Харидорони ангишт дар вилояти Суғд шикоят мекунанд, ки арзиши ин навъи сӯзишворӣ гарону сифаташ паст аст. Фурӯшандагон бошанд, баста будани сарҳад ва мушкили ворид кардани ангишт аз Қирғизистонро омили аслии гароншавии ин сӯзишворӣ мегӯянд.

Сарвазири Тоҷикистон бо як супориши худ, аз 17-уми августи соли 2022 содироти ангишт ба хориҷи кишварро муваққатан манъ кардааст. Иқдоми мазкур ҷиҳати таъмини талаботи дохилӣ бо ангишт рӯйи даст гирифта шудааст.

Дастури сарвазири кишвар то куҷо ба нархи ангишт дар бозорҳои кишвар таъсир расонид ва оё он талаботи мардумро ба ин навъи сӯзишворӣ қонеъ карда тавонист?

Як назар ба дӯконҳои ангиштфурӯшии атрофи шаҳри Хуҷанд кифоя аст, то нархи аслии ангишт дар бозорҳои шимоли кишвар ва қобилияти харидории сокинон то андозае мушаххас карда шавад.

Ҳамчунин, метавон дақиқ намуд, ки кадом навъи ангишт имрӯз дар вилояти Суғд бештар харидорӣ мешавад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки имрӯз фурӯши ангишт асосан дар минтақаи Гулистони шаҳри Хуҷанд ва дар ҷамоатҳои деҳоти Унҷиву Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шудааст ва гузориши мазкур аз ҳамин нуқтаи фурӯши ангишт таҳия гардидааст.


Сарҳади баста ва нархи гарон

Фурӯшандагони ангишт дар вилояти Суғд мегӯянд, ки онҳо аслан ду навъи ангиштро ба фурӯш баровардаанд – истеҳсоли худӣ ва аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон воридгардида. Нархи ангишт ҳам аз навъи он вобаста аст.

Исмоилҷон Исмоилов, як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки 20 сол инҷониб дар назди хонааш ба фурӯши ангишт машғул аст, мегӯяд, бо сабаби баста будани сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, маҷбуранд ангишти ин ҳамсокишварро тариқи Ӯзбекистон ворид намоянд, ки ин ба арзиши он таъсири худро мерасонад.

“Аз сабаби он ки имрӯз роҳҳо маҳкам асту ангишти Қирғизистон тариқи Ӯзбекистон ворид мешавад, нархи он барои 1 кг  2 сомониву  80 дирам ва барои 1 кг хокаи ангишт 1 сомониву  50 дирам аст”- мегӯяд Исмоилҷон Исмоилов.

Ӯ афзуд, қаблан, вақте роҳҳо бо Қиғизистон кушода буд, ангишт 1 сомониву 50 дирам ва хокаи он 70-80 дирам нарх дошт. Яъне бо сабаби баста будани сарҳад, нархи ангишт қариб як баробар афзоиш ёфтааст.

Ин нуктаро аксари фурӯшандагони ангишт таъкид мекунанд ва мегӯянд, омили аслии гаронии нарх маҳз сарҳади баста аст.

Бояд гуфт, ки баъди як муноқишаи хунин дар баҳори соли 2021 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, Бишкек сарҳади худро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баст. Ҳоло миёни ду кишвар тақрибан додугирифти мол вуҷуд надорад. Ангишти истеҳсоли ин кишвар тариқи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Ангишти истеҳсоли худӣ бошад ҳоло дар ин вилоят аз 2 сомонӣ то 2 сомониву 30 дирам фурӯхта мешавад.

Сифати пасти ангишти истеҳсоли ватанӣ

Фурӯшандагон мегӯянд, ки новобаста ба тафовути нархи ангишти истеҳсоли ватанӣ ва воридотӣ, аҳолӣ бештар ба ангишти Қирғизистон таваҷҷуҳ мекунад.

Ба таъкиди Исмоилҷон Исмоилов ангишти истеҳсоли ватанӣ бӯй дорад ва аловаш ҳам пастар аст.

Далер Юсуфов, тоҷири дигари ангишт низ мегӯяд, аҳолӣ асосан ангишти Қирғизистонро харидорӣ мекунад ва ангишти истеҳсоли ватанӣ бо нархи арзон ҳам кам харидор дорад.

“Ангишти воридоти хароҷоти бештар дорад, аз ин сабаб қиматтар фурӯхта мешавад. Ангишти истеҳсоли худӣ хароҷоти кам дорад ва арзон аст, аммо аҳолӣ бештар ангишти истеҳсоли Қирғизистонро харидорӣ мекунад. Фикр мекунам, инҷо нақши асосиро сифати ангишт мебозад”, - мегӯяд Далер Юсуфов.

Дар умум, аксари фурӯшандагони ангишт шиква мекунанд, ки фурӯши ангишт кам шудааст.

Далер Юсуфов

“Нарх гарон аст”

Сабаби асосии камхаридор будани ангиштро сокинон ба нархи он вобаста медонанд.

Абдувалӣ Абдуҳалимов, сокини деҳоти Қулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки барои хариди ангишт омада буд, иброз менамояд, ки нархи ангишт гарон аст, вале маҷбур аст, ки харидорӣ намояд.

“Нархи ангишт гарон аст. Арзон шавад, боз хуб мешавад. Худамон кони ангишт дорем, аммо нархи баланд дорад. Ҳар маротиба омада, аз ин ҷо ду-се халта ангишти нағзашро  мегирам, бисёр ҳам гирифта намешавад, чунки баъзеяшон бӯй доранд”, – гуфт Абдувалӣ Абдуҳалимов.

Ба гуфти фурӯшандагон, ангиштро имрӯз асосан соҳибони нонвойхонаҳо ва тарабхонаҳо харидорӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ангишту ҳезум яке аз маҳсулоти  муҳим дар фасли сармо барои сокинони деҳот  ба  ҳисоб меравад. Ҳамасола бо баробари фарорасии фасли зимистон ва “лимит”-и барқ  болоравии  нархи  он  мушоҳида мегардад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки солҳои қабл баъзе аз сокинони вилояти Суғд аз сабаби гаронии ангишт, ба сӯзишвории бобоӣ - таппак низ рӯй оварда буданд.

Бино ба иттилои расмӣ, давоми 10 моҳи соли равон истихроҷи ангишт  дар кишвар 2026,5 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 242,1 ҳазор тонна зиёд мебошад.  Дар ҳоли ҳозир истихроҷи ангишт дар 14 корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар 11 кон анҷом дода мешавад.

Аз ҷумҳурӣ ин намуди сӯзишворӣ ба кишварҳои Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон содирот карда мешуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.