Рӯзҳои 27 - 28-уми ноябри соли ҷорӣ дар Душанбе нишасти навбатии “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” баргузор мешавад ва барои иштирок дар он, намояндагони Толибон* низ даъват шудаанд.
Довуд Муродиён, раиси Институти стратегии Афғонистон, имрӯз, 24-уми ноябр, дар нишасти матбуотии қабл аз нишаст гуфт, ки даври 11-уми “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” дар Душанбе бо иштироки ҳамаи намояндагони гуруҳҳои сиёсии Афғонистон баргузор мешавад ба барои иштирок дар он ба Толибон низ даъватнома фиристодаанд.
“Ба намояндагони Толибон даъватнома фиристода шудааст, аммо иштирок кардан ё накардани онҳо айни ҳол маълум нест”, - гуфт Довуд Муродиён.
Таъкид мегардад, ки дар нишасти навбатӣ масоили гуногун ва мубрами Афғонистон, аз ҷумла гуфтугӯи миллӣ барои ташаккули демократия, баробарии ҷинсӣ, ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар, бозгашт ба исломи мутамаддин ва мардумӣ ва ҳамбастагӣ бо ҳамсояҳо мавриди муҳокима ва баҳс қарор дода мешавад.
Бояд гуфт, ин соли дуюм аст, ки нишасти “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Соли гузашта ин нишаст бо иштироки мақомдорони ҳукумати то суқути Афғонистон, сиёсатмадорон, коршиносони Тоҷикистону минтақа ва дар мавзӯи “Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва рақамҳо” баргузор шуда буд.
Аз соли 2012 то 2021 бошад, нишасти “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” дар худи шаҳри Ҳироти Афғонистон доир шуда буд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Оғози тахриби чойхонаи “Роҳат” дар Душанбе. Сокинон барои нигоҳ доштани он имзо ҷамъ мекунанд
ҲХДТ ғолиб эълон шуд, коммунистон бидуни курсӣ монданд. Натиҷаи аввалияи интихоботи парлумонӣ эълон гардид
Ҷудокорони тоҷик аз Тошканд дасти холӣ бармегарданд
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 марти соли 2025
КМИР интихоботи парлумонии Тоҷикистонро баргузоршуда эълон кард
Посух ба саволҳои маъмул дар бораи таваққуфгоҳҳои муздноки худкор
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 марти соли 2025
Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тавсия доданд, ки нархи истифодаи оби полезиро баланд бардоранд
Аз Душанбе то Маскав: таваққуфгоҳҳо барои мошин дар кишварҳои гуногун чӣ гуна кор мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста