и Афганистан подписали контракт на поставку электроэнергии в 2025 году
Банки Узбекистана и Казахстана прекратили обслуживать выпущенные Газпромбанком карты UnionPay
Как реформируют свою милицию страны Центральной Азии
130 победителей. Кто они – лауреаты конкурса «Книга – мудрости зари сиянье»?
В Таджикистане создали штаб по цифровизации госуслуг и безналичных расчетов
В Кыргызстане законом запретили электронные сигареты. А как в Таджикистане?
Таджикистан и Узбекистан отменили разрешения на взаимные грузоперевозки
У спасателей Таджикистана появился свой полигон и новый офис
В Кыргызстане задержан автор письма с угрозами в адрес главы ГКНБ
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста