Амир Муҳаммад Исмоилхон, яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҷиҳодии Афғонистон дар нишасти “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот”, ки имрӯз, 27-уми ноябр, дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и Душанбе оғоз шуд, ҳузур пайдо кард. Интизор меравад ӯ дар ин ҳамоиш баромад кунад.

Амир Муҳаммад Исмоилхон, яке аз роҳбарони ҷиҳодӣ ва волии пешини Ҳирот, ки бо номи "Шери Ҳирот" ҳам машҳур аст, аз чеҳраҳои матраҳи сиёсати Афғонистон дар чанд даҳсолаи ахир аст. Ӯ ҳанӯз дар замони вуруди артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кишвар, муқобили он ҷангидааст.

Баъди суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон дар тобистони соли 2021 Амир Исмоилхон барои муддате ба дасти Толибон* асир афтод ва баъди раҳоӣ ба Эрон рафт.

Хабарнигори “Азия-Плюс”, ки дар чорабинӣ ҳузур дорад, гуфт, дар ин нишаст намояндаи Созмони миллали муттаҳид (СММ), намояндагони Амрико, Покистон, Эрон, вакилони собиқи парлумони Афғонистон ва дигар чеҳраҳои шинохтаи ин кишвар ҳузур доранд.

1/6

Дар нишасти “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот”, ки соли дуввум аст дар Душанбе баргузор мешавад, масоили гуногун ва мубрами Афғонистон, аз ҷумла гуфтугӯи миллӣ барои ташаккули демократия, баробарии ҷинсӣ, ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар, бозгашт ба исломи мутамаддин ва мардумӣ ва ҳамбастагӣ бо ҳамсояҳо мавриди муҳокима ва баҳс қарор дода мешавад. Кори он ду рӯз-27 - 28-уми ноябр идома мекунад.

Довуд Муродиён, раиси Институти стратегии Афғонистон, имрӯз, 24-уми ноябр, дар нишасти матбуотии қабл аз нишаст гуфта буд, ки дар даври 11-уми “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” дар Душанбе намояндагони Толибон*, гурӯҳе ки имрӯз қудратро дар ин кишвар дар даст дорад, даъватнома фиристода шудааст, аммо иштирок кардан ё накардани онҳо айни ҳол маълум нест.

Хабарнигори "Asia-Plus" гуфт, дар рӯзи аввали нишаст ҳеҷ яке аз намояндаи Толибон ширкат надоранд.

Соли гузашта ин нишаст бо иштироки мақомдорони ҳукумати то суқути Афғонистон, сиёсатмадорон, коршиносони Тоҷикистону минтақа ва дар мавзӯи “Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва рақамҳо” баргузор шуда буд.

Аз соли 2012 то 2021 бошад, нишасти “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” дар худи шаҳри Ҳироти Афғонистон доир шуда буд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.