Имрӯз, 9-уми август, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ аз раванди корҳои сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун ба шаҳри Роғун сафар кард.
Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад, .Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар маркази шаҳри Роғун нахуст бо ҷараёни корҳои азнавсозии роҳи мошингарди "Роғун-Обигарм-Нуробод" ва лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии Роғун то Неругоҳи барқи обии Шӯроб шинос шуданд.
Ба итилои манбаъ, сохтмони роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии Роғун то Неругоҳи барқи обии Шӯроб моҳи октябри соли ҷорӣ оғоз гардида, дарозии умумии лоиҳавӣ 9,8 километрро ташкил медиҳад.
Тибқи лоиҳа дар роҳи автомобилгард аз НБО Роғун то Неругоҳи барқи обии Шӯроб як пул бо дарозии 1593 м мавҷуд буда, роҳи мазкур ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм - Нуробод аз ду хати ҳаракат иборат буда, паҳнои стандартии он аз 12 то 15 метр ва канораҳои ду тараф ба 2,5 метр баробар мегарданд.
«Таджик Эйр» выполнил первый рейс по маршруту Душанбе – Рашт
Кохлеарная имплантация в Таджикистане: Восстановит ли она слух полностью, и с какого возраста можно проводить операцию?
Стихи, ремесла и национальная одежда: в Иране прошел «Вечер Таджикистана»
BILD: Две трети человечества находится под властью мужчин старше 70 лет
Исследование РАНХиГС: в Россию вернулись 10% релокантов
В Таджикистане снизили ставку рефинансирования
Сергей Хмельницкий и зарождение архитектурной школы Таджикистана
Власти США решили в 30 раз сократить штат USAID
Таджикистан нарастил экспорт фруктов, но вдвое сократил поставки овощей в 2024 году
Швейцария вернет Узбекистану $182 млн из активов Гульнары Каримовой
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста