Давоми як моҳи охир, исми ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамлаҳои интиҳориву мусаллаҳонаи мухталиф дар сархати расонаҳои дунё қарор гирифт. Дар ҳоле, ки бештари расонаҳо аз онҳо узви гурӯҳҳои тундрав ва террорист ном бурданд, наздикону дӯстони онҳо дар Тоҷикистон ба ин ин фарзияҳо бовар надоранд ва мегӯянд, онҳо дар кишвар боодоб ва таҳаммулпазир буданд, вале баъди ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан, “шояд  касе аз роҳ зада, онҳоро ба ин моҷароҳо кашонда бошад”.

Аз Белгород то Шероз. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар сархати расонаҳо

Ду ҳафта пеш, расонаҳои эронӣ аз як ҳамлагари ибодатгоҳи шиаён дар Шерози Эрон, ки дар натиҷа 13 кас кушта шуд, Комрон Субҳонӣ, шаҳрванди Тоҷикистон ном бурданд ва шиносномаи тоҷикиашро нашр карданд. Ин ҳамла рӯзи 26-уми октябр сурат гирифта, масъулияти ҳамларо гурӯҳи ДОИШ бар дӯш гирифтааст.

Дар мактаби миёнае, ки Комрон таҳсил кардааст, аз ӯ як ҷавони оромтабиат ёд кардаанд ва ҳамчунин, ҳаммаҳаллаҳояш гуфтаанд, ҷавони хубу намозхон ва дар корҳои ҷамъиятии макони зисташ фаъол будааст.


Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Комрон се сол пеш аз Тоҷикистон ба шаҳри Маскави Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст ва маълум нест, ки чӣ гуна ӯ дар Эрон пайдо шуд.

Ҳамин тариқ, наздикону дӯстон аз Эҳсон Аминзода (Тоҷиддин), ки гуфта мешавад, рӯзи 15-уми октябри имсол бо як ҳамроҳаш ба ҳамяроқони худ дар тамрингоҳи Белгород ҳамла карда, 11 нафарро куштанд, як ҷавони боинтизом ва аълохон ёд кардаанд.

"Бовариамон намеояд. Бо баҳои аъло мехонд, боинтизом буд. Аъзои оилаашон низ одамони таҳсилдида ҳастанд. Ҳафт моҳ пеш ба гимназия омад. Хоҳараш дар инҷо мехонад. Муаллимҳоро диду рафт”, - гуфтааст Садафмоҳ Насконова, омӯзгори забони русии Эҳсон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Эҳсон низ мисли Комрон чанд моҳ пеш ба Русия рафта, дар тарабхонае бар асоси патент кор мекард (шаҳрвандии Русияро надоштааст) ва маълум нест, ки чӣ гуна дар тамрингоҳи Белгород, ки асосан шаҳрвандони Русия хизмат мекунанд, пайдо гардид.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ширкати шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ин ду ҳодисаи пурсарусадо шарҳ надодаанд.

Муҳоҷират ва дом?

Дар ҳоле, ки наздикону пайвандон ва дӯстони ду ҷавоне, ки дар ҳамалҳои пурқурбонӣ ва  пурсарусадо нақш доранд, аз онҳо ҷавонони боодобу аълохон ва ботаҳаммул ёд мекунанд, пас чӣ гуна онҳо баъди чанд моҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия пояшон ба ҳамлаҳои террористӣ кашида шуд? Ва ё чаро ҷавононе, ки дар Тоҷикистон боодобанд, баъди ба Русия рафтан террорист мешаванд? Мо кӯшиш кардем, ин масъаларо ба баҳс кашем.

Воқеан, чанд сол пеш, мақомоти Тоҷикистон эътироф карда буданд, ки муҳоҷират яке аз омилҳои асосии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аст. Муовини вақти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров (ҳоло муовини вазири адлия ва роҳбари зиндонҳои Тоҷикистон) се сол пеш дар як хониши парлумонӣ гуфта буд, ки “раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар баробари доштани паҳлӯҳои мусбат боиси он мегардад, ки муҳоҷирон дар муҳити бегона зери таъсири гурӯҳу шабакаҳои ифротӣ қарор гирифта, ба созмонҳои террористӣ ҷалб шаванд”.

Абдулло Давлатов, ки чанд сол роҳбари яке аз созмонҳои дифоъ аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия буд, мегӯяд, муҳоҷират сабаби афзоиши сафи ифротиён нест, аммо ҷинояткорон аз фурсат истифода мебаранд.

Абдулло Давлатов

Ба гуфтаи ӯ, маҳз вазъи душвори ҳуқуқии муҳоҷирон, ки аксаран боиси шикасти равонии онҳо мешавад, бархе ҷавононро ба доми мубаллиғони ифротӣ меандозад. 

Тибқи омори ғайрирасмӣ, дар Русия беш аз 1 миллион муҳоҷирони тоҷикӣ машғули коранд ва даромади сеяки хонаводаҳои кишвар аз ҳисоби муҳоҷират ба даст меояд.

Мадрасаҳои баста ва ягона донишкадаи динӣ. Ҷавонон аз куҷо таълими динӣ гиранд?

Дар ҳамин ҳол, Афшини Муқим, корманди Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросими кишвар мегӯяд, надоштани маълумоти заминавии динӣ омили аслии ба доми ифротгароён афтондани муҳоҷирон аст. 

“Касе кафолат дода наметавонад, ки то куҷо он маълумоту таълиме, ки муҳоҷирон аз интернету доираҳои гуногун мегиранд, саҳеҳ аст. Чун худи муҳоҷирон ташхис карда наметавонанд. Аз ин рӯ, ин раванди танзимнашуда метавонад бархе аз муҳоҷиронро то доираи гурӯҳҳои иртиҷоӣ бурда расонад”, - гуфт Афшини Муқим.

Ба гуфтаи ӯ, мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ аз дин моҳирона сӯистифода мекунанд ва муҳоҷиронро мебояд, ки ба иттилои расмӣ такя кунанд.

Нигаронӣ аз надоштани таълимоти заминавии динии муҳоҷирон дар ҳолест, ки ҳоло ба ҷуз Донишкадаи исломӣ дар Душанбе, дар ҳеҷ ҷо масоили динӣ тадрис намешавад.

То чанд сол пеш аҳолӣ метавонистанд, ки кӯдакони худро дар назди руҳониёни маҳаллӣ ва мадрасҳои динӣ ба таълимоти мазҳабӣ ҷалб кунанд. Вале соли 2018, баъди ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ шуда, таълими динӣ ба дӯши ниҳодҳои омӯзишии давлатӣ вогузор шуд.

Афшини Муқим

Аз ин пештар, мақомот ба “шикор”-и мадрасаҳои динӣ пардохта, чанде аз онҳоро баста буданд. Сабаби онро мақомот пешгирии гароиши ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ унвон менамуданд.

Вақте дар кишвар як донишкадаи исломӣ амал кардаву дари мадрасаҳои динӣ бастааст ва назди рӯҳониёни алоҳида сабақ омӯхтан манъ аст, пас аҳолии ҷавони кишвар, ки бештари онҳо баъдан ба муҳоҷират мераванд, дар куҷо ва чӣ гуна саводи динӣ андӯзанд, то ба доми мубаллиғон наафтанд?

Саволе, ки ҷомеа посух меҷӯяд ва мақомот ба он то ҳол посухе надодаанд.

“Идея болотар, на маблағ”

Дар ҳамин ҳол, Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, омили аслии мағзшӯии муҳоҷирони ҷавон адами таълимоти динии расмӣ дар кишвар аст.

“Масъалаи асосие, ки ҷавононро ба ин роҳ мебарад маҳдудияти таълими динӣ то 18-солагӣ аст. Яъне вақте ҷавонон аз кудакӣ бо дин шинос нестанд, то 18 солагӣ ба масҷид роҳ надоранд, омӯзиши динӣ манъ аст, пас ягона роҳ Интернет мемонад, ки ҷавонон маълумоти диниро аз он мегиранд”,- гуфт Ёров.

Ба таъкиди вай дар кишвар, шароите барои таълимоти динӣ мавҷуд нест ва кӯдакону наврасон ҳатто аз падару модар ба таври кофӣ маълумоти динӣ намегиранд.

“Падарон аслан дар муҳоҷират, модарон аз паи рӯзгор овора, пас ки ҷавонро тарбия кунаду сари роҳашро гирад? Масъулияти волидайн ҳаст, вале шароит муҳайё кардан ба волидайн нест. Пас чаро аз онҳо масъулият барои фарзандонашон пурсиду ҷаримаҳои ҳангуфт кард?”, - мепурсад ин ҳомии муҳоҷирони тоҷик.

Каримҷон Ёров

Ӯ нақл мекунад, ки ҷавонон ба воситаи Интернет, ҳангоми вохӯриҳо дар ҷойҳои корӣ, чойхонаҳо, маъракаҳои гуногун ва ҳатто вохӯриҳои тасодуфӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ мағзшӯӣ мешаванд.

Каримҷон Ёров афзуд, масъалаи маблағ дар раванди мағзшӯӣ нақши дувумдараҷаро мебозад, “онҷо идея болотар меистад”.

Роҳи ҳал: Муҳоҷир ба ҳимоя эҳтиёҷ дорад!

Дар ҳамин ҳол, ба андешаи таҳлилгари тоҷик Абдумалик Қодиров сабаби бештар аз Русия ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудани муҳоҷирони тоҷик, пеш аз ҳама, сахт будани назорати Тоҷикистон болои ҳама гуна рафтору гуфтори ифротмаоб, ба хусус бо истифода аз технологияҳои нави коммуникатсионӣ аст. 

“Русия то чанд соли охир ба ин падида аҳамияти камтар медод ва намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ, бахусус аз байни намояндагони халқҳои қафқоз, дар масҷидҳои Русия озодона ҷовонони мусалмонро ба сафи ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб мекарданд. Як ҷавони бекори муҳоҷир, ки саводи кофии динӣ надорад, зуду осон ба доми ин мубаллиғон меафтад”, - мегӯяд Қодиров.

Абдумалик Қодиров

Мавсуф беҳуқуқии муҳоҷирони тоҷикро низ аз омилҳои дигари шомил гаридани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар Русия медонад. 

“Беҳуқуқӣ сабаб мешавад, ки муҳоҷирон дар бисёр ҳолатҳо ба хотири раҳо ёфтан аз таъқиби милиса ва миллатгароёни рус маҷбур мешаванд зери қаноти ин ё он гурӯҳҳо дароянд, ки аксарият характери динӣ доранд”, - таъкид кард коршинос.

Ӯ низ мустақил набудани ҷавонони тоҷикро аз омилҳои дигари “луқмаи хом” гардидани гурӯҳҳои ифротӣ донист. Ба гуфтаи ӯ натиҷаи тобеияти бечунучаро ин аст, ки фарзандон мустақилона муайян кардани неку бадро наметавонанд ва ҳамеша интизори “роҳбалад” ҳастанд. 

Абдумалик Қодиров мустақилияти ҷавонон, омӯзиши асосҳои дини ислом, иртиботи ҳамешагии ҷавонон бо волидайн ва зери ҳимояи давлат қарор доштани муҳоҷиронро аз роҳҳои пешигирии шомилшавии муҳоҷирони корӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ номид. 

“Ниҳодҳои дифо аз муҳоҷирон, бояд ба ҳар як мушкили тоҷикон расидагӣ кунанд. Дигарон бояд бубинанд, ки тоҷикон “соҳиб” доранд. Он гоҳ фишор болои муҳоҷирони меҳнатӣ ва умуман тоҷикон дар ин кишвар камтар мешаваду мардуми мо маҷбур намешаванд аз дигарон ҳимоят ҷӯянд”, - хулоса кард коршинос Абдумалик Қодиров.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.