Нархи ангишт дар вилояти Суғд як баробар гарон шуда, як килои ангишти худӣ 2 ва ангишти қирғизӣ 3 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар пайи ин иддае аз сокинон маҷбур шудаанд, ки ба сӯзишвории бобоӣ - таппак рӯй оранд. Мақомот аз истихроҷи ками ангишти худӣ ва тоҷирон аз гаронии ангишти қирғиз мегӯянд.
Аҳолӣ “Маҷбурем аз таппак истифода кунем”
Ҳоло нархи як килои ангишти истеҳсоли Тоҷикистон дар анборҳои захира ва фурӯши яклухту чакана дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 1-1,20 дирам ва ангишти воридотӣ аз Қирғизистон то 1,80 дирам боло рафтааст. Фурӯшандагони вилояти Суғд, ки асосан ангиштро аз ин анборҳо мегиранд, онро ба аҳолӣ аз 2,50 дирам то 3 сомонӣ мефурӯшанд.
Турғунбой Турсунбоев, як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯяд, маҷбур аст, имсол ба ҷойи ангишт таппак сӯзад.
- Ҳарчанд таппак ҷойи ангиштро намегирад, вале маҷбурем, ки хокаи ангиштро ба поруи чорво ҳамроҳ карда, таппак рехта захира кунем Мо камбизоат ҳастем, агар ҳамаи инро бо маблағ харем, дар зиндагӣ азоб мекашем, - гуфт Турсунбоев.
Болоравии нархи ангишти имсола ба сокини дигари ноҳияи Ҷаббор Расулов, Назокат Раҳимова имкон надод, ки ангиштро барои фасли сармо захира кунад.
Мавсуф изҳори нигаронӣ намуд, ки соле пеш дар ҳамин шабу рӯз як тонна ангишти қирғизро 1,5 ҳазор сомонӣ харида буд, вале имсол то 2,5 ҳазор сомонӣ боло рафтааст, ки имкони харидории онро надорад.
- Ман ҳоло намедонам аз кадом ҳисоб ангишт харем. Дар хона кӯдакон ҳастанд, агар бо барқ хонаро гарм кунем, он ҳам гарон меафтад, - шиква намуд Раҳимова.
Марз баста, нарх қиммат. Чаро нархи ангишти худӣ боло рафт?
Ба ғайр аз истеҳсоли дохилӣ, ангишт аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид мешавад. Вале баъди як муноқишаи хунин дар баҳори имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, Бишкек сарҳади худро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баст. Ҳоло миёни ду кишвар тақрибан додугирифти мол вуҷуд надорад. Соҳибкорон ҳам маҳз набудани додугирифтро сабаби гаронии нархи ангишт медонанд.
Баҳром Ахмедҷонов, як тоҷири ангишт инро тасдиқ намуд ва илова кард, ки инчунин, гарон шудани нархи сӯзишвории нақлиёт ба болоравии қиммати ангишт бетаъсир намондааст.
- Ҳоло ангишти Қирғизистон тариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид мешавад. Мо онро аз кишвари дуюм мехарем. Ангишти қирғиз бо сабаби хароҷоти зиёди роҳ гарон шуд ва нархи ангишти истеҳсоли ватаниро низ якбора боло бурд, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Мақомот: Истихроҷи ангишт кам шуд
Дар ҳоле, ки имсол якбора нархи ангишт дар бозор хест, мақомот мегӯяд, истихроҷи ин намуд сӯзишворӣ дар вилояти Суғд кам шудааст. Ба иттилои Раёсати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, давоми 9 моҳ дар вилояти Суғд 1302,3 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки назар ба ҳамин давраи як соли пеш 44,6 ҳазор тонна кам мебошад.
Беш аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва ягона манбаъи гарм кардани хонаҳояшон дар баробари ангишт, ҳезуму, таппак, ғӯзапояи пахта мебошад, ки нархи ин навъ сӯзишворӣ низ боло рафтааст.
Фурӯшандагон мегӯянд, ҳоло як мошини тамғаи “Портер” ҳезум аз 500 то 900 сомонӣ, як банди ғӯзапоя 6-7 сомонӣ ва таппак бештар аз 1000 сомонӣ нарх дорад. Аҳолӣ ба хотири гармии муназзами хонаҳо ва камхарҷтар будани ангишт асосан аз ин намуди сӯзишворӣ истифода мебаранд. Ҳарчанд фасли сармо дар пеш аст, аммо алакай қимати он боло меравад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Падари демократ, бародари ғамхор, дӯсти сахӣ ва ҳомии рӯзноманигорон. Панҷ симои Акбари Саттор, ки имрӯз 60-сола шуд
Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста