Имрӯз дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Дар он номзадҳо аз 6 ҳизби сиёсӣ ва инчунин номзадҳои мустақил иштирок хоҳанд кард. Ҳавзаҳои интихоботӣ дар саросари кишвар аз соати 06:00 то 20:00 боз хоҳанд буд. Ҳангоми рафтан ба ҳавзаи интихоботӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти худро фаромӯш накунед.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 2 МАРТ
Соли 1960 – аввалин парвози ҳавопаймои Ил-18 дар хатсайри Сталинобод – Маскав анҷом дода шуд.
Соли 1960 – Комбинати қолинбофии Қайроқум ба истифода дода шуд.
Соли 1992 – Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид гардид.
Соли 1993 – Шурои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба нафту газ ташкил шуд.
Соли 2013 – Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1945 – Мавлуди Муҳиддин Олимпур, рӯзноманигор ва аккоси маъруфи тоҷик.

Муҳиддин Олимпур дар нашрияҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Адабиёт ва санъат”, хабаргузории “Ховар” ва ҳамчунин ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон кор кардааст.
Солҳои 1990-1995 Муҳиддин Олимпур мудири дафтари радиои ББС дар Душанбе буд. Олимпур муаллифи ду китоб ва силсилаи барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ буда, барои гузоришҳо ва аксҳои нотакрораш барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ шудааст.
Барномаҳои ӯ – “Аз Душанбе то Лос-Анҷелес” ва “Ситораҳо Шарқ” аз шоҳкорҳои журналистикаи телевизионии тоҷик эътироф шудаанд. Муҳиддин Олимпур 12 декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе кушта шуд. Мақомот дар қатли Муҳиддин Олимпур 5 узви дастаи Нозим Юнусов, маъруф ба Эшони Нозим, як фармондеҳи нирӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Кофарниҳонро гунаҳкор карданд ва аксари онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Бештар дар ин бора дар ин матлаби мо хонед: Шаҳиди роҳи зебоӣ, ки 27 сол боз ангезаи қатлаш номаълум аст. Ёде аз Муҳиддин Олимпур.
Соли 1950 – Зодрӯзи Даврон Алиматов, ҳунарпеша ва сарояндаи тоҷик.

Даврон Алиматов, ки дар офаридани нақшҳои драмавию лирикӣ маҳорат хоса дорад, солҳо ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, киностудияи “Тоҷикфилм”, ҳунарпеша ва сарояндаи Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Хуҷанд буд.
Баъдан соли 2001 дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба дарсгӯӣ пардохт. Беҳтарин нақшҳояш дар саҳнаи театр нақши Юнус “Тангаи ҷиноятӣ”, Юнус дар “Ғори аҷинаҳо”, Зол дар “Зол ва Рӯдоба” маҳсуб меёбад.
Дар синамо бошад, нақши Раҳимдод дар “Ҳеҷбудагон ҳар чиз мешаванд”, ва Ҳофиз дар “Субҳи Ганг”-ро офаридааст. Ҳамчунин ҳунари хуби сарояндагӣ дошт.
Соли 1951 - Зодрӯзи Холмаҳмад Мавлонов, рӯзноманигори тоҷик.
Соли 1958 – Мавлуди Акбар Мирраҷабов, овозхони опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Соли 1955 – Зодрӯзи Додоҷони Атовулло, рӯзноманигор, сиёсатмадори тоҷик ва яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон.
Додоҷон Атовуллоев охирҳои солҳои 1970 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст. Ӯ дар замони Шӯравӣ, солҳои 80 бо мақолаҳояш дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ» ва «Омӯзгор» шуҳрат ёфта, соли 1991 «Чароғи рӯз» — нахустин рӯзномаи хусусӣ дар Тоҷикистонро таъсис дод.
Ӯ аз поёни соли 1992 дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад. Ӯ то ибтидои солҳои 2000 дар Маскав кору зиндагӣ мекард, вале баъди чанд сӯиқасд ба ҷонаш ва чанд бор боздошт шуданаш бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба Олмон паноҳанда шуд.
Соли 1974 – Мавлуди Сироҷиддин Фозилов, овозхони шинохтаи мусиқии попи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Сироҷиддини Фозил Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон хатм кардааст. Солҳои аввали овозхониаш дар ансамбли “Шарора” ҳунар озмуда, баъдан як муддат ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, то соли 1999 дар он ҷо зистааст.
Баъди бозгашт ба гурӯҳи ҳунарии “Ватан” ва баъдан дар ансамбли эстрадии “Гулшан” ба фаъолият пардохт. “Гӯшаи бом” яке аз таронаҳои маъруфи овозхон аст, ки онро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими мусиқии “Суруди сол”, ки соли 2003 “Азия-плюс” ташкил кард, ҳамроҳи Сироҷиддин Фозилов хонда буд.
Ҳамчунни ӯ сарояндаи таронаҳои “Эй дилбари нозанин”, “Эй санам”, “Модарам”, “Султони қалбам”, “Дилбари раҳдурӣ”, “Кабобам” аст, ки дили шунавандагонашро тасхир кардааст.
Соли 2010 – Иброҳим Ҳасанов, аввалин варзишгари олимпии Тоҷикистон аз заврақронӣ дар синни 73-солагӣ дар Эрон аз олам даргузашт.

Иброҳим Ҳасанов 11 карат қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар заврақронӣ буда, аввалин варзишгари тоҷик аст, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби ИҶШС оид ба заврақронӣ дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1960 дар Рим ва соли 1964 дар Токио ҳунарнамоӣ кардааст.
Ӯ солҳои 1984-1985 раҳбари Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, солҳои 1985-1991 раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва аввалин раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон буд. Инчунин ду маротиба вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст.
Иброҳим Ҳасанов, ки чанд соли охири зиндагиаш тими мунтахаби қаиқронии Эронро машқ медод.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии гӯгирд таҷлил мешавад. Таърихи гӯгирди муосир ба соли 1805 бармехӯрад. Шапсел, кимиёгари фаронсавӣ аввалин гӯгирдҳои худгиронро ихтироъ кард. Инҳо чӯбҳои хурде буданд, ки сарашон аз омехтаи сулфур, хлориди калий ва киновар сохта шуда буд.

2 марти соли 1983 дар Британияи Кабир дискҳои компактӣ намоиш дода шуданд. Ин диск, ки диаметраш 12 см буд, бо истифода аз технологияи лазерӣ “Девятая симфония”-и Бетховенро сабт ва намоиш дод.

2 марти соли 1949 аввалин парвози ҳавопаймои бесарнишин дар атрофи ҷаҳон анҷом ёфт. Ин парвоз 94 соату 1 дақиқа идома кард ва бо истифода аз ҳавопаймои бомбаборони амрикоии Boeing B-50 Superfortress Lucky Lady II сурат гирифт. Давоми парвоз ҳавопаймо 4 маротиба бо сӯзишворӣ пур карда шуд ва масофаи 37 740 км (23 452 мил)-ро тай кард.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи таъсиси дастаҳои ихтиёрии посдорони тартибот (дар кишварҳои ИДМ) таҷлил мешавад.
Соли 1959 бо қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони СССР Рӯзи таъсиси дастаҳои ихтиёрии посдорони тартибот расман қабул карда шуд. Аввалин чунин гурӯҳҳо дар Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) таъсис ёфта, сипас ба дигар шаҳрҳо паҳн гардиданд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 2 МАРТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона -4+1º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 6+11º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18º сард, рӯзона 3-8º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, танҳо дар охири рӯз борони суст меборад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 9+11º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 15+17º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 2+4º гарм.
КМИР интихоботи парлумонии Тоҷикистонро баргузоршуда эълон кард
Посух ба саволҳои маъмул дар бораи таваққуфгоҳҳои муздноки худкор
Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тавсия доданд, ки нархи истифодаи оби полезиро баланд бардоранд
Аз Душанбе то Маскав: таваққуфгоҳҳо барои мошин дар кишварҳои гуногун чӣ гуна кор мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 марти соли 2025
Нуқтаи обтақсимкунии “Головной”. Тоҷикистону Қирғизистон онро чӣ гуна тақсим карданд?
“Рӯйхати сиёҳ”-и ВКД-и Русия чист ва барои аз он берун кардани ном чӣ бояд кард?
Қитъаи роҳе, ки Қирғизистон аз Тоҷикистон ба иҷора гирифта буд, мақоми бетараф мегирад
Қурби рубл боло меравад. Кадом омил боиси тақвияти қурби пули Русия гардид?
Дар Душанбе барои сохтмони метро мутахассис омода мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста