Давоми 2 моҳи охир дар расонаҳои минтақа ҳадди ақал се маротиба аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун омилони амалҳои террористӣ зикр карда шуд. Ҳарчанд танҳо дар як ҳолат далели иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаи мусаллаҳона ироа гардид, дар ду ҳолати дигар, ҳеҷ далели қотеъ пешниҳод нашуд.

Ҳамла ба Шоҳчароғ ва пешниҳоди далел

26-уми октябри соли ҷорӣ ба ибодатгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шерози Эрон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки ба навиштаи расонаҳои эронӣ 15 кушта ва 20 захмӣ дар пай дошт. 7-уми ноябр нашрияи "Ассошиэйтед Пресс" бо такя ба “ИРНА”, хабаргузории расмии Эрон навишт, “шахси ҳамлагар шаҳрванди Тоҷикистон аст”.

Ин расона аз шаҳрванди Тоҷикистон Комрони Субҳон ном бурда, зикр кард, ки ӯ “бар асари захмҳои бардоштааш ҳангоми боздошт, дар бемористоне даргузашт”.

Баъдтар хабаргузории эронии “Тасним” акси Комрони Субҳон ва шиносномаи тоҷикии ӯро нашр кард. Масъулияти ҳамларо он замон ДОИШ* ба зимма гирифта буд.

Хабаргузории "Тасним"

Дар ҳамин ҳол, дар мактаби миёнае, ки Комрон таҳсил кардааст, аз ӯ як ҷавони оромтабиат ёд кардаанд ва ҳамчунин, ҳаммаҳаллаҳояш гуфтаанд, ҷавони хубу намозхон ва дар корҳои ҷамъиятии макони зисташ фаъол буд.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Комрон се сол пеш аз Тоҷикистон ба шаҳри Маскави Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст ва маълум нест, ки чӣ гуна ӯ дар Эрон пайдо шуд.

Он замон мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки барои рӯшанӣ андохтан ба қазияи ширкати Комрони Субҳон дар ҳамла ба ибодатгоҳи Шоҳчароғи Шероз ба мақомоти расмии Эрон мактуб ирсол кардааст, аммо бо гузашти беш аз як моҳ, посухи ин мактуб маълум нест.

Даъвои беасоси Ҳикматёр

Рӯзи 2-юми декабр, дар шаҳри Кобули Афғонистон, ду нафар ба масҷиде, ки имоматии онро Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари Ҳизби исломии Афғонистон, ба зимма дорад, ҳамла карданд.

Тибқи иттилои расонаҳои Афғонистон бар асари ин ҳамла, як тан кушта ва ду тани дигар захм бардоштанд. Ҳамчунин, худи нафарони ҳамлавар низ кушта шуданд.

Як ҳафта пас аз ҳодиса, 9-уми декабр, Гулбиддин Ҳикматёр эълон кард, ки “ҳамлаварон тоҷикистонӣ буданд”.

Гулбиддин Ҳикматёр
aamajnews

“Таҳқиқоти ибтидоӣ нишон медиҳад, ки ду террорист, тоҷикистониянд, афғон нестанд...”, - гуфт Гулбиддин Ҳикматёр.

Бо фарқ аз ҳодисаи Шоҳчароғи Эрон, Гулбиддин Ҳикматёр ҳеҷ далеле барои собит кардани иштироки тоҷикистониён дар ин ҳамла пешниҳод накард. Ягона “далел”-е, ки Ҳикматёр аз он ном бурд, ин “байрақи сиёҳи ДОИШ” будааст, ки “аз дасти ҳамкору муҳофизи террористи интиҳорӣ” гирифта шудааст.

Боз даъвои бедалел

Рӯзи 12-уми декабр, боз ҳам дар шаҳри Кобул, дар меҳмонхонаи марбут ба тоҷирони чинӣ чанд таркиш рух дод. Дар хусуси ин таркиш маълумоти зиддунақиз бисёр аст.

Баъзе расонаҳо аз забони Забеҳуллоҳ  Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* навиштанд, ки “ҳар се ҳамлагарон кушта шуданд”, аммо баъдтар расонаҳои наздик ба ДОИШ бо нашри наворе иддао карданд, ки ҳавлаварон ду нафар буданд ва онҳо тоҷикистониянд.

Боз ҳам, далели аслии тоҷикистонӣ будани ҳамлаварон эълон нашудааст. Ҳарчанд дар шабакаҳои иқтимоӣ ду акс нашр шуд ва гуфта мешавад, ки онҳо гунаҳкоронанд, вале ному насаби онҳо маълум нест.

Мушкили аслӣ мавқеи Тоҷикистон?

Дар чунин ҳолат, саволи мантиқие пеш меояд, ки чаро ҳамлаварон бе ҳеҷ далел тоҷикистонӣ муаррифӣ мешаванд ва оё ин фишоре болои Тоҷикистон барои мавқеаш дар қиболи ҳукумати Толибон ва барқарор накардани равобите бо онҳо аст?

Раҳматулло Абдуллоев
Asia-Plus

Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси масоили Афғонистон ба ин назар аст, ки “маҳз мавқеи оштнопазири Тоҷикистон дар масъалаи ташкили ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон боиси пайдо шудани чунин дасисаҳо аз ҷониби намояндагони ҳукумати Толибон гардидааст”.

Ба гуфтаи ӯ, бо ин кор Толибон мехоҳанд ба Тоҷикистон ҳушдор ё паёме диҳанд.

“Ҳар шахсе, ки дар Афғонистон ҳадди ақал як ҳафта ё як моҳ сукунат кардааст, медонад, ки дар Афғонистон, бахусус дар шаҳрҳое, ки Толибон ҳукмронанд, ҳеҷ тоҷик ба ин дараҷа имконият надорад, ки ин қадар аз лиҳози низомӣ фаъол бошаду ба сари Гулбиддин Ҳикматёр ва ҳам чиниҳо ҳуҷум  кунад”, - гуфт ин коршиноси тоҷик.

Ӯ афзуд, ин дасисаи навбатии намояндагони ҳукумати Толибон аст ва онҳо барои тасдиқи ҳарфҳояшон далел, ҳатто ному насаб надоранд ва собит карда наметавонанд, ки чӣ гуна шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин ҳодисаҳо рабт доранд  

Раҳматулло Абдуллоев изи ДОИШ-ро дар ду ҳодисаи охир таҳрезишуда медонад ва мегӯяд, ба хотири эътибору нуфуз ва тарс додани ҷомеаи ҷаҳонӣ ин гурӯҳи террористӣ омода аст ҳар ҳодисаи террористиро ба зиммаи худ гирад.

“Ҳикматёр мехоҳад садоқаташро ба Толибон нишон диҳад”

Коршиноси дигари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад ба он назар аст, ки “Гулбиддин Ҳикматёр бисёр мехоҳад ҳамла ба масҷидашро ба Тоҷикистон рабт диҳад ва ҳатто гуфт, ки намехоҳад дар таъйиди ДОИШ-ӣ будани онҳо аҷала кунад”.

Қосими Бекмуҳаммад
Asia-Plus

Ба қавли ӯ, ин рафтори Ҳикматёр “навъе аз хушомадгӯӣ ба Толибон ва василаи нишон додани садоқат ба гуруҳи ҳоким дар Афғонистон аст”. Аз ин лиҳоз, то замоне, ки чунин иттиҳомот аз сӯи Толибон матраҳ нашавад, баёнияҳои Ҳикматёр арзиши чандоне нахоҳад дошт.

“Як нуктаи дигарро ҳам бояд мадди назар дошт. Ҳикматёр ҳеч гоҳе сиёсатмадор ва бозигари сиёсии мустақил набуду нест. Вобастагии вай ба ниҳодҳои махсуси бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Покистон ва Бритониё, нуктаест, ки борҳо аз сӯи коршиносони масоили амниятӣ мавриди таъкид қарор гирифтааст. Ба ин далел, метавон иттифоқоти террористии ахири Кобул ва изҳори назари раҳбари Ҳизби исломии Афғонистонро супоришӣ донист, ки ҳатто мумкин аст бо манофеи Толибон ҳам дар таноқуз қарор дошта бошад”, - гуфт Қосими Бекмуҳаммад.

Дар ҳамин ҳол, таъкид намудан лозим аст, ки то замони ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон, хабарҳо дар хусуси таркишу амалҳои террористӣ ҳамагӣ ба аъзоёну пайравони ин гуруҳ рабт дода мешуд ва масъулияти онро худи Толибон ба зимма мегирифтанд. Ҳамакнун, бо “ҳукмрон”-и Афғонистон шудани ин гуруҳи аз ҷониби СММ ва аксари кишварҳои ҷаҳон то ҳол террористӣ шинохташуда, таркишу ҳамлаҳои мусаллаҳонаи рухдода бештар ба ДОИШ пайваст карда мешавад ва ин ду ҳодисаи ахир, ки ба Тоҷикистон пайванд карда шуд, бо ҳеҷ далели собиткунанда тайид карда намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.