Имрӯз, соати 10:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки дирӯз 2-юми март баргузор шуд, эълон мегардад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 3 МАРТ
Соли 1938 – Ҳукумати Тоҷикистон аввалин нақшаи генералии сохтмони шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе)-ро тасдиқ кард.
Соли 1992 – Байни Тоҷикистон ва Фаронса муносибати дипломатӣ барқарор гардид.
Соли 2009 –Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон фармони ба номи Имоми Аъзам гузоштани Донишкадаи исломии Тоҷикистонро имзо кард
Соли 2010 – Дар ноҳияи Ёвон корхонаи саноатии истеҳсоли борхалтаҳо ба фаъолият оғоз намуд, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта истеҳсол кунад.
Соли 2011 – Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон “Кодекси одоби касбии кормандони милитсия”-ро тасдиқ кард.
Соли 2016 – Дар Тоҷикистон гузоштани номҳои таҳқиромез ба кӯдакони тоҷик, издивоҷ байни хешовандон, бастани ақди никоҳ бе муоинаи тиббӣ манъ карда шуд.
Соли 2016 – Як деҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шарафи президент Раҳмонобод номгузорӣ шуд.
Соли 2019 – Дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузаргоҳи нави “Боботоғ” боз шуд, ки шаҳри Ҳисори Тоҷикистонро бо ноҳияи Узуни Ӯзбекистон пайваст мекунад.
Соли 2020 – Сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон эълом кард, ки Ҳусейн Абдумасадов, ташкилкунандаи ҳамлаи мусаллаҳона ба велотуристон дар Данғара, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда буд, дар зиндон вафот кард.
Соли 2021 – Тоҷикистон бо давлатҳои Тринидад ва Тобаго муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.
Соли 2022 – Душанбе ва Боку муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор карданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1896 – Мавлуди Акашариф Ҷӯраев, овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.
Акашариф Ҷӯраев солҳои 1925-1935 мудири “Чойхонаи сурх”-и Ғарм буд ва ҳамчун ҳофизи хушсалиқа машҳур гардид. Соли 1935 ӯро ба радиои пойтахт ҳамчун ҳофиз ба кор даъват намуданд. Дар ин ҷо санъати ӯ рушд кард ва яке аз давомдиҳандаи анъанаҳои мусиқии халқии тоҷик гардид.
Ӯ ҳамчунин яке аз сарояндагони маъруфи “Шашмақом” буд. Таронаҳои “Қалъабандӣ”, “Ҷони ман”, “Анора овардам”, “Ҷӯраҷон”, “Булбулон”, “Интихоб мекунам” аз маъмултарин таронаҳои ӯ ба шумор мераванд. Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев гузошта шудааст.
Номбурда 2-юми октябри соли 1966 аз дунё даргузаштанд.
Соли 1938 – Мавлуди Инъом Асроров, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод.
Соли 1940 – Мавлуди Баҳром Сироҷов, энергетик, собиқ роҳбари “Барқи тоҷик”.

Аз Баҳром Сироҷов ҳамчун асосгузори энеретикаи тоҷик ном мебаранд. Ӯ фаъолияти худро дар Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз намудааст. Сипас ба кори истеҳсолӣ гузашта, солҳои 1963-1965 ҳамчун сармуҳандиси Корхонаи ҷанубии шабакаҳои барқӣ фаъолият кардааст.
Аз соли 1965 то 1981 ӯ муовини роҳбари Саридораи энергетикаи Тоҷикистон буда, ҳамзамон ба корҳои илмӣ машғул буд. Баъдан чанд муддат роҳбарии ҶСК “Барқи Тоҷик”-ро ба уҳда дошт.
Ӯ ҳамчунин муаллифи мақолаи илмӣ-амалӣ аст. Баҳром Сироҷов узви Академияи байналмилалии муҳандисӣ ва Академияи муҳандисии Тоҷикистон аст.
Соли 1947 – Мавлуди Сафарбегим Тошхӯҷаева, овозхон ва ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Сафарбегим Тошхӯҷаева нозукиҳои сарояндагиро аз устодони маҳаллӣ омӯхта, дар овозхони маҳорат касб кардааст. Солҳои 1964-1991 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ ба ҳайси сароянда фаъолият доштааст. “Сулҳ мехоҳам”, “Навои дил”, “Бадахшон”, “Кабӯтари сафеди ман”, “Дӯстонро гум макун”, “Дилбари Бадахшон” барин суруду таронаҳояш аз намунаҳои беҳтарини эҷоди ин овозхон дониста мешаванд. Ӯ инчунин дар якчанд намоишномаҳо дар саҳнаи театр нақш офаридааст.
Соли 1956 – Зодрӯзи Сайдалӣ Муҳиддинов, таърихнигор, ва санъатшиноси тоҷик.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии табиати ёбоӣ таҷлил мешавад. Ҳадафи ин рӯз баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи муҳити зист, ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот мебошад. Инчунин, он зарурати мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба табиатро, ки таъсири иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ доранд, хотиррасон мекунад.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҳифзи солимии гӯш ва шунавоӣ аст. Дар ин рӯз созмонҳои тиббӣ ва хайриявӣ дар саросари ҷаҳон чорабиниҳо баргузор мекунанд, то аҳолиро аз мушкилоти эҳтимолии гӯш ва шунавоӣ огоҳ созанд. Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, то соли 2050 тақрибан 2,5 миллиард нафар (ҳар чорумин шахс) бо дараҷаи муайяни норасоии шунавоӣ зиндагӣ хоҳанд кард.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии нависанда таҷлил мешавад. Ин рӯз соли 1986 аз ҷониби PEN-клуб таъсис ёфтааст ва ҳадафи он дифоъ аз озодии баён дар саросари ҷаҳон аст. Аъзоёни PEN-клуб уҳдадор шуда буданд, ки алайҳи сензура, таҳрифи воқеият ва истифодаи иттилооти бардурӯғ мубориза баранд.

3 марти соли 1585 Театри “Олимпико” дар Виченса (Италия) ифтитоҳ гардид. Ин аввалин театри пӯшидаи Аврупо барои 1000 тамошобин буд ва намунаи ибтидоии бисёр театрҳои минбаъда гардид. Бо вуҷуди қадимӣ будан ва бомбборонҳо дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, он то ҳол хуб нигоҳ дошта шудааст. Театри “Олимпико” ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шудааст.

3 марти соли 1923 аввалин шумораи маҷаллаи амрикоии “Time” нашр шудааст. Ин маҷалла аз ҷониби Бритон Ҳейден ва Ҳенри Лус таъсис ёфтааст. Идеяи таъсиси он дар нишасти махфии ҷамъияти донишҷӯёни Донишгоҳи Йел бо номи “Харсанг ва устухон” ба миён омадааст.
“Time” аввалин ҳафтаномаи хабарии ҷаҳон буд, ки муҳимтарин рӯйдодҳои ҳафтаи гузашта дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, маориф, илм, тиб, ҳуқуқ, дин, варзиш, адабиёт ва санъатро ба таври ҷамъбастӣ фаро мегирифт.
Барои шахсиятҳои бонуфуз дар саҳифаи аввали “Time” нашр шудани матлаб дар бораи онҳо нишонаи авҷи касбият маҳсуб мешуд. Маҷмӯи муқоваҳои ин ҳафтанома таърихи тасвирии асри XX номида мешавад.
Дар шумораи охирини рӯзнома дар моҳи декабр ин маҷалла “Шахси сол”-ро эълон мекунад. Ин анъана соли 1927 оғоз ёфта, аввалин ҷоизадор Чарлз Линдберг буд, ки ҳамчун нахустин шахс дар таърих уқёнуси Атлантикро танҳо парвоз кард.

Имрӯз маҷаллаи “Time” яке аз машҳуртарин нашрияҳои ИМА аст. Дафтари он дар Ню-Йорк ҷойгир аст ва зиёда аз 2 миллион нусха чоп мешавад. Ғайр аз нашри амрикоӣ, он ҳамчунин дар Лондон (Аврупо), Ҳонконг (Осиё) ва Сидней (Австралия) ба табъ мерасад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 3 МАРТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона -3+2º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона -4+1º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона -2+3º.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водибуда баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18º сард, рӯзона 3-8º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 1+3º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона ва рӯзона 1-3º сард.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 2+4º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, барф меборад. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 1+3º гарм.
Аз парвариши писта дар Тоҷикистон метавон рӯзгори хонаводаро таъмин кард?
“Анора” беҳтарин филм эътироф шуд. Ҷоизадорони имсолаи “Оскар” киҳоянд?
Ташаббускори арзоншавии барқ. Баҳром Сироҷев – роҳбари пешини “Барқи тоҷик” 85-сола шуд
НОМ БА НОМ. Кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд?
Мақомоти Душанбе савдогаронеро, ки нархи маҳсулотро баланд мекунанд, ҷазо медиҳад
Кадом беморон беҳтараш рӯза надоранд ва чӣ гуна бемориҳо метавонанд ҳангоми рӯза шиддат ёбанд?
Роҳи Душанбе-Чаноқ дубора боз шуд, вале хатари тармафароӣ боқӣ мондааст
Оғози тахриби чойхонаи “Роҳат” дар Душанбе. Сокинон барои нигоҳ доштани он имзо ҷамъ мекунанд
ҲХДТ ғолиб эълон шуд, коммунистон бидуни курсӣ монданд. Натиҷаи аввалияи интихоботи парлумонӣ эълон гардид
Ҷудокорони тоҷик аз Тошканд дасти холӣ бармегарданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста